Ҳар кӣ таърихро ба диққат назар кунад, навмедӣ ба қалбаш роҳ намеёбад, аз сафҳаҳои таърих мушоҳида карда мешавад, ки рӯзгор гардиш дорад, мазлумони дирӯз ғолибони имрӯз мешаванду заъифону бечорагони имрӯз иззатмандони фардо хоханд шуд.
Яқинан, рӯзе фаро хоҳад расид, ки фалак бори дигар гардиш кунаду қомати бенавоёну бечорагони имрӯз баланд гардаду лаззати иззату шавқатро бичашанд, ба чашми сар шоҳид бошанд ки на ғаме ва на шодие дар ҳаёти дунё абадӣ нест. Худованд бар иддаи махсусе ҳеч якеро ихтисос надода, вале ҳолати зиндагӣ табъи ивазашванда дораду айём гардиш.
Аз таърихи башарият ба хубӣ дарк карда мешавад, ки табодули мардумон дар расидан ба нусрату пирӯзӣ ва ё дучор шудан ба инҳитоту шикастаҳолӣ равише аз равишҳои хилқати илоҳӣ дар офариниши миллатҳо будааст ва то дунё умраш боқӣ бошад, ин суннати худовандӣ ва қонуни оми илоҳӣ болои халқаш боқӣ мемонад.
Агар чунин аст, пас ҳар инсоне агар дар вазъи ногуворе ҳам қарор дошта бошад, набояд навмед шавад.
Инчунин нафаре, ки дунё барояш иқболу омад карда бошад, набояд ба айёми даҳр аз андоза берун эътимод кунаду мағрур гардад.
Агар барои кулли ҷинси инсон навмедӣ дар ҳаёт мамнуъ бошад, пас барои мусалмон мамнуътар аст. Умеду орзӯи расидан бар иззату сарбаландӣ бояд хислати боризи ҳар мусалмон дар ҳаргуна шароит бошад.
Чӣ гуна уммате метавонад ноумед гардад, дар ҳоле, ки Қуръонаш, раҳнамои ҳаёт, нури зулумот ва қавитарини муъҷизот, бо ӯ бошад?!
Чӣ гуна ноумед мешавад уммате, ки паёму иршодоти Паёмбараш (с) ва таълимоту дастуроти Роҳбараш барояш нигаҳдорӣ шуда бошад?!
Чаро ноумедӣ ба қалби афроди он уммате роҳ ёбад, ки таърихаш пур аз фатҳу пирӯзиҳост ва пас аз ҳар пастшудание баландшудане ва пас аз ҳар афтидане бархостане дошта ва ҳар бор, ки мариз шуда дубора шифо ёфтааст?!
Чаро он уммате ноумед бошад, ки дар гузашта родмардони зиёде дорад, ки дар кашфи роҳҳои пирӯзӣ ва расидан ба иззату обрумандӣ ихтироъҳо доштанду барои баъдиён расму оини ба пирӯзӣ расидану сарбаланд шуданро ташхис намудаанд?!
Чаро он уммате навмед гардад, ки Худовандаш ба он хитоб карда, гуфтаааст:
وَمَنْ يَقْنَطُ مِنْ رَحْمَةِ رَبِّهِ إِلَّا الضَّالُّونَ
(Яъне: “Навмед намешаванд аз раҳмати Худованд, магар гумроҳон.“ (Ҳиҷр / 56)
Бале, имрӯз, мусалмонон ба сахтиву ранҷҳо гирифторанд, дар базъе манотиқ нисбаташон қатли ом сурат мегираду боз қотилу ифротгар хонда мешаванд, ҳуқуқашон дар парлумонҳо ва берун аз ӯ зоеъ мешавад ва ҷои дигар аз адои шиъору аркони диниашон маҳдуду мамнуъ мешаванд. Ҳар нафаре ба ҳар куҷо рафтан ҳақ дораду барояш рухсат аст, аммо ҷавони мусалмон барои хонаи Худо ворид шудану бо холиқи хеш ошно шудан, бояд ба синни муайяне расида бошад.
Аз гузаштагон суҳбат кардан, аҳкоми шаръро риъоя намудан ва ба ахлоқи пешиниён баргаштан бетамаддунӣ хонда мешаваду ҳиҷоби зани мусалмон “нишонаи ақибмондагӣ аз асру замон” муаррифӣ мегардад.
Агар руҳониён барои ба даст овардани ҳуқуқи шахрвандӣ ва даст ёфтан ба каромату озодиҳои инсонӣ ҳизбе таъсис диҳанду хайре барои миллату кишвар хоҳанд, зери ин иттиҳом мераванд, ки “исломро бо нафси палид омехта карданду гаразҳои шахсӣ доранд.”
Агар яке аз аъзоҳои ҳатто собиқи ҳизбу ҳаракатҳои характери динӣ дошта рӯзе Худо накарда лағжише кунад, дар ҳама ҷо сару садо баланд мешаваду гӯё дунё ба ларза омада, сафаҳоти аксари нашрияҳо ба иттиҳоми ӯ сиёҳ мегардад, ки фалон узв муртакиби ин ҷурми бузург шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамарӯза аз дигарон садҳо, балки ҳазорон иштибоҳоту ҷиноятҳои ҷиддӣ сар мезанаду боде намевазад ва агар ноилоҷ хабар бояд нашр шавад, зикр мегардаду аз алоқаву пайвандиаш ба ҳеч ҳизбҳои дунявӣ ишора карда намешавад.
Ҳама ин ранҷу сахтие, ки болои миллат аст, гӯё сабабаш русарии занони бо иффату риши сунатии ҷавонон, дарси динӣ омӯхтани наврасон асту зиёд шудани адади масоҷид, ки бандагони хосу Худоогоҳе аз заҳмати шахсӣ ва кисаи ҳалоли худ бунёдашон кардаанд, иқтисоди кишварро “паст” бурда аст.
Ин ва дигар чизҳое, ки ҳар нафаре дар дохилу хориҷи чаҳони имрӯз метавонад мушоҳида кунад, аммо мусалмон бар ин бояд яқин дошта бошад, ки ин ҳама иттиҳому муборизаҳо аз ҳар ҷонибе на бо шахсияти ӯст, балки мубориза алайҳи дини ҷовидонаи ӯ, яқинтараш мубориза бо Худои ӯст, агар ӯ воқеъан бо Худовандаш бошад.
Дар ин маврид Худованд фармуда:
ويمكر الله والله خير الماكرين
“Онҳо макр мекунанд ва ҳиллаҳову нақшаҳо меандешанд ва Худованд ҳам «макр» яъне дар муқобили макри эшон чорабинӣ мекунаду тадбир мекунад ва Худованд беҳтарин чораҷӯ ва мудаббир аст.” (Анфол 30)
Кулли он иттиҳому зиён ва нифоқу дуруғе, ки барои Ислому пайравонаш омода месозанд, таҳти вожаи ويمكرون (ва ямкурун) дохил мегардад, аммо ҷониби муқобилашонро бубинем, ки чи қуввае истода аст :
ويمكر الله والله خير الماكرين
Пас мусалмоне, ки ин муборизаро ба ҳақиқаташ дарк кунад, набояд навмед гардад.
Ҳамеша нидои Муқтадири якторо, ки бар сарбаландиву комёбӣ ва иззату обрӯмандии муъминон ваъда додааст, пеши назараш қарор диҳад ки фармуда :
وكان حقاً علينا نصر المؤمنين
“Худованд нусрату ёрии бандагони муъминашро хаққи заруре бар худ қарор дода, ки ҳар гоҳ арзандаи он насру кумак гарданд, онро дар ҳар шаклу сурате ба эшон тақдим медорад.”
Рӯз аз рӯз бештар шудани адади масоҷиду марказҳои исломӣ дар ҳар гушае аз дунё насри Худованд аст.
Баъзе сомонаҳои исломӣ дар шабакаи ҷаҳонӣ ҳамарӯза бештар аз миллион бинанда доштанаш, насри Худованд аст.
Бо суръат ба Ислом гаравидани ҷавонон ва шахсиятҳои машҳур дар кишварҳои ғарбӣ ва Амрикову Русия навъи дигаре аз насри Худовандист.
Тарҷумаву тафсир шудани Қуръон ба аксари луғатҳои дунё ва муҳайёву дастрас шуданаш насру ёрии Худовандист.
Бештар шудани сафи намозгузорон, комилтар гаштани русарии хоҳарон ин низ насри илоҳист, бештар шудани хоҳишмандони зиёрати хонааш ва дар сафи зоирин ҷавононро мушоҳида намудан, насру пирӯзии Худованд аст.
Дар миёни наврасон ва мактаббачагони ҳатто синфҳои поёнӣ ҳофизони Қуръонро дидан, ин дигар навъе аз насру ёрии Худованд аст.
Ҳар муъмине бар ин ваъда мебояд огаҳӣ дошта бошаду бар таҳаққуқ пазируфтанаш яқин кунад, ки Худованд фармуда:
وعد الله الذين آمنوا منكم وعملوا الصالحات ليستخلفنهم في الأرض كما استخلف الذين من قبلهم، وليمكنن لهم دينهم الذي ارتضى لهم، وليبدلنهم من بعد خوفهم أمناً،
“Худованд ба касоне, аз Шумо, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом диҳад, ваъда дода аст, ки қатъан ононро дар замин ҷонишин хоҳад кард, чуноне, ки касонеро ки пеш аз онон буданд, ҷонишин сохт ва динашонро, ки барояшон писандида аст, побарҷо ва барқарор хоҳад сохт ва тарсу ҳаросашонро ба эминӣ табдил хоҳад намуд…” (Нур, 55)
Пас, эй мусалмон, баъд аз муҳайё намудани авомили насри Худовандӣ ва дур сохтани монеъаҳои лутфи илоҳӣ бар насру кумакаш умед дошта бош.
Бидон, ки наср пас аз заҳмату сабр меояд ва ҳар душворие осониҳое пасаш дорад.
Сафои субҳ баъди зулмати шаб фаро мерасад ва насри ниҳоиро пас аз озмоишҳои охирин бахшида мешавад.
Парвардигор фармуда :
وَلاَ تَهِنُوا وَلاَ تَحْزَنُوا وَأَنتُمُ الأَعْلَوْنَ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ
“Сустӣ макунед ва андуҳгин мабошед, зеро агар имон овардаед, Шумо бартаред” (Оли Имрон, 139).
Умедшоҳ Ғолиб