Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Шоҳмансур” ба замин яксон мешавад

$
0
0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо судури як қарор қитъаҳои замини соҳибмулкони атрофи собиқ бозори “Шоҳмансур”-и пойтахтро ба баланси ҳукумат ворид кард.

9-уми ноябри соли 2017 шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, писарбузурги раисҷумҳури Тоҷикистон бо баҳонаи он чӣ “эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ” унвонаш кардааст, қарореро имзо кард, ки бо тасвиби он сохтмони иншоотҳои қаблан сохта шудаи қитъаҳои замини соҳибмулкон дар атрофи бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт тахриб ва замини онҳо ба нафъи давлат ситонида мешавад.

Шаҳрдори пойтахт дар банди 1-и ин қарор чунин овардааст: Ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини заминистифодабарандагони ҳудуди собиқ Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он, воқеъ дар кӯчаҳои Н.Муҳаммад, Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ (тибқи нақшаи замимагардида) бинобар зарурати эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ қатъ гардонида шуда, қитъаи замин дар масоҳати 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил карда шавад.

Дар ин қарори шаҳрдори пойтахт дар бораи ҷуброни хисороти воридшаванда ба иншооти мазкур омадааст: “шуъбаи  ҳуқуқи  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар асоси ҳисобномаи аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба нархгузорӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида, лоиҳаи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо вобаста ба пардохти ҷуброни зарари соҳибмулкони иншоотҳои бартарафшаванда омода намуда, барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.”

Бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт қадимтарин бозор дар шаҳри Душанбе буд, ки ҳукумати шарҳ фаъолияти онро қатъ карда, бо судури ин қарор тамоми сохтмону биноҳояшро ба замин яксон хоҳад кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>