Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Фаротар аз тасомуҳ

$
0
0

 

Мавзӯъи ин навишта, баҳси фалсафӣ – адабии кӯтоҳе дар боби тасомуҳ ва мафҳумҳои вобаста ба он аст. Аммо пеш аз пардохтан ба ин баҳс, барои равшантар кардани мавзӯъ, мехоҳам достоне аз “Бӯстон”-и Саъдӣ нақл кунам. Ин достон дар Ғарб моҷарои шуниданӣ дорад, ки онро бо зикри маъхази лозим дар китоби “Саъдӣ” овардаам. Дар инҷо танҳо асли моҷароро меоварам ва баъд достонро нақл мекунам.

 Моҷаро аз ин қарор аст, ки Бенёмин Франклин (1790_1706), донишманд ва давлатмарди амрикоӣ ва аз соҳибназарони “фалсафаи сиёсӣ” ва “фалсафаи ахлоқ”, достоне менависад ва иддао мекунад, ки ин достон фасле аз китоб “Аҳди атиқ” аст, ки гум шуда буд ва акнун пайдо шуда аст. Сӣ сол аз навиштани ин достон мегузарад, то ин ки шахсе дар мақолае менависад, достони Бенёмин Франклин айнан достоне аст аз Саъдӣ шоири форс. Аз ин пас баҳс ва ҷадалҳои фаровоне дар мегирад то ин ки билохира маълум мешавад Бенёмин Франклин тарҷумаи лотинии  ин достонро дар ихтиёр дошта ва бо хондани он, чунон маҷзубаш шуда, ки онро ба унвони фасли гумшудае аз “китоби муқаддас” мунташир кардааст. Франклин худ дар ин бора гуфтааст: «натиҷаи ахлоқии он чунон аҳамият дорад, ки шоистааст ҳамаи мардуми олам аз он иттилоъ ёбанд.»

 Албатта, пас аз ин баҳсу ҷадалҳо ҳамаи мардуми олам ҳам аз ин достон иттилоъ ёфтанд.

 Аммо асли достон.

Саъдӣ дар боби дувуми “Бӯстон” ҳикояте аз Иброҳими Халил(а) нақл мекунад, ки бар суфра наменишаст, магар он ки меҳмоне дошта бошад. Аммо иттифоқан ҳафтае мегузарад ва меҳмоне барояш намерасад. Андӯҳгин аз хона ба ҷустуҷӯи меҳмон берун меравад ва марде мебинад: «сару рӯяш аз барфи пирӣ сафед».  Бо хушҳолӣ мегӯяд:

Ки эй чашмҳои маро мардумак

Яке мардумӣ кун ба нону намак

Пирамардро ба хона мебарад ва бо эҳтиром бар сари суфра менишонад ва албатта ҳама пеш аз даст бурдан ба ғизо “Бисмиллоҳ” мегӯянд, магар пирамард. Иброҳим бо тааҷҷуб аз вай мепурсад:

На шарт аст вақте, ки рӯзӣ хӯрӣ

 Ки номи худованди рӯзӣ барӣ?

Пирамард ҳам мегӯяд ман аз пири озарпарасти худ чунин чизе нашунидаам. Иброҳим(а) дармеёбад, ки ӯ аз габрон аст ва ӯро аз суфраи худ меронад, он гоҳ сурӯше аз осмон фуруд меояд, бо паёми сарзанишомез, ки эй Халил мо сад сол аст аз ӯ ҷону рӯзӣ дареғ накардаем ва ту натавонистӣ чанд лаҳза ӯро таҳаммул кунӣ ва нафрат наварзӣ?

Гар ӯ мебарад пеши оташ суҷуд

Ту по пас чаро мебрӣ дасти ҷӯд?

Саъдии форс ва  мусулмон, ин достонро ҳудуди панҷсад сол пеш аз замоне, ки Бенёмин Франклин маҷзуби он шавад навиштааст ва ин сарфи назар аз санадияти таърихии достон, нишондиҳандаи ахлоқиёти фарҳанге аст, ки дар он парвариш ёфтааст. Достон, достони бархӯрди инсоне аст бо инсони дигаре, ки на танҳо мӯътақидоти динии ӯро надорад, балки он мӯътақидотро намеписандад ва мавриди қабулаш ҳам нест.

Пурсиш ин аст, ки дар инҷо бояд чӣ кард ва чи рафторе пеш гирифт?

Ба ривояти достон, Иброҳим тан ба мудоро намедиҳад ва ба истилоҳи мутадовил тасомӯҳ намекунад ва таассуб меварзад, аммо хости Худованд ин нест ва паёми сурӯш иблоғи ҳамин нукта аст. Ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки дар ҳамон замоне, ки Саъдӣ ин достонро менавишт дар гӯшаи дигаре аз ҷаҳони ислом Мавлавӣ ҳам достони “Мӯсо ва шубон”-ро  менавишт. Шубон дар розу ниёз бо Худованд, Ӯро мавҷуде ҳамчун худ мепиндошт ва мехост сарашро шона кунад, дасташро бибӯсад, ҷомаашро бишӯяд ва дар воқеъ мункири сифоти салбияи Худованд буд.

Мӯсо низ чун Иброҳим тасомуҳ накард ва шубонро бо сарзаниш ва маломат озурд. Дар инҷо низ Мӯсо мавриди итоби Худованд қарор гирифт. Мавлавӣ дар баёни ин итоб абёти бисёр зебо ва жарфе суруда, ки нишон аз имони ростини ӯ ба тасомуҳ дар рафтор бо инсонҳо ва даъват ба ботиннигарӣ ва парҳез аз фасл карданҳо ва ихтилоф андохтанҳо дорад.

Дар таърифи тасомуҳ гуфтаанд: худдорӣ аз аъмоли хасмона бар зидди он чи қабул надорем ё намеписандем ё аз назари сиёсӣ мухолиф бо он ҳастем. Аз ин таъриф маълум мешавад дар тасомуҳ, бар хилофи дӯст доштан ё некӣ кардан, ҳамеша чизе нописанд ва номақбул вуҷуд дорад ва аҳамияти тасомуҳ низ дар мудоро бо ҳамин чизест, ки намеписандем ва қабул надорем.

Аз он чи гуфтем, шояд чунин ба назар бирасад, ки тасомуҳ аслест пазируфта шуда ва қабули ом ёфта. Аммо чунин нест. Тасомуҳ асли бадеҳӣ ё ба истилоҳ фалсафӣ, таҳлилӣ ва пешинӣ нест. Бояд қарнҳо мегузашт, ҷангҳои хонумонсӯз дар мегирифт, ҷонҳо ва молҳо ва ҳукуматҳо ва ҳатто кишварҳо нобуд мешуданд то таноқузи истидлолҳои тасомуҳситезон ва хушунатгарон дар амал ва назар собит мешуд ва дар сиёсат ва дин, фарҳехтагон бад-ин натиҷа мерасиданд, ки нафъи тарафайни даъво дар тасомуҳ ва мудоро аст ва:

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,

Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро.

Дар воқеъ ончи мояи ибрат аст ин аст, ки тасомуҳ, чӣ дар Ғарб ва чӣ дар Шарқ, дер замоне маънои манфӣ доштааст, яъне онро сифати нописанд медонистанд. Ба гуфтаи нависандаи “мадхали тасомуҳ дар донишномаи таърих андешаҳо”, тасомуҳ дар Фаронса дар оғози қарни ҳаждаҳум маънои таҳқиромезе доштааст ва Бусуа (1704_1627) кашиши католики Фаронсавӣ, дар баробари протестонҳо ифтихор мекард, ки дар мазҳаби католик, тасомуҳ аз тамоми мазоҳиб камтар аст.

Ҷолиби таваҷҷӯҳ аст бидонем  дар рӯзгороне, ки обои нахустини калисои масеҳӣ мавриди шиканҷа ва озори румиҳо қарор доштанд, худ аз мудофеъони тасомуҳи мазҳабӣ буданд. Аммо ҳангоме, ки Константин масеҳиятро дини расмӣ эълон кард, ҳамаи он дифоъияҳо фаромӯш шуд ва шиканҷашудагон табдил ба шиканҷагарон шуданд ва ҳоло навбати тасомуҳситезони дирӯз буд, ки мудофеъи тасомуҳ шаванд. Ҳаққоният ва фазилати тасомуҳро аз ҳамин ҷо метавон дарёфт, ки тарафайни даъво, ҳоким ва маҳкум, зӯрманд ва безӯр ба яксон метавонанд дар паноҳи он дар осоиш ва амният зиндагӣ кунанд. Дар воқеъ тасомуҳ натиҷаи мустақими ин асли ахлоқии ҷаҳоншумул аст, кӣ: “он чи бар худ написандӣ ба дигар кас маписанд”. Аммо он чи дар Ғарб маънои тасомуҳро аз манфӣ ба мусбат тағйир дод, тааммул дар ин асли ахлоқӣ набуд. Омилҳои дигаре дар кор буданд, ки муҳиммтарини онҳо пайдоиши мазҳаби протистон буд.

Католикҳо ба эътибори аксарияти худ, мӯътақид буданд ҳақиқати мутлақ моли мутлақи онон аст ва ҳар кас аз калисои католик рӯй бар тобад аз Худованд рӯй бартофта ва мустаҳиққи муҷозоти марг аст. Назарияпардозони католик далелҳое ҳам барои ин муҷозот меоварданд. Мегуфтанд агар чунин касеро муҷозот накунӣ Худованд хашмгин мешавад ва ҳамаро ба пойи ӯ муҷозот мекунад. Мегуфтанд, чунин касеро ҳарчӣ зинда бигузорӣ бештар гуноҳ мекунад ва бинобар ин аслан ба маслиҳати ӯст, ки бо куштанаш, ӯро аз гуноҳи бештар наҷот диҳӣ. Аммо ончи намефҳмиданд ё намехостанд бифҳманд ин буд, ки назарияпардозони адёни дигар ҳам метавонанд айнан ҳамин далелҳоро бар зидди католикҳо биоваранд ва кист, ки ҳақиқати мутлақро аз они худ надонад. Ба гуфтаи Саъдӣ:

«Ҳама касро ақли худ ба камол намояд ва фарзанди худ ба ҷамол.»

***

Яке яҳуду мусалмон низоъ мекарданд

Чунон ки ханда гирифт аз низоъи эшонам

 Ба кина гуфт мусулмон гар ин қаболаи ман

Дуруст нест, худоё яҳуд меронам

Яҳуд гуфт ба Таврот мехӯрам савганд

Ва гар дурӯғ бигӯям чу ту мусалмонам

Гар аз басоти замини ақл мунъадим гардад

Ба худ гумон набарад ҳеҷ кас, ки нодонам

Он чи ин эътиқоди росих ба ҳақиқати мутлақ ва имони ростини католикҳоро мутазалзил кард, пайдоиши мазҳаби протестон буд. Мазҳаби протестон дар ашколи гуногуни худ ба сурати нерӯе бузург дар баробари мазҳаби католик даромад ва имони ростин маънои худро аз даст дод ва эътимод ба короӣ ва таъсири манъ ва саркӯби ақоид дар осори нависандагоне монанди Пиер Белл (1644_1706) мутазалзил шуд. Бел дар 1686 дар китоби тафсири фалсафаи каломи Масеҳ «Маҷбурашон кун то бигараванд» далелҳои дурахшоне дар дифоъ аз тасомуҳи комили мазҳабӣ, тасомуҳ дар баробари тамоми адён ва ҳатто дар баробари мункирони Худо, ироа кард.

Мунодии  пуровозаи дигар Ҷон Лок, файласуфи англисӣ буд. Лок дар 1688 номае дар боби тасомуҳ мунташир кард. Ин асар аз нахустин навиштаҳои мунсаҷим дар ин мавзӯъ аст. Аввалин нуктае, ки Лок бадон ишора мекунад ин аст, ки саркӯб, сиёсати муассире нест. Бо зӯр метавон фардеро ба анҷоми навъе аз ибодатҳои масеҳият водошт, аммо наметавон имон ва эътиқоди қалбӣ ба ӯ бахшид. Чунин равише танҳо одамҳои мутазоҳир ба дин падид меоварад ва ин натанҳо коре беҳудааст, аз назари ахлоқӣ низ зиёнбор аст.

Нуктаи дувуми Лок, радди истидлоли суннатӣ буд. Суннатгароёни масеҳӣ мегуфтанд вазифаи фард нисбат ба калисо ҳамон вазифаи фард нисбат ба давлат аст ва агар дар баробари мухолифони калисо тасомуҳ варзем давлат дучори ҳараҷу мараҷ мешавад. Аммо Лок мегуфт рисолати калисо дар ҷаҳон мустақил аз нақши давлат аст. Иллати вуҷуди калисо наҷоти рӯҳи инсон аст ва ин рисолатро танҳо аз роҳи тарғиб ва таблиғ, он ҳам бо равишҳои холӣ аз хушунат метавонад анҷом диҳад. Вале иллати вуҷуди давлат, ҳифзи ҳуқуқи мардум яъне ҳифзи ҷон, мол ва озодии онон аст ва ба ҳамин далел дар мавориде метавонанд ба унвони охирин чора аз зӯр ҳам истифода кунанд.

Далелҳои Лок дар дифоъ аз тасомуҳ, ки дар қарни ҳабдаҳум тоза ва пештозона буд, дар ниҳоят қабули ом ёфт ва ҳатто католикҳо низ онро пазируфтанд. Аммо дар қарни нуздаҳум тасомуҳ мудофеъи баландпоятар ҳам ёфт.

Ҷон Стуворт Мейл (1873_1806) ҳамон масири Локро мепаймуд, аммо қайдҳои камтаре бар пои тасомуҳ мениҳод ва вусъати майдони бештаре барои он қоил буд. Ба эътиқоди Мейл дахолат дар озодии фард танҳо ва танҳо ҳангоме қобили тавҷеҳ аст, ки мутмаин шуда бошем озодии ӯ хатар ё таҳдиде барои озодии дигарон дар бар дорад. Тафовути муҳимми Мейл бо Лок дар ин нуктааст, ки андешаи Лок ба тамом мутаваҷҷеҳи ҳифзи озодии фард дар баробари дахолати калисо ва давлат буд. Аммо Мейл ба шиддат нигарони қайдҳое буд, ки қавонини нонавишта яъне қарордодҳо ва эътиқодҳои омма ва авом бар озодии инсон мениҳанд. Хости Мейл ин буд, ки тасомуҳ аз қаламрави сиёсат ба ахлоқиёт ва рафторҳо ва аъмоли шахсӣ ва хусусии афрод таъмим дода шавад. Ў эҳсос карда буд, ки мардум аз қавонини нонавишта бештар озор мебинанд ва таҳқир мешаванд то қавонин навиштае, ки давлат омили иҷрои он аст. Ба ақидаи вай озодии инсон ва такассур ва гуногунӣ дар фазои саркӯбгар наметавонанд шукуфо шаванд. Мейл бад-ин далел мудофеъи тасомуҳ буд, ки озодӣ, фардият ва такассурро дорои болотарин арзишҳои ахлоқӣ медонист. Арзишҳое, ки ба андеша маҷоли бештаре медиҳанд ва инсонҳои олитаре падид меоваранд.

Дар қарни бистум орои Лок ва Мейл бо диққат ва вусъати назари бештар, дар Ғарб ба мӯътақидоти ҳамагонӣ пайваст ва дигар навбати файласуфони дин ва мутакаллимони ҷадид буд, ки бо тарҳи плюрализми динӣ ва бартар аз он, кашфи маънавият ва рӯҳоният дар мухолифони адён, тасомуҳро абъоди тозатаре бибахшанд.

Ин мақоларо бо шеъри Саъдӣ оғоз кардам ва ба тасомуҳ дар Ғарб пардохтам. Аммо ин гурез ба ғарб на ба далели ин буд, ки фарҳанги исломӣ ва бахусус фарҳанг исломӣ – форсии мо ҳарфе дар ин мавзӯъ надоштааст. Он чи ба хусус бояд тазаккур дод ин аст, ки мо дар даврони шукуфоии фарҳанги исломӣ фаротар аз тасомуҳ рафта будем ва ончи Локу дигарон дар қарни бистум ба ғарбиён пешниҳод мекунанд мо чандин қарн бадон амал мекардем ва осори шоирон ва фарҳехтагони мо саршор аз ин андешаи фаротасомуҳӣ аст. Тааҷҷубовар нест, ки вақте Фаронсавиён, Саъдиро кашф карданд ӯро шоири даврони равшанандешӣ лақаб доданд. Калимаҳои «тасоҳул» ва «тасомуҳ»-ро имрӯз пайдо накардаем. Ин ду калима аз паёмбари Ислом аст, ки исломро “саҳл ва самуҳ” тавсиф фармуд. «Сумҳ» ва «самоҳа» ба маънои бахшиш ва бузургворӣ ва каромат аст.  

Дар фарҳанги форсӣ пас аз Саъдӣ, бузургтарин мунодии тасомуҳ ва шояд охирин мунодӣ, Ҳофиз аст. Ба қавли яке аз адибон, шоистатарин лақабе, ки метавон ба Ҳофиз дод лақаби шоири тасомуҳ ва мудорост ва ринди Ҳофиз намунаи аълои инсони фаротасомуҳ аст:

Айби риндон макун эй зоҳиди покиза сиришт,

Ки гуноҳи дигаре бар ту нахоҳанд навишт .

Ман агар некаму – гар бад ту бирав худро бош,

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт .

Ва ба вижа ин байт:

Ҳама кас толиби ёранд чӣ ҳушёр чӣ маст,

Ҳама ҷо хонаи ишқ аст чӣ масҷид чӣ куништ

Ва аз ин гуна абёт Ҳофиз зиёд дорад.

Аммо ончи дар кишварҳои исломӣ ва пас аз чанд қарни нахустин рух дод, тараққии маъкус буд. Бигузоред достонро аз забони дигаре бишинавем.

Эрнест Ренон (1892_1823) муаррих ва мунтақиди фаронсавӣ навиштае бо унвони «ислом ва илм» дорад. Ин навишта дар асл суханроние будааст, ки пас аз интишор, Сайид Ҷамолиддини Асадободӣ интиқодҳое ҳам аз он кардааст. Аммо ончи марбут ба ин баҳс мешавад рабте ба он ҷанба аз суханони Эрнест Ренон, ки мавриди интиқод буда, надорад.

 Ӯ дар ибтидои суханронии худ мегӯяд, шояд шунавандагон аз ин ки дар ин замон (авохири қарни нуздаҳум), ки кишварҳои мусалмон баҳрае аз улум надоранд, сӯҳбат аз ислом ва илм мекунам тааҷҷуб кунанд.

Марде дар қуруни нахустини Ислом аз Андалус ба Бағдод меравад ва пас аз он ба Қирвон. Дар Қирвон бо марди дигаре бархӯрд мекунад. Марди қирвонӣ аз ӯ мепурсад дар Бағдод чӣ дидӣ? Марди мусофир мегӯяд чизе аҷиб. Дар яке аз масоҷиди Бағдод эълом карда буданд дар он ҷо мунозирае миёни даҳриён, габрон, яҳудиён, насрониён ва мусалмонон баргузор хоҳад шуд. Ман низ аз сари кунҷковӣ дар он ширкат кардам. Ҷамъияте бисёр гирд омада буданд. Аввал марди даҳрӣ(бе дин) бархост ва дар инкори вуҷуди Худо ва паёмбар ва дин ҳарчи далел ва бурҳон дар чанта дошт иқома кард ва пас аз ӯ марди габрӣ дар исботи ақоиди худ ва радди далоили даҳрӣ доди сухан дод ва ба ҳамин гуна яҳудӣ ва насронӣ ва мусулмон. Ҳама бо диққат ба ҳарфи ҳам гӯш доданд, низоъе дар нагирифт ва хушунате ба вуқӯъ напайваст. Баҳс ва мубоҳиса поён ёфт ва ҷамъият ба оромӣ пароканда шуданд.

Пас аз нақли ин достон, Эрнест Ренон мегӯяд то замоне, ки фарҳанги исломӣ чунин тасомуҳе дар баробари адён ва чунин тасаввуре аз озодии баён дошт, бузургоне чун Форобӣ, Ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Закариёи Розӣ ва чи бисёр номоварони дигар дар он зуҳур карданд. Аммо ба маҳзи онки таассуб ва қишригарӣ ҷойгузини тасомуҳ ва тасоҳул гардид ва хушунат ҷойгузини мусоламат, чароғи илм дар ҷаҳони ислом хомӯш шуд.

Агар ба донишномаҳо ва доиратулмаорифҳои ғарбӣ нигоҳ кунед, мебинед тақрибан тамоми файласуфон, донишмандон,  шоирон ва нависандагони дунёи ислом, ки номашон дар онҳо сабт шудааст парваришёфтаи ҳамон чанд қарни нахустини фарҳанги исломӣ ҳастанд; Қарнҳое, ки мусалмони андешанда, ҳақ дошт ҳама чизро мавриди савол қарор диҳад, шаки худро иброз кунад ва бо дигарон дар миён ниҳад то ба яқини устувор даст ёбад.

Бисёре аз мафоҳим, ки дар адаби гузаштаи мо борҳо маҳалли баҳс будааст ва бар онҳо таъкид кардаанд иртиботи мустақим бо тасомуҳ дорад. Саъдӣ дар “Гулистон” достоне дорад, ки таваҷҷуҳи бисёре аз фарзандони инқилоби Фаронсаро ба худ ҷалб кардааст ва онро дар дафтарҳои ёддошти худ навиштаанд ё худ бо илҳом аз он асаре ба вуҷуд овардаанд. Шарҳи ин таъсиргузориҳои Саъдӣ ва дигар шоирони Форс бар адаб ва одоби Фаронсаро бояд дар китоби арзандаи «аз Саъдӣ то Орогун» навиштаи устоди бузургавор доктор Ҷавод Ҳадидӣ хонд. Ва аммо он достон (ҳикояти ҳафтум аз боби дувуми гулистон):

«Ёд дорам, ки дар тифлӣ мутааббид будаме ва шабхез, ва малеъи зӯҳд ва парҳез. Шабе хидмати падар, алайҳи раҳма, нишаста будам ва ҳама шаб дида бар ҳам набаста, ва мусҳафи азиз дар канор гирифта, ва тоифае гирди мо хуфта. Падарро гуфтам, яке аз инон сар бар намедорд, ки дугонае бигузорад. Гуфт: ҷони падар, ту низ агар бихуфтӣ беҳ, ки дар пӯстини мардум афтӣ.»

Саъдӣ айбҷӯиро ҳам мазаммат мекунад чӣ расад ба хушунат варзидан. Ба ҳамин гуна он чи дар накӯҳиши дунё ва андарз ба қудратмандон дар адабиёти мо омада ағлаб бад-ин далел аст, ки дунёдӯстон ва зӯрмандонро мутаваҷҷеҳ ба ин нукта кунад, ки давлаташон пойдор нест ва беҳтар он аст, ки аз қудрати худ сӯъистифода накунанд ва боз ба гуфтаи Саъдӣ:

Инки дар шоҳномаҳо овардаанд

Рустаму Рӯинатану Исфандиёр

То бидонанд ин худовандони мулк

Ка-з басе халқ аст дунё ёдгор

Ончи диди бар қарори худ намонд

В-ончи бинӣ ҳам намонад барқарор

Чун забардастит бахшид осмон

Зердастонро ҳамеша нек дор

Мафҳуми дигаре, ки дар фарҳанги мо иртиботи мустақим бо тасомуҳ дорад «мукофот» аст, ки дар боби он достонҳо ва навиштаҳои фаровон дорем. Воқеъ ин аст, ки дар Қуръон ва аҳодис ва адабиёти мо аз ин гуна нуктаҳо ва достонҳо дар ситоиши тасомуҳ фаровон омадааст. Аммо коре, ки ҳанӯз анҷом надодаем ҷамъоварии ин маводи пароканда дар қолаби фалсафае мунсаҷим ва пӯёст. Ин ҳамон коре аст, ки дар Ғарб, Лок ва Бел оғоз карданд ва пайгирона идома доданд.

Имрӯз бо таваҷҷуҳ ба давраи ҳассосе, ки дар он қарор дорем вазифаи андешандагон ва файласуфони дин ва сиёсат ва ахлоқи мост, ки бад-ин кор бипардозанд ва дар он чандон эҳтимом варзанд, ки фарҳанги тасомуҳ ва фаротар аз тасомуҳ, бахше аз фарҳанги умумӣ ва виҷдони иҷтимоии ҷомеаи мо шавад. Зикри ин достон ва он қитъа шеър ва он калимаи қисор дигар роҳ ба ҷое намебарад, бавежа, ки дар фарҳанги васеъ ва парокандаи мо, ҳатто дар осори як нависанда, таноқузгуиҳое дида мешавад, ки метавонад мустамсаки тасомуҳситезон қарор гирад. Бо як байт дар ситоиши тасомуҳ ё накӯҳиши хушунат, коре аз пеш намеравад. Бояд маснавие тадорук дид ҳафтод ман.

Нависанда: Зиё Муваҳҳид

Баргардон аз форсӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>