Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сулҳу Ваҳдати миллӣ аз нигоҳи як ҷавон

$
0
0

Сулҳу осоиштаги беҳтарин неъматест, ки дар заминаи он кишварҳо ва миллатҳо рушд кардаанд. Ҳамзамон ҷангу хунрезиҳо баръакс заҳматҳои тӯлонии миллатҳоро барбод дода харобиҳо овардаанд.
Миллати тоҷик дар таърихи начандон дур аз ин ду марҳила убур кард ва Худоро шукр, ки ҳоло дар ватани азизи мо ҷанги мусаллаҳона вуҷуд надорад.
Санаи 27-уми июн ҳамчун гиромидошти рӯзи созишномаи сулҳ миёни «тоҷикон» ҷашн гирифта мешавад ва Худоро шукр, банда ба ҳайси як ҷавон ва дар ин радиф миллионҳои дигар, он ҷангу сулҳи нангинро бо чашми сар надидаем.
Мушоҳида мешавад, ки бо наздик шудани ин санаи барои тоҷикон муборак, ҳарду ҷониби ҷангу сулҳ мехоҳанд ҷанбаҳои мусбии он ҳаводисро ба худ рабт дода, чизеро назди мардум исбот кунанд ва дар баробари ин дар ҳолатҳои лозима аз хотираҳои манфури ҷанг ёдовар шуда, мардуми мазлумро таҳдид ҳам мекунанд.
Ҳамагон бо шумули насли имрӯз аз ин бархӯрдҳо хаста шудаанд. Барои ваҳдати воқеъӣ мебояд он ҷангро ҳамроҳ бо сулҳаш фаромӯш кард, то хотираҳо тоза шаванду наслҳои имрӯзу оянда аз шарри маҳалгароӣ ва кинатузӣ эмин бимонанд. Моро мебояд коре кунем, ки тоҷикон тавонанд ҳамдигарро самимона оғӯш гиранд ва паҳлӯи ҳам миллату давлатамонро рушд диҳанд.
Барои расидан ба ин орзӯи нек, яке аз монеъаҳо зикр кардани ҳамин сулҳро мебинам, ки бо зикр кардани он баръакс сиёҳ карданҳо ва бедор кардани захмҳои дерин шурӯъ мешавад. Ба хотири сулҳ ҷанги анҷомшударо миллат бахшид ва мардум барои ояндаи беҳтар дардҳоро дар дил ниҳон карданд. Бадбахтона бо сулҳ маҳз касоне меболанд, ки дар ҷанг даст доштаанд ва аз ин амалашон камтарин хиҷолатро ҳам намекашанд.
Ба ҳайси як ҷавони тоҷик ба дастандаркорони ҷангу сулҳ гуфтаниам: ҳоло давлати мо бадтарин нишондодҳоро дорост ва аксарияти мардум ҳам дар ҳолати начандон хуб қарор дорад. Дигар муҳим нест, ки чӣ касе ҷанг карда ва чӣ касе сулҳ бастааст ва мардум дар аз имрӯзу ояндаи худ меандешанд. Ҳарчи буд ҳисобаш назди Худои одил боқист ва моро мебояд дар фикри оянда бошем, ки чунин амалҳои нангин такрор нашаванд.
Новобаста аз маҳалу нажод, мо ҷавонон доштем дар рӯҳияи дӯстиву якпорчагӣ рӯз ба сар мебурдем. Касе миёни ҳамдигар бо лақабҳои Хуҷандӣ, Кӯлобӣ, Бадахшонӣ ё ҳизбиву ҳукуматӣ ҷудо намекард. Ҳама дар ғаму шодии ҳамдигар шарик буданд ва ҳастанд! Аммо гурӯҳи хурди манфиатҷӯ барои доими дар қудрат боқӣ мондан, бори дигар мардумро ба худиву бегона, ҳизбиву ҳукуматӣ ва хоину ватандуст ҷудо карда худ ҳукмронӣ мекунад. Шӯрбахтона, мехоҳанд бемории худро ба ҷавонон ҳам сироят кунонанд ва онҳоро таҳрик медиҳанд, ки ба сару девори падару модарони бародарону ҳамватанони худ тухму сангпартоӣ кунанд.
Миллати азиз ва ҳамватанони гиромиям! Барои ояндаи миллат ва фарзандон, иштибоҳҳои таърихиро такрор накунед ва мо бояд шароит фароҳам орем, то наслҳои имрӯзу оянда паҳлӯи ҳам дар фазои бародариву ватандӯстӣ, баҳри рушди Тоҷикистон рӯз ба сар баранд…

Муҳаммад Тиллозода


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>