Пас аз се ҳафтаи истеъфои ғайримунтазирааш, нахуствазири Лубнон вориди ин кишвар шуд. Ӯ пештар эълон карда буд, ки барои ҷашни истиқлол ба кишвараш бар хоҳад гашт.
Аммо Ҳарирӣ дар роҳи баргашт ба Лубнон аввал аз Фаронса ва баъд аз Миср ҳам дидор кард. Ӯ дар ин сафар президенти Миср Абдулфаттоҳ Сисиро “дӯсти худ” хитоб карда, ҳадаф аз гуфтугӯ бо Сисиро идомаи машваратҳои арабӣ ва байналмилалӣ дар бораи бӯҳрон дар ҳукумати Лубнон унвон кардааст.
Саъд Ҳаририи 47 сола дар аввалҳои моҳи ноябр бо як сафар ба Арабистони Саудӣ рафт ва ногаҳон аз Риёз истеъфои худро эълон кард. Ин истеъфо сабаби бӯҳрони шадиде дар Лубнон ва минтақа гардид.
Баъзе аз коршиносон бар ин назаранд, ки Лубнон нуқтаи бархӯрди манофеъи Ирону Арабистон аст. Бинобарин пас аз боло гирифтани танишҳо байни ин ду кишвар, Лубнон вориди марҳалаи ҷадиде хоҳад шуд, ки дар ин марҳала Ирону Арабистон мехоҳанд бо ҳам қувваозмоӣ кунанд.
Аммо қарор аст Ҳарирӣ дар як размоиш ба муносибати истиқлоли кишвараш ширкат ва суханронӣ намояд. Интизор меравад дар ин суханронӣ ӯ мавқеи сиёсии худ ва нақшаҳои баъдиашро низ матраҳ намояд.
Мишел Ъун, Президенти Лубнон ҳам то ҳол истеъфои Саъд Ҳаририро қабул накардааст.