Як корманди собиқи милиса, ки ба аз худ кардани 3,5 миллион доллар пули мардум бо роҳи қаллобӣ айбдор мешавад, ба осонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, дар вилояти Липетск паноҳ бурдааст.
Сафаралӣ Мамадович Сафаров, соли таваллудаш 1987, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз соли 2012 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан калон дар ҷустуҷӯ қарор дорад, як сол пеш бо ҳамин ном ба осонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст.
Идораи муҳоҷирати ноҳияи Грязини вилояти Липетск бо имзои раиси ин идора Валентина Фаустова ба ин зодаи Тоҷикистон бо вуҷуди таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанаш, шиносномаи Русияро додааст. Рақами шиносномаи Сафаров 42 15 997455 ва кодаш 480-007 мебошад.
Сафаралӣ Сафаров дар Липетск ҳамроҳи ҳамсари 26-солааш Фарзона Шоева ва бародараш Фирдавс худро дар хонаи зане бо номи Татяна Қодирҷоновна Мирзораҳимова сабти ном кардаанд ва бизнеси худро сар кардаву савори мошини люкси рақами давлатиаш М462КР48RUS дар кӯчаҳои Липетск мегардад.
Зоҳиран ин одам намунаи як тоҷики муваффақест, ки тавонистааст ҷои худ ва эътибору мартабаеро дар Русия пайдо кунад. Аммо…
Дар соли 2012 вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки вазири дохила Рамазон Раҳимзода нозири шӯъбаи пешгирии қонуншиканиҳо дар байни ноболиғони ин вазорат лейтенанти калон Сафаралӣ Маҳмадовичро барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ ва қаллобӣ аз мақом барканор кардааст.
Ба дунбол, дар сомонаи расмии вазорат исми Сафаралӣ Сафаров бо ин эълон дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ гузошта шуд: «Сафаров Сафарали Мамадович соли таваллудаш 1987, зодаи ноҳияи Рудакӣ, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Гипрозем, х. 11, ҳ.33. Барои содир кардани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 4 КҶ ҶТ даркофтуков қарор дорад. Парвандаи кофтуковии №1811 аз 01 марти соли 2013. Ташаббускор ШВКД-1 дар ноҳияи Рудакӣ.
5 сол пеш дар шабакахои ичтимои хабар дода буданд, ки корманди собиқи вазорати дохила Сафаралӣ Сафаров ба он айбдор мешавад, ки бо роҳи қаллобӣ 3,5 миллион доллари мардумро ба ҷайби худ задааст. Бино ба ин манбаъ, Сафаралӣ Сафаров, ки аксар ӯро бо номи Сафар мешинохтанд, худро аз наздикони писари раҳбари ширкати бузурги бензинфурӯшӣ «УМЕД88» Одинаев Раҷабалӣ Ғаффорович муаррифӣ карда, аз мардум бо ваъдаи бо нархи арзон гирифта додани бензин пул мегирифт. Дар оғоз ӯ ҳоҷати мардумро бароварда мекард ва бо ҳамин ба боварии онҳо даромад. Инчунин у бевосита бо ширкати Умед-88 доду гирифтхо дошт ки хатто бо яке аз кормандзанони ин ширкат муносиботи махрамона дошт ва хатто яке аз НФС-и ин ширкатро ихтиёрдори менамуд. (НФС Умед-88 дар ру ба руи РБДА)
Ҳанӯз дар соли 2012 гуфта мешуд, ки падари Сафаралӣ Сафаров дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон кор мекунад ва шаҳрвандии Русияро дорад ва ғолибан тавассути ӯ писараш низ ҳаққи иқомат дар Русияро ба даст оварда, ба онҷо фирор кардааст.
Яке аз ҷабрдидаҳо гуфт, ки Сафаралӣ Сафаров бидуни кӯмак наметавонист аз ҷавобгарӣ фирор кунад: «Барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия як даста ҳуҷҷат лозим аст, аз ҷумла санад дар бораи надоштани доғи судӣ. Одаме ки 5 сол боз дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, чӣ гуна тавонистааст як сол пеш чунин санад дар бораи доғи судӣ надоштанаш ,ё дар кофтукови байналмиллали карор надоштанашро бигирад ва бар асоси он шаҳрванди Русия шавад? Ҳатман ба вай кумак кардааст касе.”
Русия тибқи Қонуни асосиаш, шаҳрвандони худро ба ягон кишвар намесупорад. Вале яке аз ҷабрдидаҳо мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон метавонанд ба лағви шаҳрвандии Русияи Сафаралӣ Сафаров ноил шаванд ва ӯро барои ба ҷавобгарӣ кашондан ба Душанбе биоранд: «Ӯ ҳангоми гирифтани шаҳрвандии Русия маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардааст, ки доғи судӣ надорад ва ё дар кофтукови байналмиллали карор надорад. Ин метавонад асос барои бекор кардани шаҳрвандии вай шавад.”
Дар солҳои охир мавридҳои баъди бо қаллобӣ ҷамъ овардани пули зиёди мардум дар Тоҷикистон ба Русия фирор кардани афроди чапдаст хеле зиёд шудааст.
Дар номаи доди соҳибкори тоҷик Таваралӣ Сайфуддинов навишта шуда буд, ки ӯро як зодаи Тоҷикистон бо номи Тоҳир Каримов ба маблағи 170 ҳазор доллар фиреб дода, низ ба Русия фирор кард. Вале азбаски Тоҳир Каримов шаҳрвандии Русияро дорад, мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ӯро аз Русия оварда ва ба ҷавобгарӣ кашида наметавонанд.
Сафаралӣ Сафаров дар моҳҳои аввали фирораш ба Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буд. Аз худаш акс мегузошту матнҳои барояш мақбулро лайк мезад.
Охирин лайки ӯ дар саҳифааш дар шабакаи Одноклассники зери ин матн аст:
Ба Масҷид омадӣ, зикри Худо кун,
Намоз бигзор, ду_даст бар дуо кун.
Забон аз ғайбати мардум нигаҳ дор,
Барои як_гуноҳ сад тавбаҳо кун.