Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Прогресс ё примитивизм…

$
0
0

Имрӯз ҳарфҳои кучаро аз забони давлатмардони ин сарзамин мешунавӣ, ки ‘имрӯз мардум дар дигар саёраҳо ва мо…’ Воқеан фаросате надоранд бубинанд, ки асли масъала куҷост ва чаро аз мардуме, ки худ то ба сатҳи равшаниву ҷумшуди расонидаанд ин сиёсатмаргон кашфиёти илмӣ ва фарҳанги баланд талаб доранд.

Дар ватани прогресс ва рушангароӣ ҳанӯз солҳои сиюм асри гузашта масъалаи иҷро нашудани тарҳи рушангароӣ ва таноқузи рушангароиро ба миён гузошта буданд, ки чаро ин прогресс ба ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ ба буҳрони ҳуввият ва пайдоиши давлатҳои тоталитарӣ расонид. Аслан он чи дар Туркиё, Ирон ва баъзе мамлакатҳо бар ришу рӯсарии мардум часпиданд то ‘прогрессро’ ба вуҷуд биёранд таъсири ҳамин идеолoгия буд. Дар асри 21 вақте инсон воқеан имкони сохтани фазои солими зиндагиро новобаста ба хурофотҳои идеологӣ дорад ба ришу либоси мардум часпидан ва дар бораи “прогрес” ҳарф задан ин аблаҳист…

Ҳама медонанд ва шумо ҳам медонед, ки дар ин мамлакат мушкилии ришу сатр нест, ин ҷо мушкилии мудирият, роҳбари, набудани ҳукумронии қонун ва нашинохтани сиёсат аст. Ин ҷо мушкилӣ — фасоди шохдор, надоштани масъулият ва дур будани мансабдорон аз воқеияти Тоҷикистон ва ҷаҳон аст. Мушкилӣ – бефарҳангӣ ва дур будан аз илм дониш аст.

Ин ҷо баҳсу ҷадал ва гуфтугӯ на сари илм, дониш ва кашфиёт, балки баҳс сари унвонгирӣ ва саршумори академикҳост. Ин воқеан мушкилист. Ин мушкилист, ки академикҳои ин сарзамин заррае сифати ҳаёти мардумро дигар кардан наметавонанд. Ин ҷо мушкили дар надоштани ҷуръат ва мардист, ки ин ҳар ду барои давлат гӯё хатар доранд.

Воқеан, ҷои шарм аст, ки мардуми худро бо картошкаву пиёз таъмин кардан наметавонанд. Ва ин ҳам мушкилист. Бештари мардуми Тоҷикистон имкони гушту мева харидан надоранд. Куҷо илм ва куҷо амнияту суботи ҳаёти мардум, ки ҳазорҳо Тоҷик ғарибу муҳоҷири кишварҳои дигаранд. Амнияти Тоҷик ва инчунин ҳукумати он имрӯз ба нархи картошка ва пиёз баробар аст …

Меҳмоншо Шарифов


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>