Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ифротӣ кист: Мардум ё мақомот?

$
0
0

    Яке аз масоили муҳиме, ки дар конфронси ду рӯзаи шаҳри Самарқанд мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт, масъалаи амният ва мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароист. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо(ИА) Федерика Могеринӣ ҳам зимни баромади худ бо таъкид бар ин ки Осиёи Марказӣ(ОМ) барои Иттиҳодияи Аврупо аҳамияти стратегӣ дорад, аз ҳамкоррии ИА бо кишварҳои минтақа дар масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм хабар дод.

   Бо таҳаввулот ва тағйироте, ки дар сатҳи раҳбарии ду кишвари минтақа яъне Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат гирифт, ин умед тақвият меёбад, ки ин ду кишвари ОМ дар муборизаи худ бар зидди ин падидаи шуми аср ҷиддӣ буда, нисбатан масири дурусттареро интихоб карда истодаанд. Ва пеш аз ин ки ангушти ишораро ба берун аз марзҳои худ дароз намоянд, ба ислоҳи камбудиҳои худ шурӯъ кардаанд. Вазъияти дохилии ду кишвари мазкур дар маҷмӯъ нишон медиҳад, ки аллакай ин раванд паёмадҳои мусбатеро барои ҳар ду кишвар дарпай доштааст.

  Албатта иқдомоти мусбати ду кишвари мазкур наметавонад ба кишварҳои ҳамсояаашон аз ҷумла Тоҷикистон бетаъсир бошад. Вале дар ин масъала ҳам бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ кард, ки таъсир аз берун метавонад кӯмаккунанда бошад, на омили асосӣ. Ба ин маънӣ, ки агар барои мубориза бо ифротгароӣ, омилҳои дохилии он пайдо ва хунсо нашаванд, раванди таъмини амният ва суботи дохилӣ шояд солҳо тӯл кашида, садҳо қурбонӣ бигирад.

  Бинобар ин, бояд ба якчанд омили дохилие, ки сабаби асосии ифротӣ ва радикал шудани ҷавонон шуда ва гоҳо ҳалли ин падидаи ногувори асрро мушкил мекунад, ишора кунем:

  1. Монополияи қудрати сиёсӣ : Ба ин маънӣ, ки режими феълии Тоҷикистон, 25 сол аст иродаи як фардро бар хилофи майл ва хоҳиши мардуми кишвар ба ҳамаи миллат таҳмил кардааст ва кор ба ҷое расидааст, ки дигар касеро ҷуз Раҳмон, муносиби мансаби раёсатҷумҳурӣ намедонанд. Ва ин масъала дар миёни худи элитаи ҳоким ба як беморӣ табдил шуда, ғайри муҷассамаи Раҳмон, ҳайкали дигареро барои парастиш надоранд. Дар зеҳни устодони Донишгоҳ талқин мешавад, ки шогирдони худро дар руҳияи вазир шудан — чӣ расад барои мансаби раиси ҷумҳурӣ – тарбият накунанд. Зеро ин мансабҳо хосси табақаи ҳоким ва сарватманданд. Аз сӯи дигар, чанд сол пеш сухан дар бораи монополияи қудрат дар дасти як ҳизб яъне ҳизби ҳокими Ҳалқӣ демократӣ (ҲХДТ) мерафт, вале имрӯз дигар хабаре аз он ҳизб ҳам нест, чӣ расад ба ҳизбҳои оппозитсионӣ.
  2. Монополияи тиҷорат ва иқтисод: Ба касе пӯшида нест, ки аз вақте решаҳои режими феълӣ ба патакреша табдил шуданд ва иқтисод авлодӣ шуд, дигар ба касе иҷозаи тиҷорати ҳатто миёна дода намешавад. Тиҷорати хурде ҳам, ки бархе сокинони кишвар ба он машғуланд, иборат аз молу маҳсулотест, ки “авлод” ба кишвар ворид мекунанд. Дар воқеъ касоне, ки имрӯз аз онҳо ба унвони “тоҷир” ном бурда мешавад, харидафурӯшоне ҳастанд, ки молу маҳсулоти воридкардаи “авлод” –ро мефурӯшанд. Дар чанд рӯзи ахир ҳатто касоне ба мисли Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед — 88”, ки таъминкунандаи ройгони маводди сӯзишвории Дастгоҳи раиси ҷумҳур ва дар маҷмӯъ “авлод” буд, дастгир шуд ва мунтазири ҳабс ва мусодира шудани амволаш аст.

 Саволе ба вуҷуд меояд, ки вақте Оила чашми дидани худиҳоро надорад, мардуми одии кишвар ба хусус ҷавонон, барои таъмини зиндагии худ, чӣ кор кунанд? Магар муҳоҷирати иҷбории миллионии шаҳрвандони кишвар сабабаш ин нест, ки Оила дороии кишварро бо чангу дандон аз кисаи мардум бо зӯрӣ мегирад? Ва дар пайи ин ҷавононе, ки иҷборан кишварро бо мақсади дарёфти як луқма нон тарк мекунанд, тӯъмаи гурӯҳҳои радикал ва ифротӣ мешаванд?!

3.Саркӯби озодиҳои шаҳрвандӣ: Вақте режим бо касоне, ки роҳи мусолиматомези муборизаи сиёсиро интихоб карданд аз дари душманӣ ворид шуд, ҳаққи интихоб кардану интихоб шуданро аз шаҳрвандон гирифт, созмонҳои ғайридавлатиро беномунишон кард, оздиҳои мазҳабиро маҳдуд намуд, риши мардонро тарошиду рӯймоли бонувонро бо таҳқир аз сарашон гирифт, мепурсем: дар инҷо ифротӣ кист? Оё шаҳрванде,ки мехоҳад дар асоси қонун фарди босалоҳиятро интихоб кунад ё фарде, ки бо тақаллуб дар курсии раиси ҷумҳурӣ нишастааст ва дузди сандуқҳои раъй?! Созмони ғайридавлатие, ки мехоҳад аз ҳуқуқи мардум дифоъ кунад ё ниҳоди давлатии суистифода барандаи Сарқонун?! Шаҳрванде,ки мехоҳад дар асоси арзишҳои миллӣ-динии худ зиндагӣ кунад, ё маъмуре, ки дағалона ҳуқуқи ӯро поймол мекунад?!

  Бо назардошти чанд нуктаи боло, ба чунин хулоса метавон расид, ки пайдоиш ва рушди ифротгароӣ дар Тоҷикистонро, бояд дар амалкард ва сиёсатҳои иштибоҳи мақомот ҷустуҷӯ кард, зеро реша ва парваришдиҳандаи ифротгароӣ худи мақомот буда, барои аз даст надодани қудрат омодаи ҳама навъ ҷинояте ҳастанд, ки мутаассифона ин ҷиноятҳо дар ҷомаи қонун, бо номи қонун ва барои “таъмини амнияти давлат” сурат мегирад.

  Бинобар ин умед аст, ки дар конфронсҳо ва нишастҳои монанд ба нишасти имрӯзаи шаҳри Самарқанд, кишварҳо ва созмонҳои зирабт, ба масъалаи мазкур аҳамияти ҷиддӣ дода, теша бар решаи падидаи шуми аср дар кишвари азизи мо хоҳанд зад!

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>