НАҶОТИ ЗАНОН АЗ “ЛИБОС”…
Агар ҳамаи қавонинеро, ки ҳамарӯза дар Тоҷикистон вазъ ва бар сари 8 милион аҳолии он таҳмил мекунанд, ба шакли як китоб ба нашшр бирасонем, “Маснавӣ ҳафтод ман коғаз” на, ҳафтсад ман коғаз хоҳад шуд. Шояд ин азимтарин китоби қонун ва аз ҷиҳати вазн гаронтарин китоб дар дунё бишавад!
Ворид кардани ин “Китоб” ҳам ба “Китоби Гинес” мушкил нахоҳад буд, зеро дар баробари он дигар китоби қавонин дар ҳеч кишвари ҷаҳон пайдо нахоҳад шуд.
Ҷойи ҳайрат ҳам ҳаст: ин ҳама қонун барои 8 миллион нафар? Ин 8 миллион нафар магар тоза аз ғорҳои қарни санг берун омадаанд ё магар аз кадом ҷангале тоза ба ҷаҳони одамӣ ворид шудаанд ё тибқи назарияи Дарвин тоза аз ҳайъати маймунӣ ба кисвати одамӣ дохил шудаанд, ки барои ҳар нафасу ҳар қадамашон “Қонун” менависанду ба имзо мерасонанд?!
Чину Ҳинд бо он ҳама нуфус ин қадар қавонин барои миллали хеш шояд надошта бошанд. Русияву Амрикову Уруппо ҳам чунин қавонинсозиро надошта ва шояд нахоҳад дошт!
Аз рӯйбардор шудани қонунҳо аз дафтари қавонини дигар милал ҳарфе намегӯям. Шумо як –як шахсиятҳои мунтасаб ба курсиҳои парлумони кишварро мавриди омӯзиш қарор диҳед. Донишу фаҳмишу то куҷо инсони муосир будани онҳоро омӯзед ва онгоҳ то куҷо “қонуннигор” будани онҳоро баён намоед.
Албатта, ман чаҳор ё панҷ нафар мардони хуб донишмандро медонам, ки дар навиштани қонунҳо заҳмати зиёд мекашанд, ва касонеро ҳам нек медонам, ки ба ин қавонин тафсиру табсира менависанд. Натиҷаи заҳамоти онҳоро дар парлумон мунтасабон “ҳа” мегӯянд (ба “не” гуфтан, солҳост, ки қаҳт задааст!).
Аммо дар маҷмуъ ин ҳама қавонин бо такя ба қонунгузориҳои Русия эҷод мешаванд. Фарқ ин аст, ки қонунҳоро ба шароити феълии мардуми тоҷик мувофиқ мекунанд.
Дар ин авохир чандин “қонун”-е, ки дар зоти худ “нақзи қавонини инсониву шаҳрвандӣ” ҳастанд, дар олами қонуннигориву қонунгузории ҳукумати кишвар ба тасвиб расид, ки ҳамагӣ дар навбати аввал “гурез аз мушкилоти аслӣ” ва онгоҳ шикастани саросарии ҳуқуқи инсонҳо ва поймол кардани шарофати онон мебошанд. Ин даста “қавонин” дар қонунгузории ҳеч кишвари муосир ҷой надорад.
Қонун дар бораи танзим
Нахуст, “Қонун дар бораи танзим” аст. Намегӯям, ки ин қонун комилан нозарур буд. Зарурати як навъ ислоҳот дар маъракаву маросими мардум вуҷуд дошт, аммо “на ба ин шӯрии шӯрӣ ва на ба он бенамакӣ”.
Масалан, фарқ нагузоштани иддае аз мардум (аслан мансабдорону тоза ба сарвату мукнатрасидаҳо) ба маросими азову сур. Суфраи як азодор аз суфраи соҳиби сур бо надоштани хамриёт ва мусиқиву рақс фарқ мекард. (Ин фарқ накардан асосан дар пойтахт ва бархе навоҳӣ ба чашм мерасид. Деҳот аз ин “расми нав” тақрибан ба дур буданд.)
Мебоист танҳо ҳамин тариқи суфраороӣ дар азо манъ карда мешуд.
Аммо, додани ошу ноне, ки аз қадим роиҷ буд, вобаста ба тавоноии иқтисодии мардум ба ихтиёри онон дода мешуд. Яке дораду мехоҳад мардумро нону обе диҳад, чаро надиҳад ва чаро ин хостааш мамнуъ бошад? Додани ошу нон ба хешу табору ҳамдеҳон – ҳеч ҷурме нест!
Аммо ин қонун тадриҷан домани амалиёти худро густариш додаву то ба чи гуна гиря кардану кадом навъи либосро пӯшидани мардум – дахолати ошкор кард. Ин нақзи аланои ҳуқуқи инсонҳост.
Худи Шариат дар ин маворид қонунҳои худро дорад ва танҳо дуруст расонидани он нукот кофӣ буд, ки мардум донанд, ки масалан дар азои касе рӯйу мӯйи худро кандан, гиребони худро пора кардан, ба сари худ хок кашидан… хуб нест!
Аммо дар мавриди либоси азодорӣ. Мардуми ҳар маҳал вобаста ба пешинаи урфи худ, аз либосҳову рангҳои гуногун истифода мекунанд. Масалан, бархе аз мардум дар рӯзҳои азо аз либоси сиёҳ, қисмате аз либоси сабз ва иддае ҳам аз ранги сафед истифода мекунанд. Намоди азодор будани ононро аз ранги либосашон ҳамшаҳриёнашон мефаҳманд. Намешавад, ки бо фармон ба мардум таҳмил намоӣ, ки: “дар рӯзи мурдаи касонат бояд ҳамагӣ фалон хел либосро бо фалон рангу фалон тарзи духт бипӯшед!” Ин аҳмақист!
Азодорӣ ҳам фарҳанги хосси худро дорад ва он вобаста ба пешинаи мардум, шароити зисти мардум ва одоту боварҳои онон сурат мегирад.
Риштарошии Вазорати умури дохила
Қонуни нонавиштаи дигар, ки қатъан муҷрии он Вазорати умури дохила буду ҳаст, тарошидани риши мардон буд. Дар риши мардҳои кишвар дидани “хатар” ва бо зӯр тарошидани ону баёноту имзо гирифтан барои “бериш” мондан – агар қонуншикании ошкор, салби ҳуқуқи инсонӣ, дахолат ба табиати инсон нест, пас чист?
Агар риштарошӣ ва ё беришӣ инсонҳоро аз таъассубу хурофоту ҷаҳлу бедонишӣ наҷот медода бошад, агар беришӣ поёни ҳамаи хушунату амалҳои даҳшатафканӣ дар ҷаҳон бошад, пас инсоният бояд аз риш ба тамом даст бикашад. Аммо доштани риш ҳеч иртиботе ба ҷаҳлу бедонишиву амалиёти даҳшатафканӣ надошту надорад.
Инки гуруҳҳои омодакардаи хориҷӣ бо номи “гуруҳи исломӣ”, бо доштани ришу тасбеҳу хондани намозу такбир гуфтан даст ба қатлу харобкориву таркишу ҷангҳои азим мезананд, наметавонад боис шавад, ки ҳар кишваре риши мардонашро тарошаду ба ҳамин бехиёл аз моҷароҳои пасипардагии кишварҳои абарқудрат шавад. Инҳо баҳонае барои сохтани як ҷангу тиҷорати ҳарбӣ, ворид шудан ба як кишвари мушаххасу ба шакли муосир мустамлика кардани он, нобуд кардани дину фарҳанги он… буданду ҳастанд!
Агар мӯйи бадани тамоми мардони Тоҷикистонро ҳар рӯз мақомотиҳо битарошанд, кишварҳои тавсиъаталабу тамомиятхоҳу муғризи абарқудрат боз ҳам “ДОИШ”-е, “Толибон”-е, “Ҳизби исломӣ”-е, “Хилофат”-е… месозанд ва бо гунаҳои дигару амалкардҳои дигар!
Манъи намозгузории насли ҷавон
Аз самти дигар, тарошидани риши мардон, кандани масоҷид ё ба амокини дигар табдил додани он, манъи намозгузории насли ҷавон, бастани макотиби олии динӣ… маънои “давлати демократӣ” буданро надошту надорад!
Бубинед, агар масҷид озоду намозгузор озод ва интихоби сарулибосу анҷом додани маросиму одоташ озод бошад, боз ҳам идораҳои дахолатгари хориҷӣ баҳонаи дахолати худро, ҳарфи интиқодии худро ва ангушти таҳдиди худро пеш хоҳанд овард!
Агар ин ҳамаро мамнуъу масдуд созед ҳам, боз баҳонаву интиқоду ангушти таҳдидашон мавҷуд аст!
Яъне, ҳеч гоҳ намуди зоҳирии сокинони як кишвар, дину мазҳаби онон, сару либоси онон, урфу одати онон, тариқи баргузории суру азои онон баҳонаи дахолат ба умури давллатдории абарқудратон набуду нест. Баръакс, тариқаи бархурд ба ин ҳама баҳонаи дахолат хоҳад буд!
То ин дам қавонини дар ин маворид қабул кардаву ба мардум таҳмилнамудаи ҳукумати феълӣ “нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон” унвон шудаву унвон мешавад.
Ин як баҳонаи дахолат, як баҳонаи ҷустани роҳҳои дахолат шуда ва хоҳад буд!
Авруппо аз дерест, ки макони ҳиҷрати мардуми кишварҳои исломӣ, хосса кишварҳои ҷангзадаву даргири ҷанги исломӣ шудааст. кишварҳое, ки бо дахолати ошкори Амрикову ҳамтоёнаш ва аз ҷумла дахолати худи кишварҳои урупоӣ ба ҷанг кашида шудаанд. Дар Ироқу Сурияву Мисру Афғонистону… кӣ оташи ҷангро фурӯзон кард? Кӣ ба ин кишварҳо ҳуҷум кард? Баҳонаи ҳуҷум чи буд?
Нақзи ҳуқуқи башар
Бале, дар ҳамаи ин кишварҳо баҳона “нақзи ҳуқуқи башар” буд, агари башар бо ин ҳуҷуму пуштибонӣ аз “ҳуқуқи инсон” дар ин кишварҳо ба хоку хуну хокистар кашида шуд!
Дар иваз, шаҳрвандони ин кишварҳо бояд ба куҷо паноҳ баранд? Табиъист, ба самти Амрикову Канадаву кишварҳои Аврупоӣ. Аврупо ҳам милионҳо нафар мусулмонро дар ин чанд соли охир паноҳ дод. Кӯчаҳои Авруппо пур аз мардуми мусулмон аст: арабу африқоиву паштуну ҳазораву эрониву турку тоҷику чечену узбеку озариву арманиву…
Ҷолиб аст, агар доштани ришу ҳиҷоб, хондани намозу сохтани масҷид асли хатар ва сабаби ноамниву даҳшатафканӣ бошад, пас чаро дар Авруппо ин ҳамаро ба муҳоҷирону паноҳандагон мамнуъ намекунанд? Чаро тамоми занони арабу турк (масалан, туркҳо баъди ҶБВ ба Олмон омаданд ва аз ҷиҳати нуфуз дуюмин миллат ба ҳисоб мераванд!), эрониву хуросонӣ ва ҳамаи заноне ки аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Чечен омадаанд, инҷо ҳам бо ҳиҷоб мегарданд? Чаро дар ҳар ҳаҳри аврупоӣ ҳеч мамониате барои сохтани масоҷид нест? Чаро ҷавону пири мусулмон инҷо низ бо ҳамон риш мегарданд? Чаро ҳеч аҳаде бо чашми тарс ё нафрат ё таъаҷҷуб ба онҳо наменигарад?
Зимнан, ҳамин як моҳ пеш рӯзномаи бонуфузи олмонӣ бо нашри акси занону духтарони либоси исломидошта, аз фарҳанги худ посдорӣ кардани онҳоро ситоиш кард!
Хатарҳои ҳукумати худкома
Мушоҳидаву посухи ман ба ин суолҳо ҳамоно якест: сурати зоҳири инсонҳо, дину мазҳаб ё бединии онҳо, сару либоси онҳо, урфу одату маросими онҳо мояи нигарониву хатар барои инсони аврупоиву амрикоиву конодоӣ набуду нест. Хатарро онҳо дар худкомагии роҳбарони кишварҳои мавриди назари худ ҷустуҷӯ мекунанд. Хатарро онон дар бедонишӣ, дар бекориву фақри иқтисодиву фақри зеҳнии мардум мебинанд.
Дар хурдтарин деҳот (аслан “деҳа” ба маънои табиъияш дигар вуҷуд надорад)-и Авруппо калисо мавҷуд аст. Калисоҳои ду мазҳаб дар шафати ҳам ҷой доранд ва ноқусҳояшон баробар ба садо даромадаву дар атрофу акноф шунида мешаванд. Дар масоҷиди мусулмонҳо низ азон дода мешавад. На дар садои ноқуси калисои худ ва на дар намозгузориву садои азони мусулмон онон хатар мебинанду хатар меҷӯянд.
Пас, мубориза ба муқобили ришу намозу масҷиду дастархонороиву либоси занон дар Тоҷикистон, мубориза ба муқобили тундгароиву бесаводиву таъассубу хатар ба сохти демократӣ набуду нест ва ин тариқи “мубориза” ҳамоно дар кишварҳои берунӣ “нақзи ҳуқуқи инсон”, “фишор”, “нақзи қавонини демократӣ”, “ҳукуматдории худкомаӣ” ва “ситамсолорӣ” унвон шудаву мешавад.
Бошад, қабул дорем, ки ҳукумати феълӣ ба хотири худро “ҳукумати демократӣ” ҷилва додан ё ҳамеша дар хатти аввали “мубориза бо террорисм” будану дар ин росто Амрикову кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро дастгирӣ карданаш на, чунин барномаро рӯйи каф нагирифта ва ҳадафаш танҳо хушиву рифоҳи мардум аст.
Магар бо қадаған кардани урфу одати пешини мардум, ки бар асари он фарҳанги нобу вижаи мардум ба боди нестиву фаромӯшӣӣ дода шуд, боиси беҳбудии вазъи иқтисодии мардум шуд?
Омори дурӯғини мақомот
Ҳамасола масъулиони иҷроиши Қонун дар бораи танзим аз кушта нашудани фалон ҳазор гову гусфанд омор меиҳанд? Аз онҳо чаро пурсида намешавад, ки чи гуна ин саршуморро ба даст овардед, аз куҷо медонистед, ки мардум чанд сар гову гусфанд дошт ва маҳз дар маъракааш гов ё гусфандашро накуштааст? Магар чун ҳисобкунакҳои барқиву об дар оғилҳову чарогоҳҳо низ ҳисобкунаки саршумори гову моли мардум ихтироъу насб кардаед?
Ошкор аст, ки чунин оморе аслан поя надорад ва баръакс, бо қабули ин қонун, ҳоли мардум бадтар шуд. Чи гуна? Бо одитарин мисол, нархи тамоми маҳсулоте, ки барои як маърака истифода мешуд, то қабули ин қонун поин буд ва баъди қабули он ба якбора боло рафт. Қимати 1 кило биринҷ баробари қимати 5 кило биринҷи пештар ва 1 кило гушт баробари 10 кило гушт ва ширинӣ… ва…
Инҳоро масъулон ҳеч гоҳ нагуфтаву нахоҳанд гуфт! Ин қнун мояи даромади аслии онҳост!
Маъракадореро дар деҳа масъулони ин қонун аз ноҳия омада ҷарима карданд. Дар “рӯзи корӣ” ба мардуми деҳа оши худоии падарашро дода буд. Ман он рӯз дар деҳа будам. Тирамоҳ буд.
Ҳадафи ин қонун аз кор (кори давлатӣ ҳатман) намондани кормандон аст. Дар деҳа “корманд” кист ва кор чи корест?
Лаънат ба қонуне, ки зарурати амал ба он набошад!
Мактаб муассисаи давлатисту муаллимон кормандони ин муассисаи давлатӣ мебошанд. Ҳамчунин табибон. Аз даврони Шӯравӣ ёд дорам, ки ба муаллимону табибон ва беморон ошу нонашонро дар вақти чошт мефиристоданд, яъне муаллимону табибон корро партофта ба маъракаи мардум ҳаргиз нарафтаву ҳоло ҳам намераванд!
Мардуми деҳа. Ҷавонҳову миёнсолҳо дар Русияанд. Мемонанд кӯдакону пирсолони бекор. Занҳо, ки саросар бекоранд. Суол ин буд, ки ин маърака ба кадом “рӯзи корӣ” халал ворид кард?
Посухи зарифе чунин буд: “Ба хазонрӯбии занон дар Потувет!”
Лаънат ба қонуне, ки дар ҷое амал кунад, ки зарурат ба он абадан набошад!
Маҷмуан, Қонун дар бораи танзим пас аз як сол муфид набудани худро дар кишвар ба субут расонид, аммо онро бекор накарданд. Масхаратарин қонун дар кишвари мо бекор карда намешавад, зеро дар зери он имзои президент аст. Гунаҳкор президент нест, гунаҳкор тамаллуқгарон ва бадтар аз онон, мансабдороне ҳастанд, ки ҳар қонунеро ба догма табил медиҳанд ва имзои зери онро осмонӣ мепиндоранд!
Қонун вобаста ба шароит бояд тағйир кунанд, бояд бекор ё бознигарӣ шавад. Қонун ояти Қуръони Маҷид нест, ки ба он қалам задан, онро канор гузоштан мояи куфру бадбахтии равонии мардум шавад.
Ин масоилро борҳо гуфтаву навиштаву дар рӯзнома ҳам чоп кардаем. Аммо,…
Инак, сару садои либоси занон ва “қонун”-е дар ин самт ба миён омад!
Масхараи қонун ва мардум
Ростӣ, бояд ҳукуматдорӣ ва мардуми мо ҷои масхараи тамоми башарият қарор бигиранд. Ин чи кишварест ва ин чи миллатест, ки барои куртаву эзору рӯймоли занонаш низ “қонун” баровардаанд?! Қонун: Бояд эзорат фалон матоъу духташ фалону мудаш фаону рангаш фалону дарозиву кӯтоҳиву бару паҳниву тангии он фалон бошад!
Масхара нест?! Сари тамоми масхарагиҳову ҳеч карданҳост ин қонуну ин сарниҳӣ дар баробари он!
То акнун чанд китоб дар мавриди таърихи либоси миллӣ дар Тоҷикистон ба нашр расидааст? Чанд олим дар ин самт пижӯҳиш кардаву чиҳоро ба чоп расонидаанд?
Шояд “китоб”-и Гузал Майдиноваро дар ин самт “асари тадқиқӣ” меҳисобанд, ки нақшу тарҳи либосҳои милли тоҷикро “уйғурӣ” тавсиф кардааст?
Ё “китоб”-и Фароғат Азизиро дар ин самт асари “тадқиқӣ” меҳисобанд?
Ҳиҷоби зан!
Ман муқобили пазириши либоси занонаи арабиву туркӣ – бахши “ҳиҷоб” – он ҳастам! Рост, бо дидани он гуна, кас фикр мекунад, ки соҳиби либос ё араб аст ё турк. Зеро либос танҳо василае нест, ки баданро аз гармову сармо ва аз чашми дигарон ҳифз мекунад. Либо с дар худ вазоифи дигаре ҳам дорад. Бо либос миллияти кас, дини кас, мазҳаби кас, вилояти кас, мақоми иҷтимоъии кас мушаххас мешавад. Яъне либос ҳам як навъ Шиносномаи шахс аст, ки маълумоти фаровону боарзишеро дорад. Айни замон либос аз қадимияти фарҳанг низ ҳарф мезанад.
Либос ҳамчунин баёнгари фаслҳои сол, ҳисси зебоишиносии инсон, завқи онро дар муносибат бо рангҳо баён мекунад. Либосро намешавад як чизи одиву маъмулӣ пиндошт.
Интихоби либос кори шахсии ҳар инсонест ва онро дар ҳеч кишваре бо зӯру бо қонун ба кас намепӯшонанд ё аз танаш берун намекашанд, ҷуз дар мавориди сиёсӣ! Масалан, агар дар либос нишони кадом гуруҳи зиддибашарӣ бошад, ба пӯшандаи он дар ҳамон кишвар бархурди қонунӣ сурат мегирад, аммо маълум аст, ки ин бархурд ба омаи мардум нест.
Ҳамин тавр, либоси мардуми турк баёнгари турк будани онон, либоси араб баёнгари араб удани онон ва либоси африқоиҳо баёнгари африқоӣ будани онҳост! Чаро масалан дар Бадахшон тоқии чоргули зарафшониҳоро намепӯшанд ё баръакс, чаро аз анвоъи тоқияҳои хушгулу хушдухти бадахшонӣ ё хатлонӣ дар дигар нуқоти кишвар ба сар намегузоранд? Чаро либоси остинвасеъу остиндарози занони зарафшонӣ ё хатлониро дар ҳамаи кишвар истифода намекунанд?
Зеро, ин навъи либос хосси ҳамон маҳаллу ҳамон табиату ҳамон мардум аст ва собиқаи тӯлонӣ дораду ба як навъ намод табдил ёфтааст.
Либоси миллати мо!
Аз тарафи дигар, башарият таъсирпазир аст, миллатҳо дар фарҳанги либосу хӯроку зиндагиву ҳар чизи дигар аз ҳамдигар таъсир мепазиранд. Либоси миллати мо бо таъсири русҳо, либоси аврупоӣ шуд. Вагарна ҳамон пироҳану тунбоне, ки мардуми Кобулу Зобулу Систону Бомиёну… ба бар мекунанд, дар тани мардуми мо низ буд.
Мо аз “атлас” мефахрему онро “матоъи миллӣ” меномем. Аммо “атлас” ба чандин миллатҳо таъаллуқ дорад ва агар иштибоҳ накунам, мисли дарахти зардолу аз Чин омадааст. “Чакан” хоси танҳо қисмати ҷануби кишвар нест, балки дар Афғонистон низ бо ҳамин ном, вале гунаи дигари худро дорад. Дар Узбакистон ҳам “чакан” ҳаст.
Ҳадафам, аз ин мисолҳо таъсирпазирии миллатҳост. Акнун дар сари мардҳо як навъ “тоқии хитоӣ” ҷойи тоқии миллиро гирифтааст. Ба он “тоқии каммасраф” низ ном ниҳодаанд!
Чин на танҳо ба замину корхонаву имкониятҳои табиъии мавҷуд дар Тоҷикистон чашм духтаву аллакай ба хостаҳои худ ноил гардидааст, боз ба либоси мардуми мо низ кор дорад! Аз “ҷиҳак” – тасмаи гулдӯзии сари почаи эзори занон сар карда, то тоқии мардони тоҷикро “копӣ” кардаву ба қимати арзон ворид кард! Ин аст хатари фарҳангӣ ва аз миён бурдани ҳунари аслӣ!
Гуфтам муқобили либоси туркиву арабии “ҳиҷоб” ҳастам. “Ҳиҷоб” барои зани мусулмон ҳатмист, ман ҳеч гоҳ инкори онро ҳамчун мусулмон ба худ иҷозат намедиҳам. Ончи Худо фармудаву ончи Шариати Набӣ(с) пеш оварда, барои ман муҳтараму қобили қабул аст ва ҳар касе онро рад мекунад, худ медонаду гуру аъмолаш. Ман ҳамчун мусулмон хилофи дастури Худову шариати Ӯ набудаму нестаму намешавам!
Аммо, хуш дорам, ки ҳар миллате ба фарҳанги худ, аз ҷумла ба либоси худ аҷр гузорад, онро фаромӯш накунад, қадимияти онро ҳифз ва айни замон ба ҷаҳони муосир мутобиқати онро кор кунад.
Мерос аз Бухорои тоинқилоб
Аксҳои бозмонда аз Бухорои тоинқилоб, сарулибоси қадимии занони деҳот нишон медиҳанд, ки зани тоҷик ҳеч гоҳ “сатр” ё “ҳиҷоб”-и туркиву арабӣ надошт. Ҳанӯз ҳам дар Кӯҳистон ва низ дар Самарқанду Бухоро, занони калонсол ба сари худ як ҷомача ё яктаҳеро партофта ба кӯча мебароянд ва ё остини васеъи куртаи худро пеши даҳонашон гирифта ба ҷое мераванд!
Ҳанӯз ҳам рӯймоли калон (“қарс”) барои занони Бухорову Саамарқанд ва Кӯҳистони Тоҷик вазифаи қадимии худро ба ҷои “сатр” ва “ҳиҷоб”-е, ки бар сари он муноқиша то қабули як қонуни масхараи дигар кашид, иҷро мекунад.
Қатъан чунин мепиндорам, ки аксари занону духтарони тоҷик навъи туркиву арабии ин либосро ба хотири зебоии он пазируфтанд. Барои ин амр пеш аз ҳама филмҳои туркӣ муассир буданд.
Ҳиҷоби зардуштиён
Сониян, ин навъи либос ба мояи тиҷорат табдил ёфт. Ранги сиёҳи он на, сафеди он зебост. Воқеан ба занон ҳусни бештар мебахшад. “Одаму либос” гуфтаанд ва ин гуна истисно нест.
Вале ин таъсирпазирӣ боз ҳам на дар деҳоти кишвар, маҳз дар Пойтахт ривоҷ дошт! Аммо мушти сангини он бар сари тамоми занони тоҷик фаромад.
Дар умум, ҳиҷоб хосси танҳо зани мусулмон нест, балки пеш аз Ислом дар ҳаёти зани тоҷик вуҷуд дошт. Дини зардуштӣ низ маҳҷуба будани занро шарт гузоштааст. Ҳанӯз ҳам занони зардуштӣ бо ҳиҷобанд.
Саргирак ва рӯймоли калон
Аммо ҳиҷоби зани минтақаҳои кӯҳистонии тоҷик “саргирак” ва рӯймоли калону остини васеъи ӯ буд, ки рӯяшро аз номаҳрам пинҳон мекард.
Гунаҳои либоси ҳозиразамони занон аз як гури дастаҷамъии занон дар Балх ба даст омадааст, ки қадимияти онро 5000 сол гуфтаанд. Яъне пироҳани танг, пироҳани кӯтоҳостин, пироҳани кӯтоҳ дар қадим ҳам буд. Аммо онро занон берун аз ҳарами хеш намоиш намедоданд.
Намунаи либосҳе, ки “миллӣ” гуфтаву ба хотири “мубориза ва решаканкунии либоси туркиву арабӣ” ва тасвиби ин Қонуни дигар пешниҳод кардаанд, зебост, аммо барои саҳна, аммо барои рӯзҳои иди Наврӯз, барои арӯсӣ.
Ин анвоъи либосҳоро аксаран аз атласу адрас омода кардаанд. Мушкилоти ин либосҳо дар чист?
Пеш аз ҳама, корхонаҳои истеҳсоли атласу адрас дар кишвари мо чун аксарияти корхонаҳо ё аз кор афтоданд ё аз миён рафтанд. Корхонаи атласи Душанбе вуҷуд надорад, “Хуҷандатлас”… намедонам то кадом ҳад кор мекунаду сифати истеҳсолаш дар кадом поя ҳаст. Адрасу атласро аксаран аз Узбакистон меоваранд.
Ин матоъҳо ба хотири камбар истеҳсол шудани онҳо, ба дарди умуми мардуми мо намехӯранд. Зеро барои як либосвории он, бояд аз он зиёд харидорӣ кард. Онгоҳ, қимати он ҳаргиз поин нест. Ва бадтар аз инҳо, сифати ин навъи матоъҳо дар ҳаддест, ки агар соҳиби либос як бор зери борон бимонад ё якбор ин либосро шӯяд, тамом. Бояд дубора барои худ либос дӯзад.
Зарарҳои «муд» ба киссаи мардум
Духтани либосе бо ин “муд” арзон нест ва зарари азими дигар ба мардум мерасонад. Гузашта аз инҳо, ин матоъҳо барои фасли гармову муътадиланд ва барои зимистон масъулон чизеро пайдо накардаву пешниҳод нанамудаанд!
Зероо омӯзиши онҳо дар сатҳи бинишу тафаккуру шинохташон аз фарҳанги пешини миллати худ дар сатҳи қонунашон будаву ҳаст!
Вагарна мегуфтанд, ки дар ҳамаи манотиқи кишвар занони тоҷик дар зимистон аз анвоъи гуногуни камзулчаҳои бахмаливу пахтагӣ истифода мекарданд, ки ҷавобгӯи замони ҳозир низ ҳаст. Дар деҳоти Кӯҳистон аз “камзулпахта” (“камзурпахта” низ мегӯянд) –и дароз дар зимистон занон истифода мекарданду мекунанд. Камзулчаҳои бахмаливу пахтаӣ ва камзулпахтаҳои зимистонӣ ба ҷаҳони имрӯзӣ низ мувофиқанд!
Нагуфтаам, ки бояд чунин либосҳоро зани тоҷик ба бар кунад. Ман мисол овардам. Чун ҳадафи соҳибони ин “қонун” “муҳофизати либоси миллиизанони тоҷик” гӯё ҳаст.
Вақте “либоси миллӣ” ва “ҳифз”-и он асли гап бошад, пас боястӣ гунаҳои пешину роиҷи он мавриди омӯзиш, коркард ва истифода қарор бигиранд.
Дар ин “қонун” шояд аз “либоси милли мардон” ҳарфе набошад. Чун ба марди тоҷик ҷуз ба ришу намозу саллаш коре надоранд. Ҳамин ришу саллаву намозро тарк кунад – барои ҳукуматдории имрӯза – нуран алонур аст!
Либоси миллии мардонаву занона
Аммо вақте ҳадаф “либоси миллӣ”-ст, бояд он фарогири либоси марду зан бошад. Дар ин ҳол, чаро ба кормандони давлатӣ супориш дода намешавад, ки ҳатман дар сарашон тоқии миллӣ (тоқии маҳаллоти худ ё тоқии умумии тоҷикӣ), ҷома (зира, беқасаб, алоча), чакман, пӯстин, кафшу масҳӣ, миёнбанд… ба бар кунанд? Ва чаро ба донишҷӯйну умуми мардон ин “қонун” нест? Магар “либоси миллӣ” ҳамин костюму галстуку туфливу амсоли инҳост?
Бале, агар марди тоҷик акнун ҷома мепӯшаду тоқӣ ба сар гузорад, мепурсанд: “тинҷӣ ҳаст?”, яъне магар касе фавтидааст?
Ин фаҳмиши бад ҳам дар бист соли охир падид омад ва илло пеш аз ин Турсунзодаи қаҳрамон, Ғафурови қаҳрамон, Боқии қаҳрамон, Миршакари қаҳрамон, то Лоиқу Қутбиву Мастонҳо аз ҷомаи беқасабу тоқии чоргули тоҷикӣ ифтихор мекарданд ва бо он ба Масков сафар мекарданд!!!
Аксҳои онон гувоҳи қавли ман аст.
Инҳоро, ки гуфтам, дар омади гап буд. Инсон дар интихоби либоси тани худ озод бояд бошад. Хосса занон дар интихоби либоси худ бояд озод бошанд. Аср – асри ҷоҳилият нест, асри дигарест. Башарияти имрӯзаро наметавон ба асри миёна бурд ва ҳатто ба моҳе пештар баргардонд!
Як миллат аз гузаштаи худро донистану фарҳанги худро муҳтарам шумурдану бо дониши замонавӣ мусаллаҳ будан ва дину мазҳаби хешро аҷр гузоштан, ба оянда назар мекунад, худро ҳифз мекунад ва пеш меравад. Миллате, ки ғайрати худро аз даст додааст, миллате, ки тан ба султаи худкомагӣ додааст, миллате, ки камтарин ҳуқуқи худро намедонад, миллате, ки шиораш “Сар амон бошад – тоқӣ ёфт мешавад” шудааст, миллате, ки кӯр-курона ҳамаи фарҳангу торихи худро нобуд мекунаду ба пайомадҳои он пай намебарад, то куҷо пеш меравад ва то куҷо дар баробари ҳаводиси ҷаҳонишавӣ пойдор мемонад?
Иштибоҳҳои ҳукумати феълии кишвари моро дар мавриди либоси занону мардон, ришу масҷиду амсоли он, ҳукумати Паҳлавии Эрони кунунӣ ба маротиб сахттар муртакиб шуд ва дар натиҷа ҷои худро ба ҳукумати охундии Эрон дод!
Албатта, бо такя ба сиёсату мавқеъи Русияву дахолати ҳамасӯяи он бархе зимомдорони кишвари мо фикр мекунанд, ки аз дахолати абарқудратҳо ва имкони саркӯбияшон бо дасти онҳо, дар паноҳи Русия, ки худро соҳиби абадии ин кишварҳо меҳисобад, дар амон мемонанд!
Дуруст, Русия намегузорад, ки бозингарон дар кишвари мо ё дар ҷумҳуриҳои зери сояву султаи ӯ дигар дахолат кунанд. (Агарчи воқеаҳои Қирғизистон хилофи ин гуфтаи моро нишон медиҳанд). Аммо худи ҳамин Русия дар мавқеъи барои худаш зарурӣ ин ҳукматҳоро табдил мекунад, ин сиёсату қавонини “осмонӣ”, ин “пешво”-иҳоро бармечинад. Бовар намекунед? Мунтазири аҳвол мемонем ва пайомадҳоро менигарем.
Зимнан, дар Русия ҳам касе ба ришу намозхониву масҷид ғараз намегирад ва ба либоси занони мусулмон низ!
Хатар Шумоед!
Ҳарфи асосӣ ин аст: дар кишвари мо бо қабули чунин қонунҳо мехоҳанд ё чунин нишон медиҳанд, ки дар ғами беҳбудии аҳволи миллатанд! “Либоси миллии зани тоҷик”-ро муҳофизат мекунанд. Аммо либоси зани тоҷик дар хатар набуду нест, хатар, ҷанобон, дар пиндору гуфтору рафтори шумост. Шумо барои миллат ҳар лаҳза эҷоди хатар мекунед.
Миллат дар баробари рӯз ба рӯз бештар ворид шудани чиниҳо, корхонасозиву маблағгузории онҳо, бозорро комилан дар даст доштани онҳо (бо молу тиҷорат) дар хатар афтодааст.
Миллат на аз либоси занонаш ва на аз риши мардонаш, аз самти асолати қадимии худ – “генофонди миллӣ” – дар хатар афтодааст.
Берун рафтани рӯзафзуни мардон барои кору маош, дар монополия нигоҳ доштани тамоми соҳаҳо, дар ихтиёри худ доштани тамоми манобеъу корхонаҳо ва сарватҳои миллӣ, зудудани ҳофизаи торихии миллат, мубориза ба муқобили ториху фарҳангу урфу одоти пешини он ва ҳазорҳо мушкили дигар – ин аст хатари миллӣ!
Фақри дониш, фақри ҳуқуқи инсонӣ, фақри иҷтимоъӣ – ин аст хатари миллӣ.
И. Назар,
29.11.2017,
Олмон
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф