Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳимояти Чин аз ташкили давлати мустақили Фаластин

$
0
0

Ванг И, вазири умури хориҷаи Чин аз ҳимояти кишвараш аз давлати мустақили Фаластин бо пойтахти Қудси шарқӣ дар марзҳои 1967 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории расмии Чин “Син Хуа”, Вонг дар дидор бо намояндагони вижаи Маҳмуд Аббос, раиси давлати Фаластин дар Пекин бо ишора ба ҳимоят аз роҳи ҳали дудавлатӣ ва даъват аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз он изҳор дошт: масъалаи Фаластин бисёр решаӣ шуда ва бидуни ҳали он барқарории сулҳ дар Ховари Миёна муяссар нахоҳад шуд.

Вай ҳимояти Чинро аз давлати Фаластин бо ҳокимияти мустақил бар асоси марзҳои соли 1967 эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Чин ҳамчунин тасреҳ кард: алорағми таҳдидҳои Амрико раъйи мусбати кишварҳои ҷаҳон ба пешнависи қатъномаи муртабит бо Қудс на танҳо нишондиҳандаи иттифоқи назари ҷомеаи байналмиллалӣ дар хусуси масъалаи Фаластин, балки дар айни ҳол дархост ва тамоюл барои суръат бахшидан ба раванди сулҳ дар Ховари Миёна аст.

Вонг дар поён фаластиниёнро ба иттиҳод ва талош барои ҳали масоил аз тариқи гуфтугӯ ва Созмони милалро низ ба қабули нақши бештар дар мавзӯъи Фаластин фаро хонд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>