Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо тасвиби як қарор амр кардааст, ки намои зоҳирии тамоми биноҳои пойтахт аз нав таъмир ва рангмолӣ карда шавад.
Бинои ба иттилои масъулини шаҳрдорӣ, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ амр кардааст, ки сокинону тоҷирони пойтахт намои берунии тамоми биноҳои маъмурӣ ва истиқоматии шафати кӯчаву хиёбонҳои асосии пойтахтро то охири соли 2018 пурра таъмиру азнавсозӣ кунанд.
Гуфта мешавад, бо супориши раиси шаҳри Душанбе соҳибкорони пойтахт ва соҳибмулкону масъулини идораҳои давлатӣ, ки биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии онҳо дар шафати роҳҳои протоколии пойтахт ҷой доштанд, дар соли 2017 таъмир ва аз нав рангмолӣ карданд.
Дар робита ба ин, масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, ки айни замон дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 20 ширкати сохтмонӣ ба ҳайси пудратчӣ дар раванди таъмир ва аз нав рангуборкунии биноҳои шафати роҳҳои протоколӣ ба қайд гирифта шуда, аксари онҳо корҳои ба зиммаашон гузошта шударо дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Айнӣ ва кӯчаи Аҳмади Дониш анҷом дода истодаанд.
Ин тасмим ва амри Рустами Эмомалӣ дар ҳоле мавриди иҷро қарор мегирад, ки рӯзгори аксари сокинони пойтахт, ба хусус мардуми миёнаҳоли он аз ҳисоби маъош ва фарзандони муҳоҷирашон мечархаду хеле аз соҳибкорони пойтахт низ дар ин чанд соли охир муфлис шуда, тарки тиҷорат кардаанд.