Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Озодмарде, ки ба меҳрубонии Худояш яқин дорад

$
0
0

Чанд рӯз қабл дар фурӯдгоҳи шаҳри Афина озодамарде боздошт шуд, ки бештари хонандагон номашро бори аввал шуниданд. Ҳарчанд ӯ солҳо як нафари калидие дар наҳзати исломӣ буд ва алъон ҳам ҳаст. Вале хоксории шахсиву ба хотири Худо будани корҳояш солҳо ӯро зери парда нигоҳ дошта буд ва ҷуз қисме аз наҳзатиҳо, камтар касоне мешинохтандаш.

Шоҳнаими Карим кист ва то имрӯз зиндагиаш чӣ гуна рақам хӯрдааст?
Ӯ мутавваллиди соли 1960 аст, ки дар кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Ҳарчанд он замон таълими динӣ бо шиддат таъқиб мешуд, падару модари диндор аз ҳамон ибтидо фарзанди худро ба таълими улуми исломӣ роҳнамоӣ карданд. Дар ибтидо падар худаш пинҳонӣ ба фарзанд заруриёти динашро омӯзиш медод.

Баъди онки хонаводаи онҳо аз кӯҳистон ба шаҳри Душанбе нақли макон карданд, падар ба фикри он афтод, ки барои фарзандаш устоде пайдо кунад, ки улуми шаръиро омӯзиш диҳад. Ба ҳамин хотир ӯро ба назди яке аз донишмандони маъруфи он замон Муҳаммадсаиди Язғуломӣ (аллоҳ раҳматаш кунад) бурд. Шоҳнаим дар канори мактаби миёна улуми исломиро низ ба суръат аз худ мекард. Дар он шабу рӯз дар гӯшаву канори кишвар Наҳзати Ҷавонони Мусалмон ҳам рушд мекард ва ӯро барои идомаи таҳсил ба яке аз муборизони ҷавон ва олими варзида Саидумар Ҳусайнӣ(Худованд зудтар наҷоташ диҳад) муаррифӣ карданд. Шоҳнаим як муддат дар назди Саидумар дарси сарфу наҳви забони арабиро омӯхт.

Сипас ӯ дар назди Эшони Муҳаммадюсуф (худованд раҳматаш кунад) ба омӯхтани улуми исломӣ пардохт. Дар ин миён доираи дӯстону ҳамдарсонаш густариш ёфта буд. Мактабро хатма намуда дар корхонае кор мекард.

Дар соли 1979 роҳбарияти наҳзат ӯро барои тадрис ва таълим ба Кӯлоб мефиристад. Дар ин ҳангом теъдоди зиёде аз донишмандони исломӣ ба ин шаҳр фиристода шуда буданд, то ҷавонони Кулобшаҳрро низ аз улулми исломӣ баҳравар созанд.

Шоҳнаими Карим дар як муддати кӯтоҳ дар Кӯлоб машҳур гардид ва обрӯву эътибор касб кард. Пеш аз ҳама ҷавонон ӯро ҳамчун Шоҳнаими “каратист” мешинохтанд. Зеро ӯ аз улуми размии карате хуб огоҳ буд ва дар Кӯлоб ба ҷавонон аз ин фан ҳам дарс мегуфт. Дар соли 1981 Шоҳнаим бо машварати масъулини онвақтаи наҳзат вориди донишгоҳи Кӯлоб шуда, дар факултаи забон ва адабиёти рус таҳсил намуд. Дар ин муддат мардуми меҳмоннавозу исломдӯсти Кӯлоб ӯро дар хонаҳояшон бидуни ягон музду таваққуъе ҷой медоданд. Ҳама мехостанд Шоҳнаим дар хонаи онҳо сокин шаваду фарзандонашон аз илму тарбияи ӯ баҳра баранд ва баракат ба хонадонашон сарозер гардад. Ҳамин тавр ӯ то хатми донишгоҳ дар Кӯлоб монд ва ба тадриси улуми исломӣ ва варзиши карате ба ҷавонони Кӯлоб пардохт.

Пас аз хатми донишгоҳ Шоҳнаим ба унвони устоди забони русӣ дар мадрасаи ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат фиристода шуд. Онҷо ба толибилмон аз фанни забони русӣ дарс мегуфт.

Ӯ касест, ки умрашро сарфи таълиму тарбияи руҳиву ҷисмии ҷавонон кардааст. Дар замони ҳукумати Шуравӣ ӯ ба ҷавонон дарси озодиву озодагӣ медод. Ӯ яке аз муаллимони истиқлолхоҳии миллат буд.

Пас аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ мисли ҳазорон нафари дигар ба Афғонистон ҳиҷрат намуд. Дар Афғонистон робитаҳои дӯстона ва наздике бо шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва устоди шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ дошт. Робитаи ӯ бо ин ду бузургвор ба андозае самимӣ буд, ки ҳаргоҳ мехост ба дафтари кории ин ду нафар бе навбат ворид мешуд.

Садоқату хоксорӣ ва самимияти Шоҳнаимро онҳо низ дарк карда буданд. Ӯро ҳамчун як тоҷики дилсӯз дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд.

Пас аз имзои созишномаи сулҳ бошад, Шоҳнаими Карим дар дафтари устод Нурӣ дар Комиссияи Оштии Миллӣ машғули кор шуд. Ӯ ҳамеша дар канори устод буд ва ҳарҷо кори муҳим ва хоссе медошт устод маҳз Шоҳнаимро мефиристод.

Сипас дар солҳои фаъолияти расмии ҳизб баъди сулҳ, ӯ яке аз фаъолони наҳзат буд. Шоҳнаимро мардуми Бадахшон низ ҳамчун як инсони донишманду шуҷоъ эҳтироми зиёд мекунанд.

Баъд аз баста шудани ҲНИТ ва зиндонӣ шудани аъзои раёсати он Шоҳнаим ҳамеша дар фикри озодии бародаронаш буд ва лаҳзае онҳоро аз ёд набурдааст.

Аммо мутаассифона бо дархости ҳукумати диктатории Раҳмон ӯ имрӯз дур аз диёр, дар яке аз кишварҳои Аврупо боздошт шудааст. Вақте дар боздошт буд ва бо ӯ суҳбат кардам, мисли ҳамеша мегуфт, ”Худованд меҳрубон аст, иншоаллоҳ бе ҳикмат нест”. Камтарин нороҳатиро дар ӯ эҳсос накардам. Ҳамоно мисли кӯҳҳои Бадахшон устувор аст. Сарбаландиро аз кӯҳҳои Бадахшон гирифтааст.

Шоҳнаим рамзи ваҳдату дӯстии мардуми Кӯлобу Бадахшон аст.

Ӯ помириест, ки кӯлобиҳо дӯсташ медоранд. Умедворем ин марди фарзонаву ҷасур, ин тарбиятгари наслҳо ва ин фидоии роҳи ваҳдату дӯстиву якпорчагӣ ҳарчи зудтар озод гардад ва роҳашро идома диҳад.
Бобоҷони Қаюмзод


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles