Дар бораи нишасти ахири Риёз бо ҳузури Трамп ва »дигарон» ҳоло бисёр хоҳанд навишт. Ҷонибдорони Саъудӣ онро як пирӯзии чашмгири роҳбарони ин кишвар дар масъалаи наздик кардани Амрико бо дигар кишварҳои исломӣ ва ташкили як НАТО-и исломӣ дониста, мухолифинашон ин нишастро ҷуз хориву сархамии мусалмонон, ба хусус роҳбарони сиёсиашон чизи дигаре нахоҳанд донист. Ҳар кас бо рафтан ба Риёз ҳадаферо думбол мекард ва мехост суде аз он бардорад. Раҳмон ҳам талош кард ҳади аксари фоидаро аз ин сафар бардорад, ки поинтар ба ин мавзӯъ бармегардем.
Аммо чунин ба назар мерасад, ки фоидаи аслиро Трамп ба даст овард. Имзо кардани созишнома барои фурӯши силоҳ ба Саъудӣ ба маблаги 350 миллиард доллар ва ҷалби сармояи ин кишвар ба иқтисоди Амрико ба маблағи 1 триллион кори андак нест. Трамп дар маъракаи интихоботиаш чанд назаре дар бораи кишварҳои арабӣ ва муносибатҳои Амрико бо онҳо дар сурати пирӯзиаш гуфта буд. Мисле ки у ба қавлаш содиқ аст ва айнан он кореро мекунад, ки ваъда дода буд. Ӯ гуфта буд: »кишварҳои халиҷ бидуни мо касе нестанд ва бояд барои ҳимояти мо пули хуб пардохт кунанд. Ман коре мекунам, ки онҳо ҳатман пардохт хоҳанд кард.»
Яке аз таҳлилгарони араб ахиран дар саҳифаи твитераш навишт, ки »Трамп дар як мулоқот тавонист бештар аз маблағеро пас бигирад, ки масеҳиён тӯли таърих ба мусалмонон »ҷизя» ( як намуди пардохт, ки ғайримусалмонҳо ба хотири ҳимояти онҳо ба байтулмол бояд биспоранд) дода буданд».
Бурди дигари Трамп дар нишон додани қудрати сиёсиаш болои кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс буд. Албатта, шоҳи Саъудӣ Салмон ҳам ба ҳампаймони амрикоияш таъсири худро болои дигар роҳбарони кишварҳои исломӣ ба намоиш гузошт. Дар як синфхона ҷамъ овардани бештар аз 50 амиру шоҳу раисиҷумҳуру сарвазири мусалмон барои шунидани »амри маъруфи» Трамп дар бораи ислом, мусалмони хубу бад ва гирифтани »вазифаи хонагӣ» барои марҳалаи оянда, ҷойгоҳ ва таъсири ин шоҳигариро байни ҳокимони кишварҳои мусалмонӣ нишон дод. Маҳз байни ҳокимон. Чун дар ҷаҳони ислом фосила байни ҳокимон ва мардуми оддӣ он қадар зиед аст, ки майлу хоҳиши як ҳокимро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон иродаи мардумаш донист. Аммо, ин мавзӯъи дигар аст.
Ҳоло баргардем ба он, ки роҳбарони Саъудӣ тавонистанд ин хама ҳокимонро, ки ҳар кадом дар кишвараш ба худ лақабҳои чандзинаӣ гирифтаанд, мисли » амиралмӯъминин», »пешво», »наҷотдиҳандаи уммат» ва ғайра, ҳамчун як шогирд ё ҳатто мурид дар паси парта биншонанд. Воқеъан, тарзи нишасти дигар роҳбарони кишварҳо ҳангоми суханронии Трамп синфхонаро мемонд. Болотарин шараф барои ин ҳама амиру роҳбару пешво наҳор хӯрдан дар як дастархон бо »пири муборизони ҷаҳон алайҳи терроризм» буд. Баъзеҳо, бо »чаққониву зиракии» фитриашон тавонистанд бо Трамп ҳатто даст бифшуранд ва селфи ҳам бигиранд, ки баъдан тарики пиарчиҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳамчун »мулоқоти пешво бо Трамп» дар расонаҳо нашр шуд. Албатта, бо иловаи ин ҷумла, ки »аз мӯҳтавои ин мулоқот маркази матбуотии президент тафсилоте нашр накардааст.» Як дастфишурии маъмулӣ дар даҳлез ё толори умумии нишаст (чуноне, ки аз ҳамаи аксҳои ин »мулоқотҳо» бармеояд) чӣ гуна мӯҳтаво метавонад дошта бошад? Ҷуз болопариданҳои як кӯдак ё навҷавон назди калонсолони маъруф, ки атрофи онхо медаваду мечархад, то дар видео ё акс бияфтад ва онро баъдан дар саҳифаи фейсбукиаш бигзорад ва муҳим будани худро ба дигарон исбот кунад.
Агар ба ин натиҷа бирасем, ки Трамп ва роҳбарони Саъудӣ фоидае барои худ аз ин нишаст гирифтанд, барои кишвари мо он чӣ натиҷаеи муҳиме дошт? Ақалан натичае дошт? Бисёре аз расонаҳо ва таҳлилгарони кишварҳои дигар, ки роҳбаронашон дар ин нишаст ширкат доштанд, онро барои худ бенатиҷа ва ҳатто, баъзехо таҳқиромез номиданд. Як қисме аз роҳбарон бо далелҳои гуногун дар он ширкат накарданд. Барои мо мушаххас нест, ки Атамбаев ва Бердимуҳаммедов чаро ширкат накарданд, шояд сабабе дошт. Аммо, расонаҳои туркӣ нарафтани Эрдуғонро
ба шаън ва ҷойгоҳи Туркия муносиб набудани формати нишаст
маънидод карданд, ки баёнгари вуҷуди номус ва шарафи давлатдориву миллӣ мебошад. Эҳтимол меравад Атамбоев ҳам бо ҳамин далел нарафта бошад. Бо вуҷуди кишвари хурд будан ва вобастагии зиёди иқтисодиву сиёсиву амниятӣ аз дигарон, ин сиёсатмадор аз худ як роҳбари мустақил ва воқеан миллатдӯстро ба намоиш гузоштааст. Як роҳбари аз тарафи мардумаш интихобшуда ва демократик ҳеҷ гоҳ назди дигарон тамаллуқ намекунад ва обрӯю шарафи миллаташ аз ҳама чиз болотар аст.
Илова бар он чӣ дар ҳошияи ин нишаст гузашт, ягона фоидаи Тоҷикистон аз ин нишаст метавонад ҳифзи робитаҳои хуб бо Арабистони Саъудӣ ҳамчун як кишвари муҳим ва бузурги исломӣ бошад. Ба хусус дар шароите, ки ин кившар ба маблағгузор ва пуштибони ҳамаи диктотурҳои олами ислом табдил шудааст. Аммо суоли асоси ин аст, ки шарики доимӣ ва сердаъвои Раҳмон, яъне Русия чӣ бардоште аз ин нишаст хоҳад кард ва он ба муносибатҳои ду кишвар чӣ таъсир мерасонад? Вақт нишон медиҳад.