Худкомагӣ ва ифротгароӣ ду падидае ҳастанд, ки башарият дар тӯли таърих аз дасти ин ду гурӯҳ ранҷ кашидааст ва то ҳол, ранҷ мебарад. Дар ҳар давру замон бо ашкол ва равишҳои мухталиф мардумро сарсону саргардон намуда, аз ватан бе ватану дарбадар сохтаанд. Дар тӯли таърих милионҳои инсонҳои бегуноҳ қурбони худхоҳиҳои ин ду гурӯҳ инсонҳо гаштаанд. Имрӯз ҳам инсонҳои зиёде аз дасти ин ду гурӯҳ мардуми худхоҳ, худкома, такрав ва касоне, ки ҳеҷ аҳаммияте ба орои дигарон намедиҳанд, дар ранҷу азоб ҳастанд.
Вақти он нарасидааст ки аз тамои навъи башар, ононе ки воқеан барои инсонҳо ва ҷойгоҳи онҳо арзиш қоиланд, дар якҷоягӣ роҳҳои дуруст ва муассири пешгири аз онро пайдо намуда, ин ду навъ инсонҳои фиръавнсифатро ба андеша водор кунанд?
Амалкард ва роҳу равиши ин ду гурӯҳ баёнгари он аст, ки вуҷуди яке барои бақо ва идома пайдо кардани роҳи дигараш кӯмак мекунад ва лозим аст . Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ин ду бо якдигар робитаи қавӣ доранд, ё ба таъбири диагр сабабу мусаббаб ҳастанд. Дар ин мақола талош мешавад, рӯи ин ки Худкомагӣ яке аз сабабҳои пайдоиш ва густариши ифротгарои ва тероризм аст, баҳс шавад.
Агарчӣ ба назари банда диктатура ва худкомагӣ худ як навъи ифротгароӣ ва тероризм аст. Зеро шахси диктатор ва худкома барои ҳифзи қудрат ва ҳокимияти номашрӯъи худ болои мардум, аз ҳамон василаҳое истифода мекунад, ки як ифротӣ ва террорист истифода мебарад. Ва ин худ як баҳси алоҳида аст ва мебояд дар фурсати муносиб атрофаш баҳс кард.
Чаро мардум ба ифротгароӣ рӯй меоваранд?
Ифротгароӣ, новобаста аз он ки бар худ либоси дин бипӯшонад ва ё дар либоси ғайри динӣ зоҳир шавад, падидаи манфур ва мазмум маҳсуб мешавад. Аммо вақте либоси дин ба бар мекунад, зарару зиёнаш бештару умумитар мегардад. Чун шахси ифротӣ дар ин сурат бебоктар мешавад ва бар асоси эътиқод ва бовари дарунӣ, ва умеди аҷру подоши ҷовидонӣ, аъмолашро анҷом медиҳад. Дар муқобил милинҳо инсонҳоеро, ки аз он дин пайравӣ мекунанд, хиҷолатзадаву бадном месозад.
Аммо суоле, ки посухи дақиқ ва мантиқӣ мехоҳад ин аст,ки чаро инсонҳо ифротӣ мешаванд?
Дар ин хусус донишмандон ва муҳаққиқин таҳқиқоти зиёдеро ба анҷом расонидаанд, ва сабабҳои зиёдеро ёдовар шудаанд, ки тавлидкунанда ва бавуҷудоварандаи ифротгароӣ ҳастанд. Ва дар ин замина далелҳои зиёдеро ироа фармудаанд.
Метавон гуфт дар тамоми он таҳқиқот ба мушоҳида мерасад, ки диктатура ва ё худкомагӣ яке аз сабабҳои аслии пайдоиши ифротгароӣ мебошад. Аз мутолеъа ва пайгирии матолибе, ки дар ин замина ироа шудаанд ва аз мушоҳидаи воқеъаҳое, ки имрӯз ба чашм мерасанд, инчунин аз ҳаводиси солҳо ва ҳатто асрҳои гузашта, инсон ба ин натиҷа мерасад, ки худкомагӣ ва диктатура яке аз сабабҳои аслии гаравидани мардум хусусан ҷавонон ба ифротгароӣ аст.
Чаро худкомагӣ сабаби аслии пайдоиши ифротгароист?
Диктатор бар ин бовар аст, ки андеша ва афкораш айни савоб ҳастанд, аз ин ҷиҳат ӯ аз дигар мардум бартарӣ дорад ва танҳо ӯ метавонад мардумро аз бадбахтӣ бираҳонад ва ононро ба соҳили мурод бирасонад. Намунаи онро метавон аз Қурон дар мавриди Фиръавн суроғ кард. Фиръавн барои қавмаш мегуфт: “Ман ҷуз ончиро,ки ташхис медиҳам ба шумо ироа намедиҳам ва шуморо ҷуз ба роҳи дуруст ҳидоят намекунам.” Сураи Ғофир ояти 29.
Диктатор ба хотири ҳифзу ҳимояи қудраташ омода аст аз тамоми василаҳо истифода барад, агарчӣ он васила сабаби зери по шудани арзишҳои инсонӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ гардад.
Диктатор душмани ҳамагуна озодиҳост, дар чунин ҳукуматҳо озодиҳои сиёсӣ, ғайри сиёсӣ, озодиҳои динӣ, демократия ва баробарӣ вуҷуд надорад. Адолат ва ҳуқуқи инсон ҳамеша зери по мешавад, қонунҳо ва қарорҳо бар асоси хоҳишот ва маслиҳати ҳоким қабул карда мешаванд. Мақомоти қонунбарор, судӣ ва иҷроия ҳама дар қабзаи як нафар аст. Дари ҳама намуди муколама ва гуфтугӯ баста шудааст. Аз озодии баён хабаре нест. Мардумашро дар ҳолати ногувори сиёсӣ қарор медиҳад, ба дархостҳои мардум расидагӣ намекунад, роҳро барои ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ мебандад. Кори чунин режимҳо то ҷое мерасад, ки мардум барои бароварда сохтани ниёзҳо ва талаботашон, ҷуз қиём чорае дигаре надоранд.
Аз он ҷо, ки низомҳои худкома аз ҷониби мардум интихоб намешаванд ва бо ризоияти мардум сари кор намеоянд, барои машруъияти худ мардумро маҷбур месозанд ҳукми онҳоро бипазиранд. Барои розӣ кардани мардум ҳамеша аз тазвир, дурӯғ, фиреб ва коштани тухми нифоқ дар байни мардум кор мегиранд. Ҳамеша худашонро тавре намоиш медиҳанд, ки гуиё мардум аз ҳукумати онҳо розӣ ва хушнуд ҳастанд ва онҳо ғамхори миллату давлатанд.
Аз як тараф мардумро аз ҳуқуқҳо ва озодиҳояшон маҳрум месозанд ва аз сӯи дигар маҷбур месозанд аз онҳо ситоиш кунанд ва бандагии онҳоро ба ҷой оранд. Яъне зулм бар болои зулм. Ҳар касе дар муқобили хостаи онҳо эътироз ва эроде дошта бошад, душмани давлату миллат ҳисобида шуда, ё равонаи зиндон карда мешавад ва ё ба наҳве канор зада мешавад.
Вақте ҷавоне бе ҷурму гуноҳ ва тӯҳматҳои беасос вориди зиндон мешавад ва ё аз ҷомеа канор зада мешавад, дигар ягона роҳи наҷоти худро дар пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав мебинад, то ҳадди ақал тавонад бо роҳе аз ин низом қассос бигирад.
Яке дигар аз зарарҳое, ки низомҳои худкома ба ҷомеъа ворид месозанд, ҷоҳил ва бесавод нигоҳ доштани мардум аст. Дар ин замина яке аз муҳаққиқин мегуяд: “ Диктатор ҳамеша талош мекунад раъияташро ҷоҳилу бесавод нигоҳ дорад, илму донишро ҳамонгуна, ки кӯршапарак аз равшанӣ бадаш меояд, бад мебинад. Зеро дар равшани наметавонад сайдашро ба даст орад.”
Дигаре дар ин замина менависад: “Диктатор ҳар қадар аҳмақ ва ғабӣ ҳам бошад, вале хуб медонад, ки ғулом ва зери фармон нигоҳ доштани мардум дар сурате имконпазир аст, ки онон аз илму дониш дур бошанд.”
Ҷаҳлу нодонӣ ҳам яке аз сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ мебошад, ки маҳсули дастони нопоки худкомагон ва диктаторон аст.
Ба хотири ба дарозо кашида нашудани матлаб бо баёни ҳамин миқдор аз худхоҳиҳо ва такравиҳои низомҳои худкома басанда намуда, аз он натиҷагирӣ хоҳем кард.
Мавқеъгирии мардум дар муқобили низомҳои худкома
Низомҳо худкома бо анҷоми ин аъмоле, ки зикрашон рафт, дар ҷомеъа се гурӯҳ мардумро ба вуҷуд меоранд.
Аввал: Як қисм аз мардум аз ночорӣ ба тақдири худ тан дода, таслими ин гуна низомҳои худкома мешаванд ва ҳарчи ӯ хост анҷом медиҳанд ва ҳатто аз ӯ ситоиш ҳам мекунанд.
Дуввум: Қисми дигаре аз мардум аз рафтори чунин низомҳо норозӣ ва хашмгин ҳастанд, вале барои ислоҳи вазъ ҳеҷ фаъолияте анҷом намедиҳанд. Мунтазир ҳастанд то касе ва ё қувваи дигаре ин вазъро ислоҳ намояд.
Саввум: Гурӯҳе аз мардум, ки аз зулму ситами ин гуна низомҳо ба ҷон расидаанд, дар ҷустуҷӯи роҳ ва василае ҳастанд,ки вазъро ислоҳ намуда, ин мусибатро аз сари мардум дур кунанд.
Ин гурӯҳ мардум боз ба ду даста тақсим мешаванд.
Қисме дар ҷустуҷӯи роҳе аст, ки битавонад бе он ки мардум гирифтори мусибати дигаре бишаванд, ин вазъро ислоҳ намояд. Мунтазири фурсатҳои муносиб аст ва беҷо даст ба кор намешавад ва талош мекунад бо роҳҳои машрӯъ ва мусолиматомез вазъро дигаргун созад.
Қисми дигар бошад, барояш муҳим сарнагунии низоми золим аст. Ва ягона роҳи расидан ба ин ҳадафро танҳо дар истифода аз қувва ва зӯр мебинад. Айнан ҳамон кореро амалӣ мекунад, ки режим дорад болои мардум анҷом медиҳад. Ин гурӯҳ барои ин амалашон далел ҳам доранд. Онҳо бар ин боваранд, ки дар муқобили чунин низомҳо аз муборизаҳои сиёсӣ ва мусолиматомез кор гирифтан ҳеҷ суде надорад. Зеро низомҳои диктаторӣ ҳамеша дар муқобили ҳарифонашон аз зӯр кор мегиранд ва ба арзишҳои демократӣ ҳеҷ пойбандие надоранд.
Ин андеша дар байни мардум ба хусус ҷавонон пайравони зиёде пайдо кардааст ва рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст.
Пас бе ягон дудилагӣ метавон гуфт, сабабгорӣ аслии ифротгароӣ ва гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо на дин, балки низомҳои диктаторӣ ва худкома ҳастанд.
Агар мехоҳем ифротгароӣ аз байн бурда ва ё коҳиш дода шавад, пас мебояд сараввал решаи онро хушк кард ва сабабҳои пайдоиш ва густариши онро аз байн бурд.