…..Баъдан майдоннишиниҳо ва ниҳоят ҷанги таҳмилии бародаркуш дар кишвар оғоз гардид.Ва хелеҳо тарки кишвар карданд. Замони ҳиҷрат ба чи кор машғул шудед?
Инҷо мехоҳам як ҳодисаеро, ки шахсан худ шоҳид будам ба ёд оварам. Ҳикояти бисёр муҳим аст дар боз ҳам бештар ва беҳтар шинохтани шахсияти устод Нурӣ ба унвони як сиёсатмадори мардум, миллат ва ватандӯст.
….Дар совхози Туркманистон оташи ҷангро афрӯхтанд, хонаҳо харобу шуморе ҳам кушта гардид. Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИ-ро дар ҳамин совхоз ташкил кард. Ман ҳамчун раис ва як бародари дигар бо исми Сақоваддин, аз Масчо,ки худо раҳматаш кунад, шаҳид шуд ва ронанда, се кас омадем. Ҳоло ки дигар устод ҳам дунёро тарк кардаву Сақоваддин ва он ронанда ҳам шаҳид шуданд ва танҳо шоҳиди зиндаи ҳодиса ман мондаам. Устод ҷаласаро доир кард, ҳарфҳо радду бадал ва дастурҳо дода шуд. Ҷаласа ба анҷом расид. Баъд тарафи мо рӯй оварда гуфтанд, ки меҳмонҳои хуҷандӣ, шумо биистед. Сақоваддин масъули он гурӯҳи 500-600 нафараи ҷавонҳои омодашуда аз вилояти Суғд буд. Ӯ,ман ва ронандаамонро дар аввал бурданд ба як хонаи сӯхташуда, аз онҷо ба як хонаи хонумҳои таҷовузшуда ва ниҳоят ба як хонае бурданд, ки дар ҷанг фарзандҳои онҳо кушта шудааст. Ҳамин се хонаро нишон доданд, ки бубинед, натиҷаи ҷанг чӣ аст? Аз паси парда занҳои нолони таҷовузшударо нишон доданд. Сипас омадем лаби канал ва дар назди як кат, ки давру бараш касе набуд, истодем. Баъди андаке сукут устод рӯ оварда гуфтанд:-» Убайдулло ва Сақоваддин, агар ҷанг шавад тару хушк месӯзад ва шумо ҳоло бо чашмони сар сӯхтани тару хушки баробарро дидед. Ман Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки мардум дар бораам чиҳое, ки намегӯянд, ба арши аъло мебароранд, на хоҳарамро аз таҷовуз нигоҳ доштаму на фарзандамроаз мурдан ҳимоя карда тавонистам. Инҷо ҷанг аст. Ҷангаш ана ҳамин”.
Дар назди хонаи сӯхта ва дар назди хоҳарони таҷовузшуда таъсири ин гап барои инсон бисёр сангину сахт меафтад ва он ҳам аз забони роҳбар!! Сипас суханашонро идома дода ба Сақоваддин рӯ оварда гуфтанд:- инсонҳое, ки бе ҷанг наметавонанд, биёянд ба ноҳияи Орҷоникидзеобод. Лекин агар гапи маро гиред, ҳамаатон равед Русия. 5-10, 20, 30 то 50-у 100 касро ба зиндон афкананд, боке нест, агар умрат боқист, мисли ман баргашта меоӣ, маҳбас одамро намекушад. Вале зинҳор, ки ҷангро ба вилоят набар! Ҳамон одамеро, ки мегӯяд бе ҷанг наметавонам , танҳо ӯро инҷо фирист, аммо аввал ҳаракат кун, ки аз вилояти шумо ягон кас инҷо ба ҷанг наояд. Вале боқимондаҳо аз кишвар берун бароед.Ҷанг ба вилояти шимол наравад, чун душманони дин вилоятеро, ки то як андоза пешқадамтар аст, потенсиалӣ иқтисодиву илмӣ дорад, онҷоро ҳам хароб кардан мехоҳанд, афзуданд устод. Барои расонидани ҳамин дастури устод баъзе ашхос то ҳоло манро хоин мегӯянд. Ман амри устодро иҷро кардам. Бачаҳои ҷамъшударо инҷо наовардем ва ҳамаро паҳну парешон кардем.Ҳатто дар рӯям гуфтанд: «ты трусь, ту хоин”. Метавонистам онҳоро биоварам. 700 ҷавон қувва набуд?
Ин сӯҳбате буд, ки то ҳоло ман дар бораи он зиёд андеша карда, мардона иқрор мешавам, ки чи қадар инсони бузург будааст устод Нурӣ. Дар ҳолате, ки худаш дар вазъияти бад қарор дошт ва муҳтоҷи мадади мӯ ва хас буд аз истифодаи ин қуваи омода ва тайёр, ки ҳар кадоме омода ҳатто барои шаҳид шудан буд, даст кашид! Албатта, ӯ роҳбари модарзод ва худодода буд, ки бо азхудгузаштагии бемислу боварнакарданӣ тасмими дуруст ва оқилона қабул кард. Маро таъкид карда буд, ки ба касе аз ин ҳарфҳо лаб во накунам. Ҳатто қасам дода буд.
Ва инҷо як воқеаи дигарро мехоҳам ёдовар шавам. Бори аввал дар Олий Совети райони Ленин тирпарронӣ сурат гирифт, ки чанд кас кушта гардид. Мо дар манзили Зайд, дар хиёбони марказӣ дар рӯбарӯи чойхонаи «Роҳат” қарор доштем. Вақте ин хабар омад ман дар назди устод будам. Аввалин бор оби дидаи устодро дар ҳамонҷо дидам.Оби дида карданду гуфтанд, ки «оҳ, бадбахтҳо моро кашиданд. Моро ба ҷанг кашиданд. Ҷанг набояд шавад, ҷанг нашуданаш лозим”…
Аз забони роҳбарият ягон бор нашунидам, ки гуфта бошад, мо ҷанг мекунем… мо ин ҳукумат ва ин раисро сарнагун мекунем. Шояд, як ду се нафар аз аъзои қаторӣ гуфта буд аммо аз забони роҳбарият нашунида будам.
… Устод то бегоҳ бо табъи хира мегаштанд ,ба худ наомада буданд. Субҳи рӯзи баъд эшони Қиёмиддин омаду «э, ман хоб дидам.. гуфту шурӯъ кард ба ҳарф задан. Сипас Бозор Собир ҳам омада хеле тунду тез ва дағалу дурушт ҳарф зад. Ба ҷаласаи Раёсат ворид шуда шумоҳо тарсу, шумоҳо тарсончак, шумоҳоро парронидан даркор, фалониро куштан даркор ва фалону беҳмадон карду рафт. Бозор Собир,эшони Қиёмиддин, мулло Абдураҳим, Абдуғаффори южний, ки Ғаффори танка ҳам мегуфтанд, одамоне буданд, ки ба ҷанг тела ва таҳрик медоданду мекашониданд.
Дар замони муҳоҷират бо чи сарнавиште рӯба рӯ шудед?
Аз сабаби онки намояндаи устод ба вилоят дер омад ва дар Душанбе куштор бисёр сахт шуд ман бо ҳамроҳии бародари калониам ду рӯз пеш аз омадани намояндаи устод баромада Русия рафтем.Амр дер расид.
Дар амр чи гуфта мешуд?
Дар амр ҳам гуфта мешуд, ки ҳарчи сареътар аз кишвар берун шавем. Мо бо шиносҳои бародарам Ленинград омадем.Ман, бародарам ва як журналист бо исми Баҳриддин.Баъди 6 моҳи зиндагӣ дар Ленинград бародарони ҳизбӣ:-Ҷалолиддин, Ҳомидхӯҷа, Зайд Сайид, Асадулло ва Абдумалик , ки дар суроғи мо будаанд, бо мо дар алоқа шуданд. Ва моҳи июни соли 93 моро оварданд Маскав. Бо Ҷалолиддин ва акои Абдумалик байни гурезаҳо корро шурӯъ намудем. Дар оғоз роҳбар Ҷалолиддин буд.Баъде,ки Ҷалолиддин ба Комиссияи оташба рафт ҷои ӯроо домулло Зубайдулло гирифтанд. Дар ҳиҷрат бар дӯши ман масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ супорида шуд. Одамҳои пулдору сарватманд пул медод анд ва мо ба бепулҳо ва муҳтоҷон тақсим мекардем. Албатта бо роҳбарии раис ва зери назорати ӯ. Афроде мисли Зайд ба муҳоҷирони муҳтоҷ хеле зиёд кӯмак ва ёрӣ расонидаанд. Кӯтоҳти гап инки ҳисобдор будам. То ахир дар ҳамин кор машғул будам ва маро бовар мекарданд.
Дар Маскав барои машғул шудан ба корҳои сиёсӣ кадом таъқибу фишор аз ҷониби мақомоти ин кишвар буд?
Не. Ҳеҷ гап набуд. Касе кордор намешуд. Ва онҳо намедонистанд ҳам, ки мо чунин фаъолият дорем.Мо соли 94-95 ба корхона ва заводҳое, ки тоҷикҳо зиёданд рафта сӯҳбат ва суханрониҳо мекардем ва ба онҳо дар бораи авзоъи кишвар, марзҳо, вазъ дар Афғонистон ва аҳволи гурезаҳои тоҷик дар он кишвар, дар бораи сангарҳои ҷанги дохилӣ маълумот медодем.Панҷ -шаш нафар шуда рафта ба ҷиҳод даъват мекардем.Озодии комил буд.Мегуфтем то ба кай инҷо дар диёри ғурбат ва мулки аҷнабӣ мегардем. Ватан бояд баргардем. Ватанро бояд озод ва обод кард. Ҳар кас даҳ,бист, сӣ одам барои мубориза ва муқовимат пайдо мекард. Ҳар қадар, ки сулҳ наздик меомад , одамҳо омада шарик мешуданд. Бархеҳо бар ин андеша буданд, ки акнун замонаш фаро расидааст ва онҳо ҳам бояд ба ҳукумат ҷалб шававанд……
(Бознагри бахше аз мусоҳибаи Убайдуллоҳи Файзуллоҳ дар nahzat.tj )