Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико ахиран маҷмуъаи мақолаҳои таҳлилии 5 соли ахир дар мавриди Тоҷикистонро дар ҳаҷми 128 саҳифа мунташир кард, ки ду мақолаи аввали ин маҷмуъа ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Барномаи Осиёи Марказӣ (Central Asia Program) вобаста ба Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико, ки яке аз муътабартарин маркази таҳлилӣ оиди Осиёи Марказӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад, ахиран маҷмуъаи мақолаҳоеро, ки дар 5 соли ахир дар ин марказ оиди Тоҷикистон мунташир шудааст, дар ҳаҷми китоби 128 саҳифа нашр карда, ду матлаби марбут ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро дар сархати ин мақолаҳо қарор додааст.
“Таваллуд ва марги демократия дар Тоҷикистон: Хотирот ва бозтобҳо оиди интихобот аз соли 1990 то соли 2016” яке аз ин мақолаҳои таҳлилии раҳбари ҲНИТ мебошад. Матлаби дигар, ки дар мақоми аввал ҷойгир шудааст, мусоҳиба бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар табъид мебошад, ки соли 2016 дар пасманзари саркуби шадиди ҳизб, аз ҷумла террористӣ эълон шудани он, зиндонӣ шудани даҳҳо тан аз аъзои аршади он ва муҳоҷирати бархе аз масъулини ҳизб анҷом ёфтааст.
Ин китоб “Тоҷикистон: Ислом, муҳоҷират ва тағйироти иқтисодӣ” ном дошта, қисми аввали он хосси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.
Дар муқаддимаи китоби мазкур омадааст: “Дар чанд соли гузашта, вазъияти дохилии Тоҷикистон бо камранги шудани ҷойгоҳи ҲНИТ тағйир кард. Мақомоти тоҷик таҳдиди Давлати исломӣ (ДОИШ)-ро ҳамчун баҳона барои аз байн бурдани ҲНИТ, охирин нирӯи мухолифи ниҳодинашуда, истифода карда, дар ниҳоят фаъолияти онро дар авохири 2015 мамнуъ кард.”
“Ривоятҳои ҳимоятшуда аз тарафи ҳукумат “Ислом”-ро ба таври беш аз ҳад ва густурда ҳамчун васила ба хотири контроли бештар бар ҷомеа (мисли қонуни либосҳои занон) истифода карда, ҳамчунин онро барои маҳкум кардани ҷангсолорон ва мухолифин ва маҳор кардани қудратҳои минтақаӣ монанди Эрон истифода бурданд. Ҳарчанд, таҳаввулоти иҷтимоӣ бисёр печидатар аз он ривоятҳои сиёҳу сафеди ҳукумат аст, ки мехоҳад моро бо он қонеъ кунад…”- омадааст дар муқаддимаи китоби мазкур.