Чин дар Тоҷикистон бо маблағи 1,6 миллиард долар корхонаи алюминбарорӣ месозад.
Бино ба иттилои “Moneycontrol.com”, Чин дар Тоҷикистон корхонаеро бунёд месозад, ки дар назар аст солона ба миқдори 500 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кунад.
Сухангӯи ширкати алюминии ТАлКо-и Тоҷикистон Игор Сатторов, гуфт, ки ин корхонаи муштараки тоҷик ва чинӣ дар қисмати ғарбии шаҳри Ваҳдат бунёд гардида, дар он 1200 ҷойи корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешвем, ки Чин яке аз кишварҳои сармоягузорони аслӣ ва шарики стротегии Тоҷикистон дар ин даҳсолаи охир ба ҳисоб рафта, тақрибан 90 фоизи корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар аз ҷониби Чин сохта мешаванд. Ба ивази ин, Тоҷикистон солона ҳудуди 50 фоизи карзҳои хориҷиашро аз Чин дарёфт мекунад.