Ақидаи ман ҳамин аст!
Аммо бигзоред, аввал посухатонро, ки мухотаби он калом нахуст ман ва онгоҳ ҳамаи хонандагони нигоштаи ман зери унвони «Тафаккури шоирона ва… давлатдорӣ» ва шарҳи навиштаи шумо мебошанд, мукаммал инҷо оварам, то битвонам посухе биёварам. Қисмати аввали посухи Шумо ба ман ин аст:
“Махди Собир: Исфандиёр ман чонибдори он хастам, ки шеърро болои миллат бор накунем. Бигзор шоир шеър нависад ва хонанда онро пайдо карда хонад ва бахо дихад. Дар мактабхои мо 11 сол бачахо забону адабиёт мехонад, аммо чи будани забони адабии точикро намедонад. Вакти он расидааст, бачахо ба илмхои даккик ру оранд. Хеч шоир на ГЭС сохтаасту на стансияи атоми, на мушаку на хавопаймо. Миллати мо эхтиёч ба шеъру шоир ва панду насихат надорад, зеро кллосиконамон доди суханро додаанду хамаи пахлухои зиндагиро ба назм кашидаанд. Дигар шоирони муосир чизеро дар он колаб гуфта хам наметавонанд.”
Барои ҷумлаи аввал: Магар ман дар ҷое аз он навишта гуфтаам, ки Шеърро иҷборан ба дӯши Миллат бор кунем? На, нагуфтаам. Ин қавли Шумост. Аммо посухи ман. Ин Миллат, агар мушаххасоте дар миёни милалу ақвоми дигар дорад, пас, муҳимтарин намоди ин мушаххасот ШЕЪР-и ӯст! Магар дар тамоми баромадҳои риҷоли сиёсии ҳукумати феълӣ дами ифтихор аз ин ШЕЪР ва ШОИР зада намешавад?
Гузашта аз ин, ин Миллат худ саросар ШОИР аст, пас бори дӯши он ба таври табиъӣ ШЕЪР аст!
Мубориза ба муқобили ШЕЪРУ ШОИР, мубориза ба муқобили ин Миллат аст ва баъд аз қонунан ба нобудӣ кашидани одоту расму русумаш, ки ҷузви Фарҳанги дурахшони пешини онанд ва мубориза ба мқобили либосаш, ки бахши дигари фарҳангу мушаххасоти ин Миллат аст, ҳеч шуморидани ШЕЪРУ ШОИР ва дар Саҳнаи Ҳаёти Давлатдорӣ беранг ҷилва додани он, нобуд кардани охирин нишону намоди Ифтихори ин Миллат хоҳад буд!
Бешак, ин як сиёсатест, ки тарафдорони он мехоҳанд Тоҷикро аз охирин арзиши маънавии худ ҷудо намоянд.
Ва аммо рисолати аввалияи ШЕЪРУ ШОИР-ро бароятон таъкид намоям, ки Мавҷудияти Миллат ва онгоҳ Сиёсати он бастагии тамом ба он дорад. Ин рисолат он аст, ки Шеър пеш аз ҳама ҳифзи Забони Модариро ба дӯш дорад. Агар Шеър намебуд, ин Миллат кайхо ба турку муғул мубаддал гашта буд. Ҳоло низ ягона унсуре ки моро аз бохтани ҳувиятамон боз медорад, ҳамин Шеър аст!
Ҷумлаи дуввуматон дуруст аст. Шеърро Шоир менависад ва хонанда худ онро пайдо карда мехонад! Аз ибтидо чунин буду ҳаст!
Ҷумлаи севуматон….
Вақте хонанда 11 сол забону адабиётро хондаву чи будани забону адабиёти Тоҷикро намедонад, пас, бунмояи ин сохтор, ки МАОРИФ ном дорад, фурӯ рехтааст. Яъне, ҳукуматдории феълӣ натавонистааст, ки шароитеро фароҳам оварад, то Забон, ки яке аз муҳимтарин рукнҳои Миллат будан аст, омӯхта шавад! Пас, дар ин ҳол Сиёсати Давлатдорӣ ҳеч будани худро ба намоиш гузоштааст! Магар мантиқи қавлатон ва посухи мантиқӣ ба он чунин нест?
Фикр намекунам, инҷо ҳам бигӯед, ки бо ҷурми ШОИР ва ШЕЪР хонандаи Тоҷик 11 сол мехонаду Забону Адабиёти худро наметавонад биомӯзад.
Барои ҷумлаи чоруматон… Вақте ЗАБОН-ро хонанда дар 11 сол наметавонистааст биомӯзад, чи гуна метавонад Улуми Дақиқ ва ҳар фанну ихтисоси дигареро биомӯзад? Магар бе омӯхтани Забон имкони омӯзиши ҳар фанне ва баёни он ва татбиқи он дар Ҳаёт вуҷуд дорад?
Ҳангоми мактабхониям, дар клоси мо ин шиор насб буд: “Агар табиатан Математик набошӣ, Шоир шуда наметавонӣ!”
Ин сухани кадом як аз риёзидонҳои машҳури Ғарб аст, ки номаш мутаассифона аз ёдам рафтааст.
Барои ҷумлаи панҷуматон, ки гуфтаед ҳеч Шоир ГЭС ва… насохтааст!
Магар ҳатмист, ки Шоир ГЭС-ро бисозад? Магар ГЭС-и Сухан, ки ҳазору яксаду андсол дилу чашму маӯзу тафаккуру андешаи ин Миллатро рушан нигоҳ дошт, ва ақвоми бемарзу буму беҳувиятро ҳам миллат карду соҳибзабону соҳибфарҳанг, камтар аз ГЭС-и сангтӯда ё Роғон аст?
Ва онгоҳ, кадом раиси ноҳия, кадом раиси вилоят, кадом раиси шаҳр, кадом вазири вазоратхонаҳо, кадом президент ва кадом хешу табораш ба танҳоӣ, аз пули меҳнати хеш ГЭС сохтаанд ва он ҳам дар Тоҷикистон?
Магар сохтани ГЭС кори як нафар аст ва бо пули як нафар мешавад? Оре, бо пули як нафар ҳам метавон ГЭС сохт, ва чунин пулдорҳо дар ҳукуматдории феълӣ кам нестанд. Аммо суол ин аст: Оё ин пулро аз падар мерос доштанд ва ё пулдор ба сари қудрат омада буданд? Ва чаро аз ин пул шахсан ГЭС насохтаанд ва бо мағзу дасти хеш?
Агар Шумо ё ман ё ҳар каси дигар милиардҳое ончунонро дошта будем, ва агар ҳисси Миллӣ медоштем ва агар!!! бо ШЕЪР-и Тоҷик тарбият ёфтаву ба воя расида будем, дар чунин шароите бо он ГЭС месохтем, корхонаи нав бунёд мекардем ва аз муҳоҷиру муздуру “Рафшану Чамшут” ном гирифтани Миллати худ пешгирӣ менамудем!
Онон, ки моро “Рафшану Чамшут” ном ниҳоданд ва онон, ки ба чунин масхара шудани Миллати мо мусоидат карданд, аз Шеъри мо хабар надоштанд ва илло медонистанд, ки РАВШАН-ӣ чисту Ҷамшед будан, чист?
На масхарагар аз Шеъри мо огоҳ асту на мусоидаткунанда ба ин масхарагиҳо!
Дар тамоми сохтмонҳо – аз замони Шӯравӣ то ҳол – чун ҳамаи мардум ҳиссаи Шоирону Шеър мавҷуд аст! Оре, Шоир ҳам шаҳрванд асту кор мекунаду андозсупоранда аст! Агар Шоиру Шеър муҳим набуд, чаро муроҷиати расмӣ садо дод, ки шоирону нависандагон барои нақби Истиқлолу Шаршару ГЭС-ҳо ин ҳама шеъру насру мақоларо бинависанд?
Он қадар аз гум шудани Шӯравӣ фосилаи зиёде надорем, асарҳои Муҳиддин Хоҷаевро ҳатман хондаед. Ин нависанда худ дар он сохтмонҳо мустақиман ширкат кардаву осори мондагори худро навиштааст! Пас, ӯ созандае қатори мардум будааст!
Ҷумлаи шашуми шумо то ҷое дуруст аст. Оре, Миллати мо ба насиҳат эҳтиёҷ надорад, гузаштагон хеле насиҳаташ кардаанд ва аммо гӯши насиҳатшунав надоштааст, ки чунин хору ҳақир боқӣ мондааст ва тан ба ин маҳдудаи кӯҳсор дода, даст аз мубориза кашида ва даъворо барои гирифтани сарзаминҳои хеш ба гӯшаи фаромӯшӣ, ба кунҷи тарс ниҳодааст!
Ман тарафдори насиҳати Шоир нестам, ки бигӯяд: “Хомӯшӣ – тилост” ё …
Аслан посухи ин ҷумлаи Шуморо ва тақрибан ҳамаи ҷумлаҳоятонро гӯйӣ дар ин шеър 22 сол қабл додаам, ки он дар китоби “Дар кӯчаҳои шаб”-и ман чоп шудааст:
ЭЪТИРОЗ
Авҷи тўфонам дар ин амвоҷи беохир,
Мавҷи исёнам, ки ногаҳ мешавад зоҳир.
Нест дар омоли ман будан ба ойини ғуломон,
Дар табори ман ғуломӣ раҳ надорад,
Ман ҳамеша бар сукуту бар саре, ки пеши золим мешавад хам, меситезам!
Ман агар гоҳе чу абри тирамоҳон ашк мерезам,
Аз сари исёну қаҳр аст!
Ашки ман сарчашмаи тўфону исёнҳост,
Ашки ман исёни сад баҳр аст!
Ман намехоҳам, ки инсон буданамро нобакоре бо ситам нодида гирад,
Ман намехоҳам шиори зиндагӣ дашноми
«Хомўшӣ — тило» бошад!
Ман намехоҳам шиорам ҳамчу бедардони тарсў
ҷои хушке ҷустану ҷустан макони бебало бошад!
Халқ аммо дар балоҳо мубтало бошад!
Ман худам исёну тўфонам, ки бар рағми сукуту бардагӣ аз модарам зодам,
Ман ба ҳар руде, ки бо ғавғо шавад ҷорӣ, ки ёбад роҳи уқёнусро шо бош мегўям!
Озарахш,
Аз диди ман танҳо ба ҳам бархўрдани абри баҳорон нест.
Селро
ман ҳеч гоҳ аз манзари офат намебинам.
Ин ҳама хашм асту шўридан ба фарқи вожаи зулм аст!
Зулми инсон бар табиат,
Зулми инсон бар худи инсон!
Ман намехоҳам чунин бошам!
Зиндагӣ,
Дар ман ба ҳам бархўрдани аҷсом дар қаъри замин бошад.
Зиндагӣ,
Дар ман хуруши осиёну кандани девори зиндонҳост!
Зиндагӣ,
Дар ман ҳамеша дар такопў будану ғавғост!
Ишқ,
Ҳатто ишқ дар ман чеҳраву ранги дигар дорад!
Ман аз ишқе, ки дар он Маҷнун биёбонро ба Лайлӣ медиҳад тарҷеҳ, безорам,
Лайлӣ бояд инқилоб ангезаду халқе ба по хезад!
Қайс бояд дар такопў бошаду шўре ба ҷони ишқ ангезад!
Ман чаро бояд ба теша хешро кўбам?
Ва чаро Хисрав, ки худхоҳ асту Ширинро ба фахри шоҳ будан
мерабояд, зинда монад?
Ман чаро бо тешаам ўро накўбам?
Ман ба ойини ғуломӣ ишқ варзидан намехоҳам!
Ишқ бояд авҷи исён бошаду амвоҷи тўфон!
Ман ба Шоир, ҳамчу як шахсе, ки аз ишқу муҳаббат бар ману мо
гуфтугў дорад, намебинам.
Пеши ман Шоир намоди риндиву ворастагист!
Ман ба Шоир, чун ба гурде, ки ҳамеша дар набард аст,
дида медўзам.
Шеъри шоир пеши ман тўфони Нуҳ аст,
Ки башарро метавонад аз дили исёнии худ бигзаронад
Ва Худоро ҷовидон дар зеҳни одамҳо нигаҳ дорад.
Пеши ман Шоир, на Унсурӣ,
Ҳамон Фирдавсии Тўсист!
Пеши ман шоир ҳамоно ҳазрати Ҳофиз,
Ҳамон Лоҳутӣ ҳасту ҳазрати Лоиқ!
Ман ғазалро аз радифу аз қавофӣ мекашам берун,
То ки мавҷи тунди эҳсосам дар он завлонаҳо маҳкум нагардад.
Ман ғазалро мустақиман аз худи зан,
аз худи гул,
аз худи борону ҳашру нашри сабза дар чаман гўям!
Ман ғазалро аз калимоти зане, ки дўсташ дорам ба меъоди дили
худ мекашонам!
Ҷангали сабзи санавбарҳо ҳама зебост!
Боғи шамшоди падар зебост!
Кўчае, ки сабз аз сарв аст, ҳама зебост!
Ман вале бар он санавбар ишқ меварзам, ки авҷи ифтихор аз ў
намудор аст,
Он санавбар, ки сари худро ҳамора мегирад боло,
То, ки аз авҷи ғурури худ ба дашти зиндагонӣ соя афшонад!
Коҷ ҳам бояд чунин бошад,
Сарв ҳам бояд чунин бошад,
Боғи шамшоди падар ҳам чун падар бояд чунин бошад!
Ман, ки сар боло буданро аз падар мерос дорам,
Аз падар омўхтам тўфонӣ буданро,
Аз падар дорам ба тан хуну ба дастам дашнаи мардонагиро!
Модари ман як зани бечора нест,
Модари ман як сару гардан зи кўҳи деҳи мо болост.
Модари ман чун ба ман,
Ҳар сол бар кўҳи баланди деҳаи мо ҷомае аз беқасаб бо риштаҳои
сабза медўзад!
Модари ман ҳеч гаҳ худро ҳақиру нотавон дидан намехоҳад,
Модари ман дўст медорад, ки нонашро тамоми бачаҳои деҳаи мо
хўрда бошанд,
Дўст медорад, ки бар поси намак бинад халоиқро!
Ман бадам меояд аз оромише, ки рўйи хомўшӣ макон дорад.
Нест дар хомўшӣ оромиш!
Мурдаҳо хомўшу ороманд.
Зинда бояд дар хурўшу дар тапиш бошад!
Зиндагӣ бояд хурўши рудҳои тундпаймои кўҳистон бошад, эй мардум!
Зиндагиро ҳукм бар хомўшӣ кардан — куштани мост!
Ман ба мардоне, ки сарро аз чакоди дор овезанд, менозам!
Сарбадарон яштҳои сад Авасторо сазоворанд,
Ва Худоро бо «Аналҳақ»-гўйии Мансур мехоҳам шиносам.
Дар суруди ман ба мардоне, ки хомўшӣ гузиданд, ифтихоре нест.
Дар суруди ман ба таслим ҳар ки сар бинҳод, матруд аст.
Шеъри ман аз панду андарзе, ки руҳи бандагӣ дорад,
Шеъри ман аз ҳарфи таслим,
Шеъри ман аз обҳои рокиду ором,
Шеъри ман аз вожаи хомўшӣ холист!
Ман чунинам,
Ман ҳаминам!
25-уми ноябри 1995
Ҷумлаи ҳафтуми шумо дар бораи дар қолаби классикон гуфтани андарз дуруст аст!
Ҳеч кас аз муосирон абарустод Рӯдакӣ ё Ҳаким Фирдавсӣ ё Шайх Аттор, Саноӣ, Мавлоно ва ё Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абулмаонӣ Бедил,.. Аллома Иқбол… устод Айнӣ ва ҳатто устод Лоиқ шуда наметавонад! Аммо ҳар Шоире худаш буда метавонад! Шарт нест, ки ҳатман бо пайравии Бедил шеър бигӯяд, бояд бо пайравии худаш, бо забони имрӯзаи худаш, бо калимоти имрӯзӣ ва аз мавзуоти имрӯзӣ шеър бигӯяд ва ҳатто андарз!
Шеъри шоир – агар ҳатто андарзҳои Абдулло Қодирӣ (Мумтоз) бошад, — муассиру созанда хоҳад буд, агар мо хонанда бошем! Аммо агар шароитеро сохта бошем, ки 11 сол хонанда забонро хондаву надонад, кадом олими соҳаи дақиқ, ҳамон хоҳем буд, ки падар 32 ҳазор сомонӣ медиҳад то писарашро кӯшанд ва модар дастури қатли писарашро медиҳад ва дуздиву нифоқу парокандагиву тарсӯӣ тамоми ҷомеаро фаро мегирад!
Паямбари Акрам(с) ҳаргиз Шоир набуданд! Аммо, дӯстдори Шеър буданд ва шеъри шоиронеро (шунидам), ки ислоҳ кардаанд ва дар ҷанге Шоирро дастур доданд, ки бо тири каломат ҷигари ононро (душманони динро) пора бикун!
Паямбар(с) Шоир набуданд вале қавли эшон дар руҳияи каломи Шоирон ҷорист!
Пораи дуввуми навиштаи Шумо зери нигоштаи ман ин аст:
“Махди Собир: Аммо миллати точик ба олимони хама гуна сохаи хаёт ниёз дорад. Агар мо мехохем миллатамон кадаме ба пеш гузорад танхо бояд он кадам дар доираи илм бошад.”
Оре, Миллати мо дар ҳамаи соҳаҳо ба олимони он соҳа ниёз дорад! Пешрафти мо танҳо дар доираи илм муяссар мегардад!
Магар ШОИР ва ШЕЪР-и мо хилофи инро таблиғ мекунад? Магар Шеъри мо аз чашмае ғайри Илм метаровад?
Олимоне, ки дорем, дар ҳамаи фунун, дар кадом ҳоланд? Оё Шумо рад мекунед, ки иддае аз беҳтарин олимони мо ба хотири дарёфти камтарин маош дар чанд мактаб соатҳои дарсӣ мегиранд ва… ончиро ки бояд дар шароити муносиб барои илму пешрафт анҷом диҳанд, ночор канор мегузоранд?
Ҳамин чанд рӯз пеш ба ҷои кормандони боздоштшудаи Агентии мубориза ба фасоди худ фасодзада бо чи маоше корманд талаб карданд?
Пораи севуми посухатон ин аст:
“Махди Собир: Ба кариби 25 солагии Истиклолиятамонро ботантана пешвоз мегирем бигуед, ки мо чанд шоири сиёсатмадор дорем? Ва онхо дар пешрафти давлатдориамон чи сахме дорнд? Ман харчанд чустам чунин шоирро пайдо накардам.Шояд Шумо азизон чунин шоирро медонетон…”
Иҷоза диҳед, аз Шумо суол кунам: Дар ҳукуматдории феълӣ оё имконияти ворид шудани шаҳрвандонро ба сиёсати давлатдорӣ додаанд? Кадом шоир ба арсаи сиёсат роҳ дода шуд, ки бигӯем номуваффақ буд ва канор зада шуд?
Магар Шумо чанд шоири сиёсатмадор доштани моро намедонед?
Магар устоди тавонои Ҳамоса Муъмин Қаноат аз кадом сиёсатмадори медонистаи Шумо кам аст? Агар ӯ сиёсатмадор нест, чаро дар ҳукумати Путинии Русия ба Қаноат арҷгузорӣ мешавад ва… ифтихорӣ ҳам бошад, мушовир шумурда мешавад? Магар шеъри Қаноат худ саросар аз мақулаи сиёсату Давлатдорӣ нест?
Аз устод Қаноат бигзарем, магар номи яке аз поягузорони Ҳукумати феълӣ, балки яке аз мағзҳои аслии ҳукумати феълӣ, таъсисгари аслии ҲХДТ Абдумаҷид Достиевро боре шунидаед? Агар “ҳа”, пас, Достиев ШОИР аст!
Намегӯям дар кадом поя Шоир ва Шеъраш чи арзише дорад, аммо Достиев Шоир аст ва Достиев Шоире чун устод Лоиқро дубора ба Пойтахт, аз ҳалқаи бадбинону одамкушону роҳзанону Миллатбадбинон кашида овард! Ва Достиев шоире чун Салими Хатлониро дар корҳои Сафорат ба хидмат гирифт!
Магар Шоир дар шахси Достиев Давлатсоз, Сиёсатмадор нест?
Агар Шоир ва Шеър дигар барои Миллати мо лозим нест, агар Шоир дар сохтмони ҳукумати феълӣ ва давлатдорие, ки манзури назари Шумост, саҳим нест, пас чаро ҳатмист, ки Милат ва Давлат “Гимн – Суруди Миллӣ”-и худро дошта бошанд?
Магар Гулназар — Шоири зиндаи имрӯз ва соҳиби яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ – Гимн – нест?
Инак, дар “пешрафти давлатдориямон” пеш аз ҳама хидмати Шоироне чун абарустод Лоиқ, Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Гулназар… дар қатори ҳамаи мардуми Кишвар саҳиманд!
Чи гуна?
На Қаҳҳор Маҳкамов, на Набиев, на Эмомалӣ Раҳмон, на кадом як роҳбари дигар, балки барои бедории шуъури мардум ҷиҳати расидан ба давлатӣ шудани Забони Миллати Тоҷик, Ҳувияти Миллӣ, муҳимтар аз ҳама, расидан ба Истиқлоли Давлатӣ, ки дар худ ҳамаи арзишҳоро фаро мегирад, пеш аз ҳама нақши Шоирон – устодон Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дар ҳаводории онон садҳо шоири дигар, рӯзномнигорон, олимони иқтисод, забоншиносон… дида мешавад!
Миллат бо гӯш кардани сухани онон, бо хондани ашъори онон ба Истиқлол расид!
Дуруст, баъдан ба хотири даъвои Истиқлолият, ба хотири Забони Тоҷик гуфтан, ба хотири Миллат гуфтан ва ба бедорӣ даъват кардану муваффақ шудан, ин афродро зери борони маломату дашному таҳқиру таҳдид қарор додем! Гуфтем чаро Сталинро бад гуфт, чаро Истиқлол гуфт, чаро… ?
Истиқлоле, ки имрӯз дами ифтихор аз он зада мешавад, кори мағзи ин Мардони Сухан буд! Забоне, ки имрӯз дам аз тафохури он зада мешавад, натиҷаи талошу муборизаи ин Мардон буд!
Бигзарем. Агар Шеъру Шоир дигар зарур нест, пас чаро пайваста дар васфи ину он маҷмуаи шеър тартиб медиҳанду чоп мекунанд?
Агар шеъру шоир муҳим нест, чаро президент дар сафарҳои худ бе Бозор Собир (акнун), бе устод Қаноат (иҷборан), бе Гулназар, бе Фарзона… бе… намеравад?
***
Ончи Шумо навиштед, гузоридани садди азиме рӯйи роҳи қаламкашони ҷавон буд! Чун дар Маркази муҳиме кор мекунед, посухатонро ҷиддӣ гирифтам ва илло сукут мекардам. Фикр кунед, онҳо акнун медонанд, ки барояшон ҷое дар чунин сохтор вуҷуд надорад!
Назари ман ин аст, ки ШОИР ВА ШЕЪР ДАВЛАТСОЗ буду ҳасту мемонад!
Уруппо, барои он, ки Уруппои имрӯзӣ шавад, ба омӯзиши осори адабӣ оғоз кард. Шумо метавонед силсилаи асарҳои даврони Эҳёро бихонед ва худ ба ин натиҷа бирасед!
Оре, Шоир ва Шеър нақши азиме дар бақои Давлат, Миллат ва арзишҳои он дошту дорад ва то даме, ки Каломи Шоир шунидаву ба кор гирифта нашавад, таҳаввулоте, пешрафте ҳосил намешавад!
Бе мисол инҷо низ ҳарфамро намегӯям.
“Ҷаҳони Андеша”, ки бо роҳбарии Комил Бекзода, теъдоде олимони ҷавонро гирди ҳам овард ва шӯре дар миёни халоиқ афканд, кори мағзи ШОИР буд!
Ман ҳоло аз навоқиси гуфтору навиштори ҳайати ин Маҳфил ҳарф намезанам, чун эроду эътирозҳои худро ба онон расман навиштаву чоп кардаам ва посухҳое низ дарёфтаам. Ҳоло ҳам таъкид мекунам, ки иштибоҳи афкори он Маҳфил дар назарияи онҳо ба Дин буд.
Иштибоҳи аслӣ, дар шеваи баёни онон буд!
Аммо агар ин иштибоҳро сарфи назар намоем (агарчи онро намешавад сарфи назар кард, зеро Дин унсури ҳаётии мардум ба шумор меравад!), Барномаи пешниҳодкардаи ин гуруҳ, аз бисёр нукот ба манфиати Миллат аст ва онро… ба кор ҳам гирифтаву амал мекунанд! Аммо на нукоти аслӣ, балки нукотеро, ки бо нафъи ҳукуматдорон аст!
Инак, Комил Бекзода ҳам шоир аст, профессор Бобоёров, ки беҳтарин мақолаҳои таҳлилиро ҳамакнун аз авзоъ менависад, Шоир аст!
Ман аз хонандаи ин навишта мехоҳам, ки ин бахшро мавриди баҳс қарор надиҳад, чун ин мавзуъи дигар аст ва ман онро ба хотири Посух овардаам!
Хуллас, Миллати мо пешрафт мекунад, ба шарти он, ки Шоҳномаро ҳамчун афсона нахонад, балки аз он масоилеро берун овардаву ба кор бигирад, ки Созандагӣ дар он нуҳуфта бошад.
Ва ҳамин тавр, осори устод Муъмин Қаноат, ашъори устод Лоиқ барои Давлатдорӣ ва истеҳкому пешрафти он маҳаканд!
Намехоҳам инҷо аз мусоҳибаи шоири ҳамзабон Маҳдии Ҷомӣ ёд кунам, ки дӯстон бархе қисматҳои онро гузоштаанд. Худ метавонед онро пайдо кардаву бихонед.
Андешаи ман ҳамин буд, ки гуфтам.
Исфандиёри Назар