2-юми ноябри соли ҷорӣ вазъияти кунунии журналистикаи тоҷик дар мизи гирде бо ҳузури хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ дар ҳошияи конфронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор хоҳад шуд.
Дар ин барномаи ҳошиявӣ шахсиятҳои тоҷик, аз ҷумла Тимур Варқӣ–журналист ва коршиноси собиқадори тоҷик, Амруллоҳи Низом–журналисти мустақилли муқими Лаҳистон, Алим Шерзамонов– сиёсатмадор, Маҳмудҷон Файзраҳмонов –фаъоли сиёсии муқими Австрия, Холиди Муҳаммадсаид фаъоли сиёсӣ, Ҷаннатуллоҳи Комил–фаъоли сиёсии муқими Олмон, ҳамчунин журналистони хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмалалӣ ва ҳуқуқи башар ва ғайра ширкат хоҳанд кард. Ин мизи гирд зери унвони “Тоҷикистон: Саркӯби расонаҳо ва журналистони мустақил бо баҳонаи таъмини амнияти миллӣ” бо ташаббуси созмони ғайриҳукуматии “Евразиян Диалог” гузаронида мешавад.
Замон: оғоз соати 13:00 ва анҷоми он соати 14:45 ба вақти Австрия мебошад.
Макон: қасри “Ҳофбург”, қароргоҳи марказии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, дар маркази шаҳри Вена.