Чанд рӯз пеш ҳукумати Тоҷикистон марзи Шерхонбандарро бар рӯи тоҷирону гардишгарони афғон бастааст.
Раиси иттиҳодияи тоҷирони Вилояти Қундуз гуфтааст, ки Тоҷикистон танҳо ба касоне иҷозати вуруд ба он кишварро медиҳад, ки гузарномаи сиёсӣ дошта бошанд. Аммо то ҳол мақомоти Тоҷикистон ё Афғонистон дар ин бора иқдоме накарда ва тавзеҳе ҳам надодаанд.
Аммо ба гуфтаи баъзе масулин ин иқдоми Тоҷикистон дар арафаи соли нави мелодӣ ба хотири таъмини амният дар ин кишвар сурат гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар минтақаи Шӯрободи Тоҷикистон ҳангоми задухӯрди марзбонони тоҷик бо қочоқбарони афғон Хайриддин Аҳтамов сардори қисми марзбонии ин ноҳия ҷони худро аз даст дод ва 4 нафари дигар ҳам захмӣ шуданд.
Тоҷикистон бештарин марзро бо Афғонистон дорад, ки аксарияти он мушкилгузар ва назорати он ҳам душвор аст. Ин марз яке аз роҳҳои истифодаи қочоқчиёни байналмилалӣ аст, ки мехоҳанд аз ин тариқ маводи мухаддирашонро ба Русия ва Аврупо бирасонанд.