Иллати қиммат шудани гази моеъ дар Тоҷикистон банд мондани ҳудуди 800 вагон дар Ӯзбекистон унвон мешавад.
15-уми декабри соли 2017, Хабаргузории “Авесто” хабар дод, ки дар чанд рӯзи охир нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории поитахта 12 дарсад ва ё муодили 40 дирам қимат шуд. Айни замон қимати як литр аз ин намуди сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 4 сомонию 10 дирам фурӯхта мешавад ва пеш аз ин нархи он 3,7 сомониро ташкил медод.
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон то кунун сабаби аслии банд мондани ин теъдод аз вагонҳоро шарҳ надодаанд, аммо Баҳром Шодиев, як масъули КВД “Роҳи оҳани тоҷик” дар суҳбат бо “Авесто”, хабари банд мондани вагонҳои мазкурро тасдиқ накардааст ва ҳамзамон илова кардааст, ки то кунун дар ин бора ба унвони онҳо ҳеч арзу шикояте аз ҷониби воридкунандагони ин намуди сӯзишворӣ ворид нашудааст.
Бозори гази моеъ дар Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир асосан ду ширкат яке “Фароз” ва дигаре “Газпромнефт-Тоҷикистон” таъмин мекунанд. Аз ин ҳисоб, ҳамагӣ камтар аз 23 дарсади ин бозорро ширкати русии “Газпромнефт-Тоҷикистон, ҳудуди 70 дарсади боқимондаро ширкати “Фароз” таъмин мекунад. “Фароз” як аз ширкатҳои тиҷоратии домоди раиси ҷумҳур Шамсулло Соибов аст, ки пас аз канор рондани рақиби аслиаш ширкати “Умед-88” дар ҳоли ҳозир беш наздик ба 75 дарсади гази моеъ дар Тоҷикистонро дар даст дорад.