Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Мугабе аз ҳизб барканор шуд, вале истеъфо надод

$
0
0

Ҳизби ҳокими Зимбабве бо аксарияти овозҳо Роберт Могабе, диктатори 93 солаи ин кишварро аз раҳбарии худ канор зад ва ба ҷои ӯ Эмерсон Мененгогу, муовини Могаберо роҳбари ҳизб таъйин кард.

Ҳамчунин Ҳамсари Роберт Могабе низ аз раёсати иттиҳодияи занони ҳизб ихроҷ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Роберт Могабе муовини худро барканор кард, то роҳро  барои ба қудрат расидани ҳамсараш фароҳам намояд. Аммо артиши ин кишвар қудратро дар даст гирифт ва аз Могабе хост то истеъфо диҳад. Аммо Роберт Могабе истеъфо надод ва ба ин назар аст, ки метавонад роҳбариашро идома диҳад.

Бо вуҷуди он ки мардуми Зимбабве дар кӯчаҳо рехтаанду рақсу пойкубӣ мекунанд ва аз сарнагунии диктатура дар кишварашон изҳори хушҳолӣ мекунанд, Могабе ҳам фикр мекунад, ки мардумаш ошиқи ӯ ҳастанд ва аз ӯ ҳимоят мекунанд.

Аммо намояндагони ҳизби мухолиф ва ҳизби ҳоким ба Могабе то рӯзи сешанбе фурсат додаанд, то аз қудрат канор равад. Дар ғайри ин сурат тарҳи истийзоҳи Президент ба парламентро иҷро хоҳанд кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>