Шаби 15 ба 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар вилояти Суғд бар асари даъво ва муноқишаи як зани хуҷандии 49-сола бо як марди бӯстонии 58-сола охирӣ ҷонашро аз даст додаст.
Вазорати корҳои дохила (ВКД)-и Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштани ин зани хуҷандӣ дар қатли як марди бӯстонии ҳамин вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Сомонаи ВКД бидуни зикри номи қотил ва мақтул бо интишори ин хабар гуфтааст: «Номбурда, шаби 15 ба 16-уми ноябри соли 2017, бо марди 58-солаи сокини шаҳри Бӯстон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, охиронро бо таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ ду маротиба ба сараш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.»
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.