Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Набимуҳаммад Хоркашов озими Сочӣ шуд

$
0
0

Набимуҳаммад Хоркашов, варзишкори тоҷик бо сарпарастии клуби варзишии “Акбар” озими шаҳри Сочии Русия шуд.

Абдурозиқи Неъматзод, хабарнигори варзишии тоҷик ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода навиштааст, ки Набимуҳаммад Хоркашовро дар фурӯдгоҳи Маскав Шӯҳрат Ҳакимов истиқбол гирифт. Дар сурати пирӯзии Набимуҳаммад дар мусобиқот, клуби варзишии “Акбар” ба ӯ мошин ҳадия хоҳад кард.

Ин иқдоми наҷиби клуби “Акбар” дар ҳоле анҷом мешавад, ки Набимуҳаммад Хоркашовро, ки мебоист дар ҳайъати мунтахаби самбокорони тоҷик ба Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба самбо дар шаҳри Сочӣ сафарбар мешуд бо баҳонаи набудани пул дар ин ҳайъат ҳамроҳ карда нашуд. Дар ҳоле, ки Кумитаи миллии “Олимпӣ” бо нашри як иттилоия номи ӯро дар қатори 8 тани дигар аз варзишкор зикр карда гуфта буд, ки Набимуҳаммад дар вазни +100 кг дар ин мусобиқот ширкат мекунад.

Хабари дар ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо ҳузур надоштани Набимуҳаммадро аввалин шуда Хилватшоҳи Маҳмуд хабарнигори тоҷик аз Душанбе расонаӣ кард, ки баъдан вокуниши тунде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>