Абдуқодири Абдуқаҳҳор, журналист ва мудири собиқи телевизиони “Пойтахт”, аз раванди хеле зуд “олим” ва “академик” шудани мансабдорон интиқод карда, гуфт: “бисёре аз донишмандони хуби мо солҳост дар орзуву навбати ҳимояанду аз камбудии иқтисодию бисёр дигар сабабҳо ин имконро надоранд.”
Ин журналисти тоҷик имрӯз, 17-уми июли 2017, дар сафҳаи фейсбукии худ бо интишори матлабе зери унвони «Уламои фейкӣ» гуфт: “Ман ба инсонҳои хокие, ки номзаду доктор шудаанд, камтар эрод дорам, вале вазъ миёни олим-мақомдорону олим-сарватмандон боиси нигаронист.”
Ӯ афзуд: “Мусаллам аст қисмате аз онҳо то ба кор даъват шудан унвонҳои илмӣ доштанду ҳамчун дошишманду олим эътироф гардидаанд, вале афроде, ки баъди ба мансаб расидан хеле зуд «олим» мешаванд гумонҳоро ба миён меорад.”
“Гузашта аз ин «олим» мешаванду касе на мақолаву пажуҳишашонро хондаву боре ҳам дар баҳсҳои илмӣ ширкат наварзидаанд. Пас маълум мешавад, ки онҳо рисола неву мақомашонро мехоҳанд «ҳимоя» кунанд.”- қайд кард ӯ.
Ҷаноби Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз вазъи фасоди идорӣ дар ниҳодҳои таълимӣ ва пажуҳишӣ ба шиддат интиқод карда, бо таассуф гуфт: “Мо ҳамагон шоҳидем, ки бисёре аз донишмандони хуби мо солҳост дар орзуву навбати ҳимояанду аз камбудии иқтисодию бисёр дигар сабабҳо ин имконро надоранд.”
Вай идома дод: “Эҳтимоли қавист, ки мақомдорон ва ё мансабдорон зимни ҳимоя аз вазифа сӯстифода мекунанд. Ба чунин амалҳои номатлуб, ҳамдастию мусоидат ва ё бетарафию сустиродагӣ намудани устодон низ илмро беэътибор намуда, обрӯшонро намеафзояд.”
Абдуқодири Абдуқаҳҳор бо ишора ба интиқоди Д. Медведев аз зиёд шудани “академикҳо” дар Тоҷикистон ва интиқод аз ҳукумати Тоҷикистон барои адами вокуниш ба ин интиқод, гуфт: “Аксаран бохабаранд, ки оғози сол нахуствазири Руссия Дмитрий Медведев ҷиҳати мақоми аввалро гирифтани Тоҷикистон дар ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ бо тамасхур изҳори назар ва аз ВАК бо эҳтиёт интиқод ва намуда, ҳушдорашон дод. Мутаасифона дар Тоҷикистон чи Ҳукумат ва чи мақомоти марбута вокунише нишон надоданд.”
Мудири собиқи телевизиони “Пойтахт” гуфт: “Ёдрас менамоем, ки зимни ҳимояи рисола ба ҳисоби миёна 7-10 ҳазор доллар аз Душанбе то Масков масраф мешавад. Мавзуъҳои ҳимояшаванда низ, ки аз нигоҳи ман бархеашон мазмуни як мақолаи таҳлилие беш нестанду ҳимоябоб наянд, бояд таҷдиди назар шаванд. Андешаҳои фавқ комилан андешаҳои шахсии ман аст.”
↧
Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар бораи уламои фейкӣ
↧