Агар диктатор гӯед меранҷанд. Агар золим гӯед нороҳат мешаванд. Агар ҷинояткор гӯед шуморо хоин эълон мекунанд.
Аммо Шаҳноз дар ин бора чизе нагуфтааст. Ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мақолае дар шикоят аз мансабдорону “Шоҳаншоҳи одил” нанавиштааст.
На митинг кардааст ва на бо рузноманигоре мусоҳиба анҷом додааст. Дар сессияи 16 — ум ҳам ширкат надошт. Аз ҷумлаи мухолифон ҳам набуду нест. Аз дасти “Фронти халқӣ” ба Афғонистон ҳам нагурехта буд.
Аммо яке аз саркардагони “Фронти халқӣ” падарашро куштааст. Ӯ танҳо ҳаминро медонад. Падараш чӣ гуна кушта шудааст ва ӯро кӣ куштааст, мо ҳам намедонем. Аммо шояд ӯ фақат мехоҳад ҳаминро ошкор кунад. Шояд косаи дигаре зери нимкоса бошад.
Вагарна аз духтари тоҷики деҳотӣ тарсидани “Пешво” бо ҳама пасвоҳояш барои чист?
Чаро касе аз ин духтар дарди дилашро намепурсад?
Чаро касе намехоҳад, ки ӯ бо президенташ вохӯрад?
Агар пешвояш ҳам надонад, ҳадди ақал президенташ ки ҳаст!
Хабарҳои зидду нақизи боздошти Шаҳноз дар расонаҳо ва шабакаҳо инсонро ба фикр водор мекунад.
Магар ин духтар “Пешво”-ятонро мехӯрд?
Магар ӯро бо яроқ дастгир карданд?
Магар чӣ балое сараш меовард?
Чанд вақт пештар ҳангоми сафари “Олампаноҳ” ба минтақаи Суғд ӯро маҳз ба хотири инки “симои ориёӣ” надорад, аз вохурӣ маҳрум карданд. Магар Шаҳноз инқадар хатарнок аст, ки аз ӯ метарсанд?
Пас ин “Пешво” барои кӣ ва барои чист?
Чаро бо рафтанаш ба ин ё он минтақа ҳатман чанд нафар ё боздошт мешаванд ё латукуб ё ҷарима ё балои дигаре ба сарашон меояд? Магар ӯ Пешвост ё балои ҷони мардум?
Бидуни диранг ҳамон суруд ба ёдам омад, ки
Ин кадхудо хиёл карда Худои деҳи мост.
Кадхудо нест, Худо нест, балои деҳи мост!
Ҳоло сурудро ҳам бишнавед!