Раиси Ҳизби сотсиал демократи Суис (Швейтсария) бо ишора ба ҳузури 400 ҳазор мусулмон ва 240 масҷид дар ин кишвар гуфт, ислом ба мо низ тааллуқ дорад.
Кристин Лаврот, раҳбари ҳизби сотсиал демократи Суис дар гуфтугӯ бо рӯзномаи «Сунтогс Зоитунг» изҳор дошт: «беш аз 400 ҳазор мусулмон дар кишвар мо зиндагӣ мекунанд. 160 ҳазор нафари онҳо дорои шиносномаи суисӣ ҳастанд. Ислом ба мо низ тааллуқ дорад».
Вай дар ин мусоҳиба ҳамчунин тасреҳ кард:
«Хоҳони ба расмият шинохтани ислом ба унвони яке аз адёни кишвар ҳастем. Дар ин замина бархе аз аъзои мо дар робита бо проекти «нақшаи роҳи исломи Суис» иқдомоте анҷом медиҳанд.
Дувисту чиҳил масҷид дар Швейтсария вуҷуд дорад. Албатта гоҳе гароишҳои ифротӣ низ дида мешавад, аммо ҳар ду тараф бояд дар як ҷиҳат гом бардоранд.
Аз фаъолияти созмони диёнати Туркия дар Швейтсария ҳимоят мекунем ва бо мамнуъият ҳимоятҳои молии ин созмон ба бархе масоҷид дар кишварамон мухолиф ҳастам.
Дар августи соли гузашта эълом кардем, ки ислом бояд ба унвони дини расмии кишварамон пазируфта шавад. Ҳимоятҳои миллӣ низ тавассути давлат анҷом шудааст».