Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пешгирӣ аз фарҳанги бегона ё пешгирӣ аз дини ислом?

$
0
0

Тафриқа андозии ҳукумат дар байни модарону хоҳарон

Ҷиҳати хоҳиши мардум нишон додани пешниҳоди қонуне, ки марбут ба манъ намудани сатру ҳиҷоби занони мусалмон буд, чанд рӯз қабл як идда кормандони телевизионии  косалесу маддоҳи бо ном «микрофони озод» назари мардумро мегирифтанд. Махсус чанд беномӯси пешакӣ омода кардашударо назди микрофони озоди ноозод оварда,  тутивор суханҳои якхелаи болоро (КДАМ ва ВКД) такрор мекунониданд.

Аҷибаш ин аст, ки мегуфтанд «хоҳиши мардум ва талаботи замон аст». Парлумони ғайримардумӣ пешниҳоди ашхосе, ки чӣ будани фарҳангу забони милллии хешро намедонанд бе баррасӣ ба тасвиб расонид. Чунки вазифаи онҳо на хидмат ба мардум, балки мустаҳкам кардани қудрату курсии нондеҳашон аст на чизи дигар. Ҳол он, ки ин вакилони Парлумони луъбатӣ аз андози ҳамин миллати баномӯсе, ки садсолаҳо чунин муборизаҳои беномӯсона алайҳашро таҳаммул карда, дину имонашро мисли оташпора дар даст аз насл ба насл оварда расонидааст, баландтарин маошро мехӯранд ва аз беҳтарин шароити иҷтимоӣ бархӯрдор ҳастанд.

Аммо ин вакилон-луъбатакони режими худкома танҳо хостаҳои онҳоеро иҷро мекунанд, ки зимоми ин миллатро мехоҳанд дар дасти худ ва насли ояндаашон нигоҳ бидоранд. Ин миллатро беномӯсу беҳайсият, бефарҳангу гумном бисозанд. Мехоҳанд ин миллат ҳамеша табъи ғуломӣ дошта бошаду сархам даст пеши бар на парвои номус кунад ва на парвои фарҳанг. Танҳо дар хидматашон бошад…

Аз ин тағйиру иловаҳо тахмин меравад зимомбадастон ду мақсад доранд:

Якум бе шарму ҳаё кардани модарону хоҳарони ин миллати бузургу бофарҳанг.

Дуюм дар байни занҳо ихтилофу тафриқа андохтан.

Барои мардҳо тавонистанд  ихтилофу тафриқа андозанд ба ҳизбҳо, гуруҳҳо, минтақахо, миллатҳо… ҷудо кунанд.

Диданд бо ин роҳ мешавад мардумро ба худ овора кард ва аз гуфтани мушкили зиндагӣ ва талаб кардани ҳуқуқҳояшон нигаҳ дошт. Бо баҳонаи пешгирӣ аз фарҳанги «бегона» ва пайравӣ аз либосҳои миллӣ, занҳоро ба ду гурӯҳ тақсим карданд.

Бо ин баҳона ҳам пешгирӣ аз либосҳои исломӣ ва ҳам тафриқа байни занҳо аст.

Аз як гурӯҳ бо ҳама имконот телевизион, радио, газета, сохторҳои қудратӣ (КДАМ ва ВКД), ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо… ва ғайра  ҳимоя карданд ва ба муқобили гурӯҳи дигар ба хотири аз сар берун кардани руймоли модарону хоҳарони ҳиҷоб (сатр) пуш.

Аз гурӯҳи аввал ҳамчун пешрафта (мудерн) саҳмгузор дар ҷомеъа ва кишвар муарифӣ карданд.

Аз гурӯҳи дуюм ҳамчун бегонапарасту хурофотӣ, қафомонда, ифротии… муарифӣ мекунанд. Бе виҷдонии инҳо то ҳаде ҳаст, ки  дар телевизион наворҳои солҳои шӯравӣ, ки дар он як чанд зани руймолдори бе шарму ҳаё руймолҳои худро ба оташ мепартоянд ба мардум намоиш доданд, ки бубинед гузаштагони  мо «ингуна»  буданд ва мо  бояд бе иффат  бошем. Шояд он касоне, ки мегӯяд, ҳичобу сатр моли мо нест, фарзандони ҳамон занҳое бошанд, ки солҳои шӯравӣ руймолҳои худро ба оташ ва  худро ба оғӯши аскарони сурх (болшевикҳо)андохтанд.

Дар як барномаи сохта шудаи дигар чанд зани бадахлоқро ҳичоб пӯшонида ба мардум нишон доданд, ки руймолдорҳо  (ҳиҷобу сатрпӯшҳо) чунин ҳастанд. Чунин занҳое, ки ба корҳои пасти ахлоқӣ даст мезананд, чӣ бо руймол бошад, чӣ бе руймол аз танқисии рӯзгор ба бозори сиёҳи танфурушӣ мераванд, ки шумоён ё ҳаққашонро хурда истодаед ё ҳуқуқҳояшонро поймол мекунед. Пуштибони чунин фоҳишахонаҳо низ кормандони сохторҳои қудратӣ ё ашхоси наздик ба мансабдорон ҳастанд. Даромади асосиашро низ онҳо ба ҷайбӣ худ мезананд.

Кадом дискоклуб ё ресторанҳое, ки дар онҷо фаҳшу фоҳишагӣ ҳаст, аз кадом мулло ё мардуми оддӣ нест.

Ёдам намеравад ду сол пеш бо баҳонаи камрангу бадахлоқ нишон додани уламои дин ва ҲНИТ чанд тан аз ҷодугаронро ҳамчун мулло  муарифӣ карда, саҳнаи бадахлоқиашонро дар тамоми шабакаҳои телевизион ва дигар ВАО-и давлатӣ ба мардум намоиш доданд.

Ҳама медонад он занҳое, ки дар он наворҳо чеҳраашон дида намешуд  «заказчикҳои» шумо буданд, танҳо  мардони ришдор чеҳраашон нишон дода мешуд ба хотири бадном кардани ислом ва мусалмонон.

Агар шири инсон хурда бошед, заррае хуни инсоният дошта бошед, як бор фикр намекунед, ки дар вақти пахши ин барномаҳои сохтаатон як мард бо модараш,  духтараш ё апаю хоҳараш… нишастааст, худро чи гуна тассавур мекунад?

Духтарону хешу таборони шумо, ки дар донишгоҳҳои хориҷ таҳсил кардаанд ва либосу фарҳанги он кишварҳоро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд ва  чи будани шарму ҳаёро намедонанд. Вале мебоист ақалан ба ахлоқу ҳаёи беш аз ҳашт миллион мусалмонон эҳтиром бигузоред!

Комунистон аз шумо хубтар будаанд, ки ингуна барномаҳои бадахлоқиро дар телевизонҳои давлатӣ ба намоиш намегузоштанд.

Бо ин роҳ мехоҳед дар байни модарон тафриқа андозед. Ҳато аз иттиҳоди модарон инҳо дар ҳарос ҳастед. Пеш аз ин қонуни шуматон дар байни модарону хоҳарони Точикистон ҳеҷгуна бадбиниву ихтилоф вуҷуд надошт, мисли апаю хоҳар ё ду дугона дар канори ҳам кору зиндагӣ мекарданд. Як модари бо ҳиҷоб аз модаре, ки ҳичоб намекард келин мегирифт ё ба онҳо духтар медод. Ё дар кучаву бозорҳо медидем ду ҳамкор, ду ҳамкурс ё ҳамсояҳо ё хушдоман бо келинаш яке бо ҳичоб дигаре бе ҳиҷоб хушу хурсандона дар канори ҳам кору фаолият ё гашту гузор мекарданд. Баъди ин сенарияи аз қабл омодашуда алакай ихтилофҳою бадбинӣ байни модарону хоҳарон пайдо шудааст. Касе ҳичоб дорад модар хоҳар ё ҳамсари терорист аст. Ҳеч баҳона наёбанд мегуянд ту бегонапарастӣ, чаро руймоли бегонаҳоро ба сар андохтаӣ.

Ҳичоб моли араб, турк ё эронӣ нест,  моли ислом аст ва барои занҳои мусалмон ба сар кардани руймоле, ки сар ва пеши бари вайро маҳкам нигоҳ дорад фарз аст. Агар модари ҳиҷобдор  ҳозир хостгорӣ ба хонаи модари бе руймол  равад ё корманди идораҳои давлатӣ бошад, равад духтар намедиҳад , ки шумо сатр  (ҳичоб) пуш ҳастед духтари маро сатр пуш мекунед, аз пушти шумо духтари ман дар руйхати сиёҳ  меафтад ва маро аз кор озод мекунанд. Ин ҳукумати диктотурӣ, ки худашонро ҳомии ҳуқуқҳои занҳо мегӯянд, чаро ба як идда аз занҳо иҷозат ҳаст либоси ғайри милли (аврупоӣ)  пӯшанд, ба дигар занҳо иҷозат нест, ки либоси миллии худашонро, ки гузаштагони мо қабл аз ҳуҷуми «рус»- руймоли калон доштанд, иҷозат нест руймол ба сар кунанд?

Чаро шабу руз дар телевизион мардумро метарсонед, ки «як миллатро аз байн бурдани шаванд аввал забон дуюм фарҳангашро аз байн мебаранд» оё либоси аврупоӣ (шими ҷинсу юбкаи кутоҳ) моли ин миллат аст?

Чаро якбор дар бораи либоси ғарбиҳо (юбкаи кутоҳ ва шимҳои ҷинси танг) намегӯед, ки ин либоси миллии мо нест?

Чунки ҳамсар, маъшуқаҳо,  духтарон ва хешу таборони  шумо ҳама либоси аврупоӣ  мепӯшанд ва ин гуна либосҳои аврупоиро қабул кардаанд  ва барои шумо либоси аврупоӣ миллӣ асту  либоси миллӣ (куртаву руймол) фарҳанги бегона шудааст.

Якбор ба худ суол намегузоред, ки агар ин куртаҳои остиндароз ва рӯймол либоси миллии мо нест, пас либоси миллии мо кадом аст?

Ҳамон атлас, адрас ё куртаи чакан?  ба шумо «мард»-ҳои зан мичоз гуфтаниам:

1 Ин либосҳои шумо мегуед (чакан атлас ва адрас) либоси миллии занҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон нест.

2 Ин либосҳои идона ҳаст, ки дар рӯзҳои ҷашну хурсандӣ пӯшида мешавад, на ҳама вақт.

3 Ин либосҳо мавсимӣ аст,  ҳама вақт пушида намешаванд. Шумо, ки ба шарму ҳаёи модарону хоҳарон арзишу эхтиром қоил нестед, ақалан ба модарону бибиҳои гузаштаи худ эҳтиром бигузоред, ки дар қабр ором бихобанд.

Лоф аз мусалмон будану чанд маротиба зиёрати хонаи Худо кардан мегуед, ба ҳамин китоби Худо имон дошта бошед, Худованд дар сураи Нур ояти 31 ва сураи Аҳзоб, ояти 59 ба занони мусалмон амр мекунад, ки ҳангоми аз хона баромадан сару дастони худро пушед, магар чеҳра ва кафи дастҳо. Он намозе, ки дар хонаи Худо хондаед бояд аз сари сидқ бошад на аз руи риё.

Намозе ка-з сари сидқу сафо набошад,

Агар дар Каъба гузорӣ раво набошад.

Ҳама ин даъвои мубориза бо фарҳанги бегона баҳонаи пешгири аз дини ислом ва кӯшиши бақои қудрату ба фарзандон мерос гузоштани курсӣ асту халос, на чизи дигаре.

Далелаш ҳам «Пешво» тарошӣ,  мудомул умр президент будан, аз ҳама ҷиноятҳо (кардаем ва боз мекунем) озод будан ва ба ҷавобгарӣ накашидан… аст.

Беҳуда нагуфтаанд тафрикқа андозу ҳукумат бирон.

Ин ихтилофу тафриқаандозии шумо бадтар аз ҷанг аст. Пеши роҳи ҷангро гирифтан имконият дорад, аммо пеши роҳи фитнаю ихтилофро гирифта намешавад. Ин ихтилофу тафриқае, ки шумо дар байни мардум андохта истодаед, пас аз сари шумо ранҷу азобашро ин миллати бечора мекашад.

Мисол: Ҳафтод сол дар Туркия ҳукуматро лоикҳо (бединҳо) роҳбарӣ мекарданд, бади сари онҳо мусулмонҳо роҳбари ин кишвар шуданд беш аз 15 сол аст, як масаълаи ҳиҷоб мушкилаш пурра  ҳал нашудааст. Он фитна ва тухми ихтилофе ки раҳбарони пешини Туркия  (мисли шумо ки имрӯз корида истодаед) корида буданд то ҳол мардумро ранҷ медиҳад.

Бас аст бе иффат кардану  бе шарму ҳаё нишон додани занҳои ин миллат. То ба кай аз чунин модарону хоҳарони бо шарму ҳаё бо туҳмату  бӯҳтон ва сохтани саҳнача ба ҷаҳониён мегуед, ки мана бинед ин занҳои миллати мо чунину чунон ҳастанд. Ягон кишвареро суроғ доред, ки дар телевизионҳои давлатиаш ба модарон ва  хоҳарону духтарони худ чунин иҳонату таҳкир карда бошанд?

Абдуллоҳи Хатлонӣ

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>