Тоҷик миллати ҷасуру куҳанбунёде аст, ки замоне дунёро дар тасарруфи хеш дошт ва миллате, ки башарият такрори нобиғагонашро то ҳол надидааст. Ҳатто Паёмбари Ислом (с.а.с) илмпарварӣ ва маданияти ин қавмро васф кардааст.
Шояд барои баъзеҳо он чӣ боло зикр шуд танҳо ҳусни калом асту ҳикояи хаёлӣ. Далелаш ҳам таъсири омилҳои манфист, ки миллат аз сар мегузаронад ва ин пардаҳои сиёҳ аст, ки намегузорад ин мардум ба он рӯшноӣ бовар кунад. Агар қишре ҳам бовар карду бар он умед баст, пӯшидани ҷомаи амалашро муҳол медонанд, ки банда ҳам аз ҷумлаи ононам.
Баъд аз авсофи боло ба худ андешидам, ки агар мо воқеъан чунин қавми бузургем, пас чаро имрӯзҳо касе миллатамро бо донишу донишмандон намешиносад? Дар замони бузургвороне чун Ибни Сино ва Фирдавсӣ гирд овардани илм ва таълиму тадрис дар қиёс ба имрӯз мушкилтар буд. Бо вуҷуди он, ин миллат тавонист фарзонаҳоеро ба камол расонад, ки то ба имрӯз мо аз онҳо фахр мекунем. Дар баҳси ин мавзӯъ дар яке аз доираҳои ирфонӣ, аҳли андешае ишора кард, ки он замон илму олими ҳақиқӣ қадр дошта, назди мардум эҳтироми хос доштанд.
Албатта на ҳама ба ном донишманд, ки имрӯзҳо бар ивази чаҳор сикка ин унвонро соҳиб мешаванд ва имрӯзҳо шоҳиди онем, ки аксари аъзои Академияи улум ҳам мансабдорони давлатиянд.
Олимон ва посдорони илму ирфон имрӯзҳо дар хидмати чунин мансабдорон қарор гирифтаанд, ки аз гаронии бори зиндагӣ ва мушкилоти рӯзгор, бо хуни дил ва заҳмати бекарон китоб ё кори илмӣ тартиб дода, зери он исми яке аз ғосибони даврро менависанд.
Ҷумла ҷаҳон аҳли илмро аз оғози суханаш мешиносанд вале оё раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми дигар мансабдороне, ки аз номашон китобҳои фаровон нашр мешавад, метавонанд бидуни коғаз як суханронии пурмӯҳтаво ва дардхӯр кунанд?
Аз инҷост, ки илму олим қимматаш коставу сад олим эҳтироми як посбон ё хазонадорро надорад. Ҳар чизе, ки ба савдо гузошта шуд беарзиш гашт ва дар итоати зар даромад.
Мо ҳамеша аз ғуруру ҳуввияти миллӣ ҳарф мезанем ва аз худ посдорони арзишҳои миллӣ ба намоиш мегузорем вале асли миллатдӯстӣ ва ғурури миллиро пай набурдаем ё наздамон арзиш надорад. Дар кишвар аз ҳама бештар доктори илмҳо ва академикҳо дорем, ки рӯз аз рӯз сафашон бештар мегардад, вале миллати тоҷикро бо Равшану Ҷамшуд мешиносанд, на бо илму дониш.
Ахиран ин лақаби барои ҳар ватандӯст манфурро ба як «бренд» табдил дода, бар тани белу каланд барчасп карданд.
Чаро мо ин ҳама академику донишманд дорем, вале тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ Равшану Ҷамшуд муъарифӣ мекунанд?
Чунон аз калимаи «миллат ва миллӣ» зиёд истифода мекунем, ки агар кас надонад фикр мекунад, ки воқеъан барои мо ва давлатдоронамон миллат ва манофеъаш аз ҳама боло меистад.
Сад афсӯс, ки чунин нест, миллатдӯстӣ ва ғурури миллии моро ҳамон белу каланд муаррифӣ мекунад, ки бар танаш Равшану Ҷамшуд барчасп шудааст.
Ҳоло баъзеҳо ба маломат кардани соҳибкори рус ё давлати Русия оғоз мекунанд, ки ба мо эҳтиром қоил нестанд. Ҳамватанони азизам аз мост, ки бар мост! Мо дар ватани хеш қиммат надорем ва назди ҳокимони мо арзиши зар аз ватану миллат болост. Зиёда аз ду миллион муҳоҷир дорем, ки дар хориҷ аз кишвар на ҳуқуқ доранд, на пуштибон. Барои ояндаи фарзандонашон заҳмат мекашанд вале шаш моҳи таҳсили фарзандон дар «маршировка» ва омодагӣ барои рақс назди ҳукуматдорон ё раисҷумҳур мегузарад. Як қисми дигараш бо ҷалб шудан ба корҳои ҷамъиятӣ сипарӣ мешавад. Бечора муҳоҷири тоҷик бо қиммати ҷон ва саломатӣ маблағ ба даст меорад, то ояндаи фарзандонаш тобон бошаду ба монанди Ибни Сино ва Фирдавсии бузург номбардорони миллату ватан гарданд.
Муҳоҷир аз куҷо донад, ки ними умри фарзандаш бо рақсу бозӣ мегузарад ва ними маблағи фиристодааш ба ҷайби «ватандӯстон» — и ришвахӯр меравад.
Чаро ҳоли мо чунин аст?
Даъвогарони миллатдӯстиву ватанпарастӣ ҳушу ёду ғамхорияшон берунтар аз як қабила ва ё макони ба воя расидаашон нест.
Барои давлатмардони мо аз дилхоҳ олиму кордони дурдаст, як ҳамдиёри бетаҷрибаву камдониши содиқ ба роҳбар авлотар аст.
Фарзанди тоҷик бовар ба ин надорад, ки падари бемансаб дошта бошад ҳам, бо донишу заковати худ муваффақ мешавад ва метавонад зинаҳои баланди илму донишу касбиятро тай намояд.
Ҳатто соҳибкори тоҷик, ки ядрои даромади буҷаи кишвар ба ҳисоб меравад, мутмаин нест, ки баъди як кам вусъати тиҷораташ тиҷораташро кашида намегиранд. Соҳибкор барои устувории тиҷорати калон ҳамеша “криша” мекобад. Кӯшиш мекунад худро ба бағали ягон мансабдори наздик ба авлоди шахси аввали кишвар андозад.
Пас оё мардуме, ки дар ҳамин ҳол умр ба сар мебаранд, метавонанд миллат шаванд? Оё метавон дар ингуна шароит аз қабиласолорӣ ру ба касбияту шоистасолорӣ овард?
Охир ҳама мардум наметавонанд барои соҳиби касбу кор шудан ба Данғара куч банданд.
Ҳама соҳибкор наметавонад аз наздикони шахси аввали кишвар “криша” пайдо кунад. Ё худ ин ҳам шуданӣ нест, ки ҳар ки бихоҳад академик шавад, бояд ягон вазорат ё кумитаро сараввал зери тасарруфи худ дарорад.
Инаст, ки дар кишвари мо дари тамоми мувафақиятҳо баста аст. Аз муаллими мактабу устоди донишгоҳ то ба муҳандису риёзидонҳои мо аз кишвар куч мебанданд. Аксарияти онҳо дар диёри бегона барои дарёфти қути лоямут даст ба кучарубиву сохтмон ва дигар корҳои сангину паст мезананд. Инаст ки дар мо илму дониш қадр надорад. То ба ҳол мақоли халқӣ “хондагиҳо чӣ шуданд, ки мо шавем?” дар байни мардум ҳукмфармост. То ин андешаи ғалат аз байн наравад мо ҳамоно “Равшану Ҷамшуд” боқӣ мемонем. Касоне ҳам, ки масъулияти ин кишвару миллат ба души онҳост агар имрӯз ин хатоҳоро ислоҳ накунанд, фардо дер мешавад ва номашон дар таърих бо бадтарин номҳо сабт хоҳад шуд.
Муртазои Мирзо