Қарор аст, имрӯз даври ҳаштуми музокироти ҳукумати Сурия бо мухолифонаш дар Женева оғоз шавад. Аммо намояндагони ҳукумати Башор Асад эълон кардаанд, ки бо ду шарт омодаи ҳузур дар музокирот ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории “Дойче Велле” –и Олмон, як сухангӯи ҳукумати Сурия эълон кардааст, ки бо ду шарт дар музокирот ширкат хоҳанд кард: аввал инки ҳукумати Сурия ҳозир нест бо мухолифон гуфтугӯи бевосита дошта бошад ва дигар инки аз барканории Башор Асад набояд сухане ба миён ояд.
Ин дар ҳолест, ки барканории Б.Асад яке аз шартҳои асосии мухолифони ҳукумати Сурия барори ширкат дар музокирот аст.
Ҳафтаи гузашта се кишвари Русия, Эрон ва Туркия ва ҳамзамон мухолифони Асад дар Риёз бар лузуми ҳалли сиёсии низоъи Сурия таъкид карда буданд.
Дар музокироти Женева чаҳор мавзӯъ бояд мавридии баррасӣ қарор гирад: раванди интиқлои сиёсӣ, тадвини Сарқонуни нав, баргузории интихобот ва мубориза бо терроризм.
Аз оғози низоъ то имрӯз дар Сурия беш аз 350 ҳазор нафар кушта шудаанд.