Мақомот дар Тунис парвозҳои ҳавопаймоии Аморот ба фурудгоҳҳои ин кишварро ба иллати ‘бархурди табъизомез’ бо занони тунсӣ мамнуъ эълом кардаанд.
Давлати Тунис мегӯяд ҳавопаймоии Аморот дар зарфи чанд рӯзи гузашта ба теъдоде аз занони тунсӣ иҷозаи сафар ба Дубайро надодааст.
Фаъолони тунисӣ ба вижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда ба ин масъала вокуниш нишон дода ва онро нажодпарастона ва табъизомез хондаанд.
Дар паи боло гирифтани эътирозот, вазорати ҳамлу нақли Тунис эълом кард, ки манъи тоза алайҳи ҳавопаймоҳои Аморот то замоне, ки парвозҳояш “мутобиқи қавонин ва тавофуқҳои байналамилалӣ” бишавад, идома хоҳад ёфт.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Аморот гуфтаанд “иттилоъоти амниятӣ” боиси таъхир дар сафари бархе шаҳрвандони Тунис шудааст.
Анвар Муҳаммад Қарқош, вазир умури хориҷаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, рӯзи якшанбе (24 декабр) дар шабакаи твитер навишт: “мо бо бародарони тунси дар бораи иттилооти амниятие, ки тадобири вижаро эҷоб кард, тамос гирифтем.”
Ӯ афзуд: “мо барои занони тунсӣ арзиши зиёде қоил ҳастем ва ба онҳо эҳтиром мегузорем.”
Хабаргузории Франса мегӯяд ба бархе мусофирони зан гуфта шуда буд, ки парвози онҳо ба таъхир афтодааст ва визои онҳо бояд мавриди баррасии бештар қарор бигирад.
Рӯзи ҷумъа, давлати Тунис аз сафири Амороти Муттаҳидаи арабӣ расман тавзеҳ хост.
Равобити Тунис ва Амороти Муттаҳидаи арабӣ дар паи инқилоби Тунис дар соли 2011 мелодӣ пуртаниш будааст.
Ҳизби исломгарои “наҳзат”и Тунис (ҳизби ҳоким) ҳамчунин ба давлати Қатар наздик аст, ки дар моҳҳои ахир равобити пуртанише бо Амороти Муттаҳидаи арабӣ, Арабистони саудӣ ва Баҳрайн доштааст.