Дар парвандаи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, Доналд Трамп беш аз пеш дар конуни таваҷҷӯҳи додситони вижа қарор гирифтааст. Ба гузориши расонаҳои Амрикоӣ, додситон мехоҳад ба зудӣ Трампро пурсуҷӯ кунад.
Додситони вижаи таҳқиқ дар бораи иддаои дахолати Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ин иттилоъро ба вакилони дифоъи Доналд Трамп расондааст. Ин хабарро рӯзномаи Амрикоии «Вашингтон пост» бо истинод ба изҳороти яке аз атрофиёни Трамп мунташир кардааст. Бар ин асос, мумкин аст дар ҳафтаҳои пеши рӯ Роберт Мюлер шахсан раисҷумҳури ИМА-ро мавриди пурсиш қарор диҳад. Тибқи гузориши “Вашингтон пост”, шумораи саволҳо зиёд нахоҳад буд.
Давлатҳои Амрико ва Русия иддаои тавофуқҳои пинҳонӣ байни давлати Русия ва тими интихоботии Трампро дар ҷараёни рақобатҳои интихоботии 2016 рад мекунанд. Интихоботе, ки Трамп дар он пирӯз шуд ва ба “Кохи сафед” роҳ ёфт.
Вакилони Доналд Трамп ва мушовири ҳуқуқии Кохи сафед дар бораи ин хабар изҳори назар накардаанд. Сухангӯи додситони вижа ҳам аз изҳори назар худдорӣ кардааст.
Расонаҳои дигар гузориш додаанд, ки вакилони раисҷумҳур ва намояндагони додситони вижа аз моҳи декабри соли 2017 бо ҳам дар тамос ҳастанд. Дар ин муддат онҳо бар сари макон ва муддати мусоҳиба , ҷанбаҳои ҳуқуқии он ва роҳҳалҳои ҷойгузин аз қабили мусоҳиба аз тариқи нома гуфтугӯ кардаанд.
Иттиҳоме, ки Трампро раҳо намекунад
Парвандаи иртиботи эҳтимолии атрофиёни Доналд Трамп бо Русия дар ҷараёни муборизоти интихоботии 2016 пеш аз вуруди расмии ӯ ба “Кохи сафед” оғоз шуда буд. Яке аз пурсишҳои аслӣ ин аст, ки оё имкони боҷгирӣ аз ӯ ё атрофиёнаш вуҷуд дошта, ё рафтори ғайрқонунӣ аз Трамп ё атрофиёнаш сар задааст?
Дар рӯзҳои аввали ҳамин моҳ мудири ситоди интихоботии Трамп аз додситони вижаи парвандаи Русия интиқод кард ва ӯро муттаҳам кард, ки аз доираи ихтиёроти худ фаротар меравад. Ӯ хостори бархӯрд бо додситони вижа шудааст.