Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Хабаргузории мустақили “Озодагон” дар Тоҷикистон баста мешавад

$
0
0

Муассиси хубаргузории “Озодагон”, журналист Зафари Суфӣ эълом кардааст, ки бахши тоҷикии хабаргузории “Озодагон” дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ мекунад.

Ба гуфтаи Зафари Суфӣ, кори ҳафтаномаи “Озодагон” дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт ва ҳамчунин бахши русии хабаргузории “Озодагон”, ки дар шаҳри Бишкек фаъолият мекунад, низ ба кори худ идома медиҳад.

Пеш аз ин Абдулазиз Восеъ, сармуҳаррири бахши тоҷикии “Озодагон” дар Душанбе дар як суҳбати катбӣ гуфта буд, ки фаъолияти ин хабаргузорӣ бо сабабҳои техникӣ муваққатан қатъ шудааст ва дар ояндаи наздик бо бартараф шудани мушкилоти техникӣ, кори худро аз сар хоҳад гирифт.

Аммо ахиран Зафари Суфӣ, муассиси Хабаргузории “Озодагон” дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” вуҷуди мушкилоти молиро дар хабаргузорӣ рад карда гуфтааст, ки дар ояндаи наздик сабабҳои қатъ кардани фаъолияти ин хабаргузориро шарҳ хоҳад дод.

Хабаргузории “Озодагон” фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2011 оғоз карда, минбаъд бо густариш додани доманаи фаъолияташ, як сол баъд бахши русиашро дар Бишкек фаъол кард.

Хабаргузории “Озодагон” дар давоми фаъолияти худ ҳар рӯз даҳҳо хабару гузориш дар бораи ҳодисаву рӯйдодҳои Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон бо забони тоҷикӣ пахш мекард ва дар фазои тоҷнет (бахши тоҷикии интернет) мавқеъи намоёни худро дошт, аммо аз 4-уми ноябри соли ҷорӣ ба ин тараф, дар сафҳаи сомонааш дигар матлабе чоп накард.

Зафари Суфӣ, муассиси Хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи “Озодагон” дар хориҷи кишвар ба сар мебарад.

Соли 2016 дар ин шабу рӯз ҳафтаномаи ҳафтаномаи сиёсии “Нигоҳ” ва Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюс” низ дар натиҷаи таъқибу фишорҳои сиёсӣ, фаъолияти худро қатъ карданд. Муассис ва аксари  хабарнигоронаш Тоҷикистонро тарк карда, дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>