Бо вуҷуди сармои шадид ва яхбандон дар шарқи Амрико дар назди китобфурӯшиҳо сафҳои тулонӣ вуҷуд дорад. Пас аз китоби “Ҳари Потер” ин китоби ифшогариҳо дар бораи Трамп аст, ки мардум ингуна барои харидаш саф кашидаанд.
Нархи ин китоби пуртарафдор, ки Доналд Трамп то лаҳзаи охир мехост монеъи интишораш шавад ҳудуди 32 доллар аст. Дар китобфурӯшии хурдакаки «Politics and porse» дар Вашингтон тамоми нусхаҳои мавҷуд дар аввалин соатҳо ба фурӯш рафтааст.
Яке аз харидорони китоб ба номи Бен мегӯяд ба ёди чанд сол пеш меафтад, ки ҷилдҳои ҷадиди “Ҳари Потер” мунташир мешуд ва ҳамаро дучори ҳаяҷон мекард. Ӯ ҳам дирӯз бо вуҷуди сармои тоқатфарсо дар сафи хариди китоб истода буд. Пеш аз ин ба се китобфурӯшии дигар сар зада ва китобро пурсида буд ва ҳоло бо ғурур «оташу хашм» (Fire and Fury)-ро дар даст дошт ва мегуфт, ки мехоҳад тамоми охири ҳафтаро сарфи хондани он кунад, менависад “Дойчевеле”.
Пурфурӯштарин китоби ин шабу рӯзи Амрико
Китоби «оташу хашм», ки дар нақди Трамп аст дар садри ҷадвали китобҳои пурфурӯши китобфурӯшии онлойнии «Амазон» қарор гирифтааст. Дар китобфурӯшиҳои Вашингтон ин китоб аз ҳамон субҳи ҷумъа ноёб шудааст. Телефонҳои китобфурӯшиҳо ҳар лаҳза дар ҳоли занг задан аст.
Ҳаяҷоне, ки барои хариди китоб ба чашм мехӯрд, ба гуфтаи баъзе касоне, ки дар китобфурӯшиҳо ҳастанд, барои аҳолии Вашингтон ғайритабиӣ нест. Дар ин шаҳри либерал сиёсат ҳамеша нақши бузурге ифо карда ва шумори хабарнигорон ҳам беш аз ҳадд мутавассити шаҳрҳои дигар будааст.
Аввалин харидорони китоб дар китобфурӯшии «Politics and porse» ва бештарини онҳо аҳли расонаҳо ҳастанд. Як хабарнигори Украинӣ дар ҳоли гузоришдиҳӣ аз ин китобфурӯшӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки Трамп дар Украина мисли ҳунарпешаҳои “Ҳоливуд” маъруф аст ва ҳар хабаре дар бораи ӯ, ба хусус агар ҷанҷолӣ бошад, барои мухотабон ҷолиб аст.
Пештар бахшҳое аз ин китоб мунташир шуда ва иштиёқи умумро барои хондани он барангехтааст. Аммо Трамп ва Кохи сафед аз Майкл Волф нависандаи китоб интиқод мекунанд ва мегӯянд, ки китобаш пур аз дурӯғ ва бар пояи манобеъи нодуруст навишта шудааст. Нависандаи китоб дар мусоҳиба бо фиристандаи телевизиони NBC бо танз аз Трамп ташаккур карда ва гуфтааст: «Трамп натанҳо ба ман кӯмак мекунад то китобамро бифурӯшам, балки дарунмояи ончиро навиштаам таъйид мекунад. Бисёр ғайриоддӣ аст, ки Раисҷумҳури Амрико талош кунад монеъи нашри китобе шавад.»
Достонҳое бо нерӯи инфиҷори сиёсӣ
Трамп натавонист монеъи интишори китоб шавад. Дар воқеъ қарор буд «оташу хашм» рӯзи сешанбеи оянда пахш шавад. Аммо ношири китоб тарҷеҳ дод онро зудтар пахш кунад. Яке дигар аз харидорони китоб мегӯяд бахшҳое, ки пештар аз ин китоб хонда бисёр ҳаяҷонангез буданд, барои ҳамин мехоҳад бидонад дигар чӣ чиз дар ин китоб ёфт мешавад. Ӯ умедвор аст достонҳое дарбораи бонуи аввал Мелениё дар ин китоб биёбад.
Дар ин китоб достонҳое бо қудрати инфиҷори сиёсӣ ёфт мешавад. Асли матлаби ин китоби 300 сафҳаӣ ин аст, ки Трамп дар “Кохи сафед” мисли як бача рафтор мекунад ва дар амал тавоноии раҳбарии як кишварро надорад. Стив Бенон, мушовири пешини Трамп, ба унвони навъе “валиаҳд” дар китоб тасвир шудааст. Инки паёмадҳои сиёсии вазъияти феълӣ чӣ хоҳад буд равшан нест. Ба назари яке аз харидорони китоб «ё ӯро ъазл хоҳанд кард ё худаш хаста хоҳад шуд ва канорагирӣ хоҳад кард».