Абдулло Давлатов, табиб ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандии муқими Русия аз қисмати дигари ёддоштҳояш дар замони ҷанг нақл кардааст, ки шоҳиди вохӯрии Бозор Собир ва Сангак Сафаров будааст.
Давлатов навиштааст вақте Бозор собир дид Раҳимбек (қумондони мухолифин) ба Сангаку Рустами Абдураҳим чой медиҳад ба ӯ гуфтааст” инҳоро бурда дар майдон ба дор кашед, ки миллатро нобуд мекунанд”.
Зоҳиран сухан аз замоне меравад, ки Сангаку Рустами Абдураҳим ба дасти мухолифин асир афтода буданд. Он замон мухолифин ин дуро то Кӯлоб бурда буданд, вале онҳо Муаҳаммадлоиқ Фозилов, нафаре, ки то Кӯлоб ҳамроҳияшон карда буд ноҷавонмардона ба қатл расониданд.
Матни ёддошти кӯтоҳи Абдулло Давлатов ба шакли зер аст:
Соли 1992… Шояд гуфтаҳои лафзӣ тамом шуду иштирокчиёни ду майдон даст ба гиребон шуданд.
Рӯзе яке дӯстони панҷакентиям (номашро ба хотири он намеорам, ки ҳоло дар Душанбе зиндагӣ дорад), ки яке аз фаъолони майдони «Шаҳидон» буд занг заду хоҳиш кард, ки фаврӣ ба биноӣ «ЦК» (ҳоло қасри президент) биёям.
Дар Пажуҳишгоҳи модару кӯдак ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода воқеъ аст, кор мекардам. Яъне, ба майдони «Шаҳидон» нисбати дигар бемористонҳои шаҳр наздиктар буд.
Омадам. Маро ба таҳхонаи бино бурданд.
Гирди дастархоне Сангак Сафаров, Рустами Абдураҳим нишаста буданд.
Ба хотири он даъватам карда будаанд, ки лаби поёни Рустами Абдураҳим аз тарафи чап дарида будаасту лабаш кашол буд.
Лабашро духтаму аз хун тоза кардам. Нав мехостам тавсия диҳам, ки Раҳимбек ворид утоқ шуд. Раҳимбек яке аз қумондонҳои номии он замон буд. Ӯ баъди салом сари дастархон нишасту пурсид:
— Чи хел бобои Сангак?
Сангак:
— Бачота ниго намекни?! И мардака лав ниго кн…
Ҳамин лаҳза Бозор Собир аз куҷое пайдо шуд. Раҳимбек аз ҷояш хесту салом кард.
Б. Собир гуфт:
— Раҳим! Ту чӣ ба инҳо чой медиҳӣ?! Инҳоро бурда дар майдон дор кашед!
Рафта саркардаҳояшонро дар Кулоб ба дор кашед, ки инҳо миллатро нобуд мекунанд!
…баромаду рафт.
Имрӯз Бозор Собир онҳоеро террорист мешуморад, ки замоне худаш онҳоро ба терроризм даъват мекард! Аҷаб дунёе…
То имрӯз бархе аз «равшанфикр»ону «олим»ону «шоир»они тоҷикро мебинам, ки ошкор ё ниҳон миллатро ба бадбинии якдигар ва ё душмании бар бегонагон мехонанд.
Бехабар аз он, ки олиму шоиру равшанфикри асил башарият параст аст, на тафриқаандоз!