Муносибат бо занон аз қадим то имрӯз дастхуши тағйир ва таҳаввули зиёде шудааст. Аз ҷумла, мавқеъи адён дар гузашта бо занон мутафовит будааст. Яъне ин қазия дар як дин аз дини дигар фарқ дошт. Баъдан, ҷомеаҳои мухталиф бо мактабҳои фикрии мухталиф ба зан ба гунаҳои мухталиф муносибат мекарданд.
Аммо баъд аз ренисонс дар ҷомеаҳои демократӣ мавқеъи зан беш аз пеш мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. То имрӯз ҳам барномаҳои гендерӣ яке аз барномаҳои фаъолияти созмонҳои ғайри давлатӣ дар кишварҳои демократӣ мебошад. Дар ин кишварҳо занон аз мақом ва манзалати болое бархӯрдоранд. Хушунат алайҳи занон тақрибан аз байн рафтааст.
Дар ҷомеаи мо низ чандест чунин барномаҳо амал мекунанд. Барномаҳое ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ҳадафашон кам кардани хушунат алайҳи занон ва беҳбуд бахшидани ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа мебошад.
Аммо дар ҷомеаи суннатии мо масъалаи хушунат алайҳи занон решаӣ баррасӣ намешавад ва ба ин масъала бештар бархӯрди дугона сурат мегирад.
Ба назари мо,барои кам кардани хушунат алайҳи занон бояд аввал бофти иҷтимоиро соддатар кард. Яъне бояд шароитеро фароҳам овард, ки дар як хона на чанд келин, балки як оила зиндагӣ кунад ва касе ба ӯ фишор наоварад. Аз лиҳози иҷтимоӣ агар ҳукумат рифоҳи нисбиро фароҳам оварад ва бофти хонаводагии ҷомеа каме содда шавад, хушунат ба таври автоматӣ кам мешавад.
Дуввум инки муносибати худи мақомот бо занон бояд тағйир кунад. Агар ҳазор бор шумо дар барномаҳои телевизиониву таблиғотиатон сухан аз муносибати дуруст бо занон гӯеду боз ҳам бо онҳо мисли як коло муносибат кунед, ҳеҷ чиз тағйир намекунад. Ба ҷои ин, дар сохторҳои ҳукуматӣ бояд барномаи гендерии яксола роҳандозӣ шавад, ки ба мансабдорону мақомот пеш аз ҳама муносибат бо занро омӯзонад. Он гоҳ дар зинаҳои поёнӣ ва байни мардум ҳам таъсири онро метавон дид.
Вагарна шумо шаб садто барнома пахш кунеду саҳар дар бозорҳо дар пеши чашми мардум милисаҳоятон бори занони чарчинфурӯши лаби роҳро бо шатта зада, ҳақоратҳои бадтаринро нисорашон кунанд, ҳеҷ фоидае аз барномаҳоятон нахоҳад буд. Ё танҳо дар миёни занони мансабдору корманди ҳукумат бояд бо ҳушунат мубориза бурд?
Ё вақте зане кӯдаки бемораш дар даст ба беморхона мераваду танҳо ба хотири руймолаш милисаву амният монеъи даромаданаш мешаванду таҳқираш мекунанд, магар ин хушунат алайҳи занон нест?
Вақте дар мактаб муаллим талабаро ба хотири руймолаш таҳқир мекунад, ин хушунат алайҳи занон нест?
Вақте ба хотири руймол вазири як кишвар як қишри занонро “маймун ё зоғи сиёҳ” хитоб мекунад оё ин хушунат алайҳи занон нест?
Вақте президенти як кишвар занонро танҳо ба хотири доштани руймол бесаводу ҷоҳилу бероҳа мехонад, магар ин хушунат алайҳи занон нест?
Мутаассифона, имрӯз аз хушунат танҳо латӯкубро мефаҳманд. Аммо ҳамаи ин амалҳо хушунат алайҳи занон ҳастанд.
Табъиз байни занони мансабдору савдогар, ҳиҷобдору сарлуч, шаҳриву деҳотӣ ва ғайра, ҳама ба доираи хушунат алайҳи занон ворид мешавад.
Бобоҷони Қаюмзод