Кумитаи андоз бо имзои раиси он Нусратулло Давлатзода номае ба раисҷумҳур фиристодааст, ки дар он фаъолияти NGN ва дигар паёмакрасонҳоро (мессенҷер) боиси камшавии даромади андоз шумурдааст.
Дар ин нома, ки ҳанӯз 27 сентябр ирсол шудааст ва сомонаи Радиои Озодӣ дирӯз аз дастрас шудани он хабар додааст, Кумитаи андоз шикоят кардааст, ки бештари зангҳои байналмиллалӣ тавассути паёмакрасонҳо сураӣ мегиранд, ки зангҳои оддии байналмиллалиро кам кардааст.
Ҳамчунин дар он нома аз зангҳо тариқи NGN ёдоварӣ шуда, гуфта шудааст, ки нархи он то даҳ баробар аз нархи занги оддӣ арзонтар аст, ки боиси кам шудани заминаҳои андозситонӣ шудаанд.
Кумитаи андоз пешниҳод кардааст зангҳои байналмиллалӣ тариқи NGN қатъ карда шавад, то даромад ба буҷаи давлатӣ бештар гардад.
Ҳанӯз, тибқи иттилои Озодӣ бо такя ба манбааш дар Кумитаи андоз, ҷавоби номаи ин кумита аз тарафи ҳукумат нарасидааст. Дар ҳамин ҳол Хадамоти алоқа сар аз 18 декабр зангҳои байналмиллалӣ тавассути NGN-ро манъ кард ва далели ин тасмимашро таҳдиди ин шабака ва паёмакрасонҳо ба амнияти кишвар хонд. Ин ниҳод ният дорад фаъаолияти паёмакрасонҳо аз қабили Whatsapp, Viber, IMO, Skyp ва ғайраро низ мамнӯъ гардонад. Ҳоло Бег Сабурӣ тасмими манъи NGN ва паёмакрасонҳоро бо ризояти ҳади ақал даҳонии раисҷумҳур гирифтааст ё шахсан, номаълум боқӣ мемонад.
Асомуддин Атоев, мутахассиси фанноварии иттилоот ва иртиботот дар сӯҳбат бо азия Плюс гуфтааст, ки дархости Кумитаи андоз ва тасмими Хадамоти алоқа мунофӣ ба сиёсати давлатии рушд аст.
“Яке аз ҳадафҳои Стротежии миллии рушд то соли 2030 ба маркази коммуникатсионӣ дар минтақаи Осиёнаи Марказӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Ин ҳадаф ду қанот дорад: коммуникатсияи нақлиётӣ ва иртибототӣ (телекоммуникатсия). Бо мубориза бо технологияҳо, мо ба рақобатпазирии бозори ватанӣ дар сатҳи минтақа зарба мезанем. Чун тақвият додани заминаҳои транзитӣ на танҳо ҳадафи мо, ҳадафи ҳамсояҳо ҳам ҳаст”, – гуфтааст Атоев.
Ӯ гуфтааст, бо сабаби чунин тасмимҳо бозори иртибоботи кишвар сол ба сол кӯчактар мешавад: “тасдиқи ин камшавии корбарон ва поёнравии даромади ин бозор аст. Дар ҳамин ҳол бозорҳои кишварҳои ҳамсоя бо шиддат рушд мекунад ва ба дигар кишварҳо пешниҳоди хидматрасонӣ мекунад. Ин бозори технолоҷӣ аст. Масдудкунии як технолоҷиро метавон тавассути технолоҷии дигар убур кард”.
Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ навиштааст “тибқи мантиқи онҳо (Кумиати андоз ва Хадамоти алоқа) агар пешравии технология боиси камшавии даромади андоз шавад, бояд аз технология даст кашид. Бо ҳамин мантиқ мешавад истифодаи масалан тракторҳо дар хоҷагии деҳқонӣ ё крану бетоншӯрҳоро дар сохтмон манъ кард. Чун дар сурати истифода накардан аз техника лозим мешавад одамони зиёде ба кор ҷалб шаванд ва на танҳо ҷойҳои кории зиёде пайдо мешаванд, балки ҳади ақал аз як намуди андоз – андоз аз даромад воридот ба Кумитаи андоз бештар шавад. Ё мешавад истифодаи компютерро, ки кори чанд нафарро анҷом медиҳад, манъ кард.”
Ӯ гуфтааст, “дар асл пешравии технология бастагие ба камшавии андоз надорад ва агар дорад ба нафъи он аст. Дар сурати истифодаи дуруст аз онҳо ва татбиқашон дар ҳаёт, баръакс мешавад даромад ба буҷаро ба маротиб афзоиш дод. Ва ин ҳам, ки Кумитаи андоз иддао кардааст пешравии технологияи коммуникатсионӣ боиси камшавии даромад ба буҷа шуда аст, хокпошӣ ба чашми ҳукумат ва мардум аст. То як соли қабл бузургтарин андозсупорандагон ҳамин ширкатҳои мобилӣ буданд. Ҳатто ТАЛКО ва фурӯдгоҳҳо чунин андоз намесупориданд…. Агар пешравии технология набуд, ширкатҳои мобилӣ ҳам пайдо намешуданд ва андози беш аз як миллиардӣ ҳам вориди ҳисобҳои Кумитаи андоз намешуд. Дар гумон аст, ки аз зангҳои байналмиллалӣ Кумита метавонист ҳатто даҳяки ин маблағро ҷамъ оварад.”