Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Истеъфои диктатор баъди 37 сол

$
0
0

Роберт Мугабе, раҳбари 93 солаи Зибабве баъд аз 37 сол ҳукмронӣ маҷбур ба истеъфо шуд. Мухолифонаш то рӯзи сешанбе барои ӯ муҳлат дода буданд, ки истеъфояшро эълон кунад, дар ғайри ин сурат шарт гузошта буданд, қазияи ӯро ба парлумон кашонда, ӯро барканор хоҳанд кард.

Аммо рӯзи сешанбе хабаргузории “Ройтерз” гузориш дод, ки Роберт Мугабе билохира истеъфо додааст.

Рӯзи душанбе баъзе донишгоҳҳо дарсҳоро таътил намуда, зидди Мугабе тазоҳурот карданд. Дар ҳоле, ки танҳо чанд рӯз пештар аз ин агар касе исми Мугаберо ба забон меовард бояд тамоми эҳтиромот ва унвонҳои ӯро риоят мекард.

Дар ин бора бештар бихонед:

Мугабе аз ҳизб барканор шуд, вале истеъфо надод

Як диктатор кам шуд!

 

Ин пиртарин Президенти дунё қасд дошт қудратро ба ҳамсари 52 солааш вогузор кунад, аммо муовинаш баъди барканорӣ аз кишвар хориҷ шуд ва таъкид кард, ки “ҳатман бар мегардад”.

Мугабе аз даҳаи 80 пас аз онки кишвараш ба истиқлолият расид, зимоми қудратро дар даст гирифт. Дар муддати 37 сол борҳо ба қонун тағйирот ворид кардаву аз ҳар василае барои ҳифзи қудрат истифода намуд.

Аммо чанд рӯз пештар артиши ин кишвар зимоми умурро дар даст гирифт ва бидуни хунрезӣ заминаро барои аз даст ба даст шудани қудрат фароҳам овард.

Вазорати хориҷаи Амрико ҳам хостори баргузории интихоботи шаффоф ва ташкили ҳукумати ғайринизомӣ дар ин кишвар шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>