10-ум ноябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҷаноби Сироҷиддин Аслов дар шаҳри Самарқанд бо як қатор мақомоти баландрутбаи Аврупо мулоқот кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати хориҷаи кишвар, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Мирослав Енча мулоқот кард.
Дар иттилоияи ин вазорат аз омадааст: “Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои фарогир миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ниҳодҳои тахассусии онро муҳокима намуданд.”
Ҳамзамон имрӯз Сироҷидин Аслов бо Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд ҷаноби Невен Мимитса мулоқот кард, дар робита ба “роҳҳои таҳкими ҳамдастӣ дар ҷодаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” гуфтугӯ карданд.
Ин мулоқоти вазири кориҳои хориҷаи кишварамон дар ҳошия Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он шурӯъ аз 9-уми ноябр то 11-уми ноябр идома хоҳад кард.