Имрӯз президент Эмомалӣ Рамҳон дар Дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва зерсохторҳои он як қатор тағйироти кадрӣ ворид кард.
Бино ба иттилои АМИТ “ХОВАР”, 13-уми ноябри соли 2017 бо фармонҳои нави раисҷумҳур, Пиракзода Ҳикматулло — ба курсии муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид — ба курсии муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии ин кумита нишастанд.
Манбаъ меафзояд, “дар мувофиқа бо президент сардорони раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, инчунин сардорони як қатор отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва мутахассисони варзидаи соҳа пурра гардиданд.
Чунин тағйироти кадрӣ дар баъзе аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ сурат гирифта, роҳбарии ин воҳидҳои низомиро афсарони донандаи забонҳои хориҷӣ, хатмкардагони зиёда аз ду муассисаи олии таълимоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба ӯҳда гирифтанд.”
Ҳамзамон президент Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид карда, қисмеро озод ва қисми дигареро ба курсиҳои нав шинонд.