Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Иззат Амон: фавти муҳоҷирони корӣ дар Русия афзудааст

$
0
0

Иззат Амон, роҳбари Созмони ҷавонон дар Русия дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Паём.нет” бо нигаронӣ аз афзоиши фавти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия гуфт: “Мо дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна дасти кам рӯзона як мурда доштем.”

Вай дар бораи ин талафоти бузург дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ворисону наздиконашон барои такфин ва интиқоли онҳо ба ӯ муроҷиат кардаанд гуфт, аксари ин ҷонбохтагон ба сабаби садамаҳои нақлиётӣ дар ҳар гӯшаву канори Русия фавт кардаанд. Ба қавли Иззат Амон, “дар ҳамин моҳи  ноябри соли ҷорӣ мо дар ҳудуди Федератсияи Русия 22- ҷасад доштем, ки нисбат ба моҳи соли гузашта бештар аст”.

Иззат Амон дар бораи замону макони ин ҷонбохтагон мегӯяд, “марги муҳоҷироне,ки моҳи ноябр дар назди мо ба қайд гирифта шудаанд, бештарашон дар садамаи нақлиётӣ  дар роҳи сарҳади Русия ба Қазоқистон бв вуқӯъ пайвастаанд”.

Роҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия дар бораи такфин ва ҳамлу нақли онҳо ба Тоҷикистон гуфт: “Ҳамаи ин ҷасадҳои муҳоҷирин ба воситаи ҳавопаймо ба Ватан  интиқол меёбанд ва танҳо ширкати “Тоҷикэйр” аст, ки барои расонидани ҷасади муҳоҷирони тоҷик ройгон хидмат мекунад.

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия мефавтанд тамоми ҳуҷҷатнигорӣ ва шустану кафан кардан, дар сардхонаҳо нигоҳ доштан ва дар тобут гирифтан ба дӯши ворисону пайвандони фавтидагон мебошад. Дар сурати набудани ворисону пайвандон, муҳоҷирони корӣ байни худашон пул ҷамъ карда, ин рисолати инсонӣ ва мурдадориро байни худашон ҳаллу фасл мекунанд.

Бар асоси оморҳои ғайрирасмӣ, дар Русия ҳудуди ду миллион муҳоҷири корӣ фаъолият мекунанд ва аз миён солона беш аз ҳазор нафари онҳо бо сабабҳои мухталиф мефавтанд.

“Тоҷикэйр” аз раҳбарияти кишвар дастур гирифтааст, ки интиқоли ҷасади онҳоро ба Тоҷикистон ройгон анҷом диҳад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>