Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Оғози фурӯши биноҳои маъмурии “Тоҷиксодиротбонк”

$
0
0

“Тоҷиксодиротбонк” ба хотири баргардонидани пули мардум 23 сохтмони биноҳои маъмурияшро дар дохили Тоҷикистон ба фурӯш гузоштааст.

Бахши равобити умумии  “Тоҷиксодиротбонк” эълон кардааст, ки даҳҳо биноҳои маъмурияшро дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар мефурӯшад. Аксари биноҳои маъумрии ин бонк, ки ба фурӯш гузошта шудаанд, дар вилояти Хатлон мебошанд.

“Тоҷиксодиротбонк” дар охирҳои соли 2014 замоне, ки кишварро бӯҳрони молӣ фаро гирифт, мавқеъашро дар бозори молии Тоҷикитсон тадриҷан аз даст дод ва соли 2015 аз ҷониби Бонки Миллӣ муфлис эълон гардид.

Бонки Миллӣ дар нимаи дуюми соли 2015 бо таъсиси Комиссияи махсус хост ин бонкро аз варшикастагӣ бираҳонад ва ба ин хотир раҳбарияти онро бо шумули Тоҷиддин Пирзода (Пиров), раиси ин бонк муваққатан аз вазифа барканор кард. Вале дере нагузашта раҳбарияти пешини ин бонк бо шумули раиси он дар соли 2016 ба вазифаҳои худашон барқарор гардиданд, аммо натавонистанд бонкро наҷот бидиҳанд.

Дар соли 2017 Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” аз буҳрони молӣ ва муфлисшавӣ беш аз як миллиард сомонӣ кумак кард, аммо бо ин вуҷуд ҳамоно ин ду бонки замоне бонуфузи кишвар натавонистаанд, ки аз ин бунбасти молӣ раҳоӣ ёбанд.

Гуфта мешавад, қарзи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дар назди мардум беш аз миллиард долларро ташкил медиҳад. Масъулини ин бонкҳо дар баргардонидани пасандозҳои муштариёни худ маҳдудияҳои зиёдеро  эҷод карда, пулҳои онҳоро қисм-қисм (рӯзона ҳудуди 50 доллар) медиҳанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>