Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Аввалин ҷазои марди сабукпо пас аз пешниҳод

$
0
0

Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш бо гузоштани акс аз таҳқири як мард нисбати занони дар роҳ истода хабар додааст. Ӯ навиштааст ин мард савори мошин “ҳар духтар ё занеро дар роҳ рост истода бубинад, наздаш ист карда, ба «дамгирӣ рафтан даъват мекунад!»”

Рӯзноманигори тоҷик ин рафтори марди фосиқро дида хостаст аз қазия бештар огоҳ шавад ва он мард ҳамин пешниҳодашро ба ӯ ҳам кардааст. Тибқи гуфтаи Гули Зард он мард синнаш аз миёна болотар ва сараш сафедшуда аст.

Бо нашри акси мошини марди фосиқ ва нақли ҳаракоти таҳқиромезаш нисбати занон дар роҳ, нависандаи тоҷик амалан ӯро ҷазо додааст. Ҳарчанд ин ҷазо расмӣ нест, метавон онро аввалин ҷазои мардони сабукпо пас аз пешниҳод номид.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод карда буд, мардони сабукпо, яъне онҳое, ки аз хидмати занони танфурӯш истифода мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Навиштаи Гузи Зардро бидуни таҳрир нашр мекунем:

ҶАЛАБ ДАР РОҲ

Эҳтиёт бошед!

Ба ӯ фарқ надорад, ки ин Модар аст ё хоҳар ва ё ҷияни нафаре.

Нодидаи бечора аз куҷое пул пайдо карда ҳамин «Қараванро» (дидаву дониста караван неву қараван навиштаам), харидаасту акнун ҳар духтар ё занеро дар роҳ рост истода бубинад, наздаш ист карда, ба «дамгирӣ рафтан даъват мекунад!»

Ҷавонмард нашуда, мур ба ҳамин ҳолат!

Ба сараш кайҳо сафедӣ дамидаву нав акнун савора шудааст ва гумон мекунад, ки олам дар таги пояш…

Кош фарзандон ва ҳамсараш аз ҳамин рафтораш огаҳ шаванд.

Наход аз нисф беши умрро паси сар карда, ақл надошта боши ва ё лоақал одамгариро ёд нагирӣ?

Ман аз дур рафторашро наззора мекардам. Баъд наздиктар рафта худро ба нодонӣ задам. Ӯ бехабар азоне, ки ман аз кирдораш огаҳам ба ман ҳам наздик омада гуфт:

— Биё, мебарамат!

— Раҳмат, бародар, ман мошин дорам, гуфтамаш.

Гуфт:

Бепул мебарамат, як бор ме…ии, тамом.

Ай бар падарат лаънат! Наход ту зану хоҳар ва ё духтар надошта боши! На ҳар зан аз хушнудӣ ба бозор ё ба кор меравад ва агар мо коргарем, пас ин маънои онро надорад, ки ҳар хару нархар метавонад пеши роҳамонро гирифта таҳқир намояд! Бахшиш мепурсам бародарону фарзандони азиз, ман танҳо дар шахсияти ҳамин ронанда, ки рақами мошинаш намоён аст ва инҷо гузошта,суханҳои болоро раво дидаам.

Илоҳо Худо ҷазояшро бидиҳад ва шумо ҳам дониста бошед, ки як бетамиз дар роҳҳои шаҳри Душанбе ҳамсару хоҳар ва духтарони азизатонро таҳқир мекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>