Оғозгари ҳамлаҳо кӣ буд?
Аслиҳаи Фронти Халқӣ аз куҷо таъмин мешуд?
Фармони Каримов барои ташкили ниҳоде барои кумак ба Фронти Халқӣ
6 октябр ин ҷабҳа қарори худро, ки он ҳам дар робита ба таъсиси Фронти халқӣ буд, содир кард. 8 сентябр дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи Кумитаи ташкилии Фронти халқӣ баргузор шуда буд, ки дар он лоиҳаи оинномаи фронт пешниҳод шуд. Ин оиннома 28 август ба дасти Сафаралӣ Кенҷаев дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд навишта шуда буд. Рўзи 8 сентябр пешниҳоду вазифаҳои зайл матраҳ буданд:
«- Ҳукумати Муросои миллӣ ва Президиуми Шӯрои олии ҷумҳуриро ғайриқонунӣ ҳисобида, то интихоботи ҳукумат ва раёсати нав бо роҳи демократӣ, он ва қонуну қарорҳояш эътироф карда нашаванд;
— Миёни мардуми деҳа, қолхозу совхозҳо, ноҳияву шаҳрҳо корҳои тарғиботӣ бурда, ақидаи нопоки оппозитсия (мазҳаби «ваҳҳобия» ва «демократияи исломӣ») ва ҳукумати амалкунанда (Ҳукумати Муросои миллӣ ва Президиуми Шӯрои олӣ) бо далелу бӯрҳонҳои қотеъ фаҳмонда дода шавад, ки мардум кӯр-кӯрона зери таъсири он қарор нагиранду эътирофаш нанамоянд;
— Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, колхозу совхозҳо, корхонаю ташкилотҳо шӯъбаи ситоди Фронти халқиро таъсис намуда, мардуми озодихоҳу қавииродаро гирди худ муттаҳид созанд. Барои таъмини амнияти мардум ҳамаи намуди силоҳу лавозимоти низомии мавҷударо ҷамъ оварда, ба ситодҳо супоранд;
— Аз ҳар шаҳру ноҳия ва гурӯҳҳо аз 10 то 20 нафарӣ ҷавонмардони ҷасуру пурқувватро аз 10 – уми сентябри соли 1992 барои омӯхтани малакаи қумондонӣ, сарварии ситод ва дигар масъалаҳои муҳим ба Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ фиристонанд» (Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо», саҳ. 510).
Ба навиштаи ҳамин манбаъ, фронт ду қисматро дар бар мегирифт, аввалӣ фарогири шаҳри Душанбе, навоҳии Турсунзода (маркази фронт), Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ленин, Кофарниҳон ва Файзобод буд. Дуввумиро барои навоҳии Ғозималик, Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритус таъсис дода, марказашро минтақаи Қизилқалъаи ноҳияи Ғозималик (Хуросони имрӯза) пазируфтанд.
Дар воқеъ, интихоб шудани марокиз барои ақсоми ҷабҳа ва инчунин навоҳие ки фронт бояд онҳоро дар бар мегирифт, аҳамияти вижа доштанд. Масалан, ноҳияи Турсунзода дар сарҳади Ӯзбакистон, макони таъминоти фронт буд, ҳамчунин мутобиқ ба нишондодҳои ҳамон сол, 183 700 нафар нуфус дошт, ки 60,5%-и онро ақвоми ӯзбактабор ташкил медоданд. Тоҷиконро (то январи соли 1993) 27,6% гуфтаанд, бошандагони боқӣ намояндагони дигар миллатҳо будаанд.
Соири навоҳие ки Фронти №1 онҳоро фаро гирифтан мехост, дар атрофи шаҳри Душанбе буданд ва дар ҳоли аз ҷониби Фронти халқӣ забт шудани ин минтақа дигар нерӯҳо, ки аз ҳокимияти Муросои миллӣ ҳимоят мекарданд, маркази кишвар ва ин навоҳиро тарк мекарданд. Ҳукумати Муросои миллиро низ тақдири норӯшан дар пеш буд, зеро муассисони фронт ва вукалои Шӯрои Олӣ аз шаҳри Қайроққум, вилояти Кӯлоб ва Ленинобод, пайи ҳам, 11, 12 ва 14-уми май алайҳи Ҳукумати Муросои миллӣ баромад намуда, возеҳ баён доштанд, ки онро эътироф наменамоянд.
АЗ ҒАЙБ ЗАДАНИ КЕНҶАЕВ ДАР СЕССИЯИ 16-УМ ТО ҚАТЛАШ
БОЗОР СОБИР ГУФТА БУД: «САНГАКРО БА ДОР КАШЕД!»
СУОЛҲОИ КАЛИДӢ АЗ СЕССИЯИ 16-УМ
ПРЕЗИДЕНТ Ё КОМАНДИРИ ФРОНТИ ХАЛҚӢ
ИҶЛОСИЯИ 16-УМ: ТАҚДИРССОЗ Ё ТАБАДДУЛОТ? (ҚИСМАТИ ДУВВУМ)
ИҶЛОСИЯИ 16-УМ: ТАҚДИРСОЗ Ё ТАБАДДУЛОТ? (ҚИСМАТИ АВВАЛ)
Навоҳие низ, ки Фронти №2 онҳоро бояд фаро мегирифт, аз аҳамият холӣ набуданд. Чор ноҳияе, ки ба ин қисмат мансуб буданд, масокини ӯзбак дар онҳо кам нестанд ва Қубодиёну Шаҳритус бо Ӯзбакистон ҳамсарҳад мебошанд. Қизилқалъа бошад, дар тарафи рости дарёи Вахш воқеъ буда, роҳи калони мошингарди Душанбе- Қӯрғонтеппа аз дохили он мегузарад. Яъне миёни ин минтақа ва деҳоти навоҳи Бохтару Ҷиликӯл дарёи Вахш ҷористу пуле ду ҷонибро бо ҳам васл мекунад. Дар ҳоли зери тасарруф қарор гирифтани Қизилқалъа аз ҷониби Фронти халқӣ Қӯрғонтеппа аз пойтахти кишвар канда мешавад. Ва ба рӯйи ҷонибдорони Ҳокимияти Муросои миллии дар Қӯрғонтеппабуда танҳо роҳи навоҳии Вахшу Калининобод (Сарбанди ҳозира), ки он ҷо ҳам тарафдорони Фронти халқӣ буданд ва баъдан, роҳи Колхозобод, Қумсангир ва Панҷ кушода мемонд, ки оқибаташ бунбаст буд. Вале як пули дигаре поёнтар аз пули Қизилқалъа ҳам буд, ки бо гузаштан аз он миёни кӯҳҳо роҳе буд, ки ба Лоҳури ноҳияи Ленин мерафт. Касоне аз ин роҳ убур кардаанд, онро «роҳи наҷот» номиданд.
БАРХӮРДИ ЧОРМАҒЗАК
Русия ва Ӯзакистон хоҳони ором шудани вазъи Тоҷикистон набуданд, бинобар аз нақлҳои афсарони рус аз манёврҳои ин ду кишвар поёнтар хоҳем гуфт, ки тасмимоти онҳо дар ин росто ошкортар мешавад. Бар замми ин ҳама сентябри соли 1992 вазъ печида мешуд, шабҳои пойтахт ваҳим гашта буданд, на ҳар кас ҷуръати гаштугузори шабонаро дошт. Дар деҳоти навоҳӣ дар баробари бурузи нерӯҳои бо ҳам мухолиф дастаҳои худдифоъ ташкил шуда буданд. Навоҳии тобеъи марказ ҳам чунин ҳол доштанд, ҳатто гуфта мешавад, дар ин навоҳӣ якчанд трактори тасмачархро ба «зиреҳпӯш» бадал кардаанд.
Шаҳри Душанбе, агарчи мутааллиқ ба доираи фарогири Фронти №1 буд, вале аз ҷониби Кӯлоб ҳам нерӯҳое аз самти Норак дар камин буданд, то Душанберо тасарруф намоянд. Овозаҳое буданд, ки нерӯҳои Фронти халқӣ, ки дар Кӯлоб ва Себистони Данғара мустақаранд, ба ағбаи Чормағзак интиқол меёбанду ба Душанбе ҳамла сурат мегирад. Вазъи ваҳим бештар ба амалӣ гаштани ин овозаҳо мусоидат мекард. Бад-ин манзур дар ағбаи Шар-шар вохӯрии намояндагони Ҳукумати Муросои миллӣ ва роҳбарони дастаи мусаллаҳ аз ҷониби Кӯлоб баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ Ҳукумати Муросои миллиро раиси Дастгоҳи раисиҷумҳур Рамазон Мирзоев, вазири корҳои дохилии вақт Шералӣ Хайруллоев, сардори Дивизияи 201 Меҳриддин Ашӯров ва ҷониби дастаҳои Кӯлобро гурӯҳе бо роҳбари ҷаноби Мирзоалиев намояндагӣ мекарданд.
Ин мулоқот бесуд анҷом ёфт ва ҷабҳаи Кӯлоб ба Чормағзак ҳамла кард. Дар чунин ҳол, аз ҷониби мусаллаҳони Кофарниҳон, ки Аслиддин Соҳибназаров онҳоро дастаи худдифоъ номидааст, ҳушдор дода шудааст, ки дар мӯҳлати ду рӯз бахши кӯлобии Фронти халқӣ ба мақари аввалааш баргардад, вагарна ба сари эшон ҳамла сурат мегирад. Бо вуҷуд дастаи мусаллаҳони кулобӣ ин дархостро напазируфтаанд, ки бар маҳзи он ба бархӯрди шадиди кофарниҳониҳо дучор гашта, маҷбур ба ақибнишинӣ то ағбаи Шар-шар шуданд.
Аз таҳлили Аслиддин Соҳибназаров бармеояд, ки барои идомаи ба ақибнишинӣ маҷбур кардани дастаи ҳамлавар аз ҷониби Кӯлоб имкон будааст, аммо ба хотири канда нашудани иртиботи Кӯлоб аз минтақаи Ҳисор ва доман назадани ҷанги шаҳрвандӣ аз ин иқдом ҷилавгирӣ шудааст. Ин масъала ҳам тарафдор доштаву ҳам мухолиф. Мухолифон ҷонибдори идома додани ақибнишинии нерӯҳои кӯлобӣ будаанд, аммо гурӯҳи дигар бар он будааст, ки агар ҳуҷум болои онҳое сурат бигирад, ки дар ағбаи Шар-Шаранд ва бидуни ҳушдори кофарниҳониҳо ба Чормағзак омаданд, эҳтимол иртиботро куллан канда сохта, ба авҷи бештари низоъ мусоидат намояд.
ТАҲАҚҚУҚИ ТАРҲ
Сентябри соли 1992 тарҳи Соломин, афсари русе ки ба Аслиддин Соҳибназаров дар бораи он тарҳ – эҷоди ноамнӣ иттилоъ дода буд, амалӣ гашт. Маҳмуд Худойбердиев, лейтенанти калон ва прапоршик Талъат Мирусмонов се танк ва чанд БТР-у БМП-ро аз «танкодром»-и полки Дивизияи 201-и дар Қӯрғонтеппабуда «рабуданд». Агарчи ин амал бовар нокарданист, зеро худи мақомоти ҳарбии Русия ҳарбиёни тоҷикро баҳои баланд намедоданд, вале «маҳорат»-и баъзеи онҳо он қадар баланд будааст, ки тавонистаанд ба сирқати танкҳои Русия даст бизананд. Русияе, ки маҳорати афсару асокири Фронти халқиро на он қадар баҳои хуб медод, изҳор дошт, ки танкҳояшро дуздиданд.
Бо сирқат шудани зиреҳпӯшҳо вазъи Қӯрғонтеппа тағйир хӯрд, нуфузи Фронти халқии Сангак Сафаров дар ин шаҳр афзуд ва ахиран, дар тӯли чанд рӯз вазъи ин шаҳр таҳти идораи касе гузашт, ки 23 сол собиқаи маҳбусӣ дошт.
Қабл аз замоне ки танкҳо «дуздида» шуданд ва задухӯрдҳо ба амал меомаданд, Александр Чубаров нақл мекунад, ки ӯ корвоне иборат аз 28 адад «МИ-8»-ро ба Қӯрғонтеппа сарозер кард. Ба гуфтаи худи ӯ, мақсади эшон пурзӯр кардани полки 191-и дивизияи 201 будааст, ҳамчунин дар ҳолатҳои зарурӣ зарба задан ба «ҷанговарони исломӣ». Афсари рус меафзояд, ки «парвози мо муваффақ анҷом ёфт… Болои мо боз чор чархболи дигар давр мезад. Володя Квачков гуфт, дар шаҳр ва пули ноҳия бархӯрди танкӣ ҷараён дорад. Аз Душанбе барои мо колонаи зиреҳпӯшҳо, ки аз «вовчикҳо» ғасб шудаанд, меоянд… Ман аз Квачков прапоршикҳои хушсалиқаро хоҳиш кардам… ва дарҳол шитофтем. Қофилаи мо болои шоҳроҳи Қӯрғонтеппа – Қизилқалъа дар парвоз буд…-у вазифаамон таҳти назорат гирифтани Қизилқалъа. Назди купрук (пули дарёи Вахш, ки шоҳроҳи Қизилқалъа ва Қӯрғонтаппаро мепайвандад – Т.С.) чунин манзара дошт: ду танки «Т-72»-и бо ҳам бархӯркарда… Яке аз онҳо танки Дивизияи 201 буду дигаре аз Фронти халқӣ. Вақте онҳо вомехӯранд, бинобар адами тамос бо ҳамдигар фикр мекунанд, ки яке танки худойбердиевӣ аст, ба ҳам оташ мекушоянд, ки дуэл барпо мешавад»-у манзараи зикршуда воқеъ мепазирад.
Дар идома генерали рус нақл менамояд, ки ӯро фармон шуда, то ба шаҳр баргардад, зеро дар Қӯрғонтеппа, назди бонк задухӯрд сурат гирифта истодааст, аммо Чубаров аз амр сарпечӣ карда, ба шаҳр барнамегардад. Вақте пагоҳи он рӯз ба назди бонк меравад, касеро назди бонк намеёбад, ғайр аз се корманди милиса. Ба нақли ӯ, чун милисаҳоро мебинад ва мепурсад, ки пулҳо куҷо шудаанд, таҳо «намедонем» ҷавоб мегирад. Аз чунин вазъ ба В. Квачков иттилоъ медиҳад. Ӯ супоришаш медиҳад, ҳар чизеро, ки боқӣ мондааст, ҳифозат намояд. Дар бастагӣ ба ин мавзӯъ Аслиддин Соҳибназаров, ки қаблан аз чунин як тарҳ огаҳӣ дошт, менависад, дар натиҷаи ин амал 900 миллион сум маблағи нақд аз бонк рабуда шуд.
Ба таъкиди Александр Чубаров, бегоҳии ҳамон рӯз колонаи зиреҳпӯши онҳо аз 16-ум бригада мегузарад ва эшон субҳи рӯзи дигар Қизилқалъа ва пулро, ки таҳти назорат доштанд, тарк мекунанд. Боқӣ аз ҷониби эшон дар ин масъала, яъне сирқати ҳуҷҷати маболиғ, назорати Қизилқалъа ва ҷустуҷӯву ба ҷавобгарӣ кашидани «танкдуздҳо» чизе зикр нашуда, балки Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор ва муаррихи тоҷик менависад, фақат бо баҳонаи нобуд кардани яке аз ин танкҳо кӯпруки Қизилқалъа аз ҷониби низомиёни рус тахриб гардид. Аммо ба таъкиди муаррих, ин иқдомро ҳадаф чизи дигар буд: размандагони исломӣ ва демократ аз Душанбе, пойгоҳи аслии худ бояд канда мешуданд. Ба ибораи дигар, бо таркондани пули мазкур фиристодани техникаи низомӣ ба Қӯрғонтеппа мушкил мегардид.
ТАСМИМИ КӮМАК БА ФРОНТИ ХАЛҚӢ
Тавре Александр Чубаров нақл кардааст, ҳанӯз аз аввали сентябр таморини онҳо дар ростои омодагӣ ба ҷанге шурӯъ шудаанд, вале ҳадаф ва нуқтаи ҳузури онҳо дар оянда махфӣ нигоҳ дошта мешудааст. Ин гуна тамринҳо яқин ду ҳафта идома пайдо кардаанд, ки 15-16-уми сентябр ба Кокайтӣ, мавзеъе наздики Тирмизи Ӯзбакистон парвоз кардаанд. Албатта, ба навиштаи ӯ, қабл аз сафарбар шудан вазифа ва ҷойи интиқоли онҳо ташреҳ ва ҳамзамон гуфта шудааст, ки мақари полки 191-и двизияи 201 дар иҳота буда, ба кӯмаки полк фиристода мешаванд.
Аслан, ба гуфтаи генерали рус, онҳо чанд вазифаро, аз қабили ҳифзи сохтори конститутсионӣ, кӯмаки русҳо ва Дивизия 201-ро иҷро менамуданд. Вале ҷиҳати ба зимма гирифтани вазифаи дигаре низ А. Чубаров сухан рондааст, ки он ҳам қобили таваҷҷӯҳ аст. «Бояд эътироф кард, ки Ислом Каримов ҳакимона рафтор кард. Ӯ ба таври шаффоф эҳтимолияти ташаккули вазъро пешбинӣ намуда, аз хавфи таҳвили он мутобиқ ба сенориёи ваҳҳобиҳо ба хулосае омад, ки бобати созмон ёфтани як корпуси махсус барои мадади Фронти халқӣ дар Ӯзбакистон фармон содир намояд», гуфтааст ӯ.
Ҷиҳати аъмоли аввалияе, ки аз ҷониби Чубаров ва бригадаи ӯ дар Қӯрғонтеппа сурат гирифт, гуфтем. Албатта, дар робита ба дигар «кӯмакҳо»-и ӯ низ вобаста ба фарогирии мавзӯъҳо хоҳем навишт, аммо феълан муҳимтар он аст, ки ба нақли дигар афсари рус такя карда шавад, ки афкори ӯ низ тақвиятдиҳандаи мавқеъи Александр Чубаров мебошанд.
С. Колосов, афсари бригадаи 16-и таъйиноти махсус дар мақолааш «Восток дело тонкое», китоби «Спецназ ГРУ: 50 лет истории, 20 лет войны» менависад, ки онҳо бевосита ба вазири мудофиъаи Ӯзбакистон вохӯрдаанд. Ӯ яке аз шиносҳои давраи дар Афғонистон буданашро ҳамроҳи вазир мебинад ва мепурсад, ки «чӣ кор мекунем?» Шиносаш, ки ҳамроҳи вазир буд, мегӯяд, полкҳои дивизияи 201 дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар ҳоли ногувор мондаанд. Онҳо бинобар нарасидани қувва, аз ҷумлаи афсару асокир, аз ҷониби мардуми маҳаллӣ дар муҳосира мондаанд. Ҳамин тариқ, менависад, ки баталиони онҳоро ба Қӯрғонтеппа ва баталиони дигарро ба Кӯлоб сафарбар кардаанд.
Агарчи С. Колосовро гуфтанд, ки баҳри ҳимояи полк хоҳад рафт, ӯро дар Тоҷикистон дигар миссия интизор буд. Зеро ӯ дар идома менависад: «Дар маркази шаҳр, дар полк, дар майдони футбол фуруд меоем. Марди на он қадар қадбаланди ҳарбиро дида, ӯро мешиносам: фармондеҳи қисм сарҳанг К. Ба сӯйи бинои якошёнаи на он қадар дур аз майдони футбол медавем. Дар ҳуҷрае даромада, болои кат мешинем ва ҳамон ҷо дар тӯли умрам кӯтоҳтарин дастури амалиро мегирам: «Дар ҳамин ҷо кор мекунӣ. Фаромӯш накун: ин ҷо тоҷикҳо ба «вовчик»-у «юрчик» ҷудо шудаанд. «Вовчикҳо» ғайр ва «юрчикҳо» худӣ ҳастанд. Боқӣ, худат сарфаҳм хоҳӣ рафт. Биё, туро ба фармондеҳи полк муаррифӣ кунам…».
Аввалан, бояд қайд кард, ки ҳам А. Чубаров макони фурудоии худ ва бригадаашро Қӯрғонтеппа гуфтаасту ҳам С. Колосов. Ҳол он ки Колосов гуфта буд, бригадаи дигар ба Кӯлоб рафт. Баъдан, агарчи дар умум, вазифаи ин ду бригада ҳифз, тақвият ва кӯмаки полкҳои Дивизияи 201 дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб буд, дар баробари ба замин поин шудан миссияи онҳо тағйир хӯрд — ба ҷанг алайҳи нерӯҳои Ҳукумати Муросои Миллӣ ва демократӣ. Ин ҷо дигар сухан аз ҳифзи полкҳо, русҳо ва ҳукумати конститутсионӣ намерафт, балки меҳвари фаъолияти онҳо дастгирии Фронти халқӣ ва шикасти «ваҳҳобиҳо» буд. Ва дар ин амр агар яке Ислом Каримовро ситоиш мекард, дигаре аз вохӯрӣ бо вазири дифоъи Ӯзбакистон ёдовар мешуд, ҳол он ки ҳарду рус буданду ГРУ-и СССР ба Русия ба мерос монда буд.