Тоҷири муҳоҷир ва шарики тиҷориву сиёсии Умаралӣ Қувватов — Шарофиддин Гадоев, ки беш аз панҷ сол аст дар ҳиҷрат ба сар мебарад, дар мусоҳибаи махсус бо «Паём» дар бораи шартҳои бизнес дар Тоҷикистон, офшори домоди раисҷумҳур ва нақшаҳои худаш барои оянда сӯҳбат кард.
-Дар кадом ҳолат шумо Тоҷикистонро тарк кардед? Ба назар мерасид Шумо бо оилаи раисҷумҳур муомилаи хуб доштед?
— Шароите, ки мо аз Тоҷикистон баромадем, шароити хеле вазнин буд, зеро дар он вақт ҳадаф ё нишони асосӣ ҳукумат Умаралӣ Қуватов буд. Чун тамоми тиҷорате, ки дар дасти ӯ буд гирфтанд, мо ҳам эҳсос кардем, ки метавонад ҳамин хатар болои мо ҳам ояд. Зеро пеш аз он, ки мо аз Тоҷикистон берун шавем, алакай мо дар дохили Тоҷикистон ба корҳои сиёсӣ машғул будем ва дар фикри тағйири низоми кунунии кишвар будем. Чун бо он низоме, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дошт, на тиҷорат карда мешуд, на пешравӣ ва на зиндагии мардум беҳтар мешуд. Мушкилот ва монеъагиҳое буданд, ки сади роҳи пешраф мегаштанд. Ба ҳамин хотир мо бо чанде аз равшанфикрон, тоҷирон ва сиёсатмадорон сӯҳбат кардем ва ба хулосаи расидем, ки бояд низомеро ки Раҳмонов барои худ ва хонаводааш сохтааст тағйир дод. Бо чунин низом дар кишвар зидаги кардан ғайри имкон аст.

Умаралӣ Қувватов
Баъди он ки Ҳукумат аз нақшаҳои мо огоҳ шуд, аввалин кореро, ки алайҳи мо анҷом дод ин ғасби ҳама моликияти Умаралӣ Қувватов ва нафарони атрофи ӯ буд. Ман бо умаралӣ Қувватов натанҳо ҳамкориҳои муштараки тиҷоратӣ, балки риштаи наздики хешу таборӣ доштем. Ҳамчунин дар номи ман як ширкат бо номи “Болтранс” буд ки бештар аз 110 мошини боркашонӣ дошт. Арзиши танҳо маконҳои сохтмонии ин ширкат 8 то 10 милион долларро ташкил медод. Вақте ки ин ҳама моликияти ману Умаралӣ Қуватовро гирифтанд, дар пайи куштани Умаралӣ Қуватов буданд, аз ҳамин сабаб мо дигар натавонистем ки дар дохили Тоҷикистон бимонем.
Ин чунин ба мо хабар расид, ки алайҳамон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва мақсад доранд ки моро барои солҳои тӯлонӣ паси панҷараҳои зиндон партоянд. Ба мо гуфтанд ё ба ихтитёри худатон дороиятонро дар номи наздикони раиси ҷумҳур мегузаронед, ё куштани Ленинро ба гардан мегиред. Хуллас таҳдидҳо хеле зиёд буданд. Маҳз ҳамин Фатоҳ Саидов дар вақти ғасб кардани ширкатҳои тиҷоратӣ нақши калидӣ бозидааст. Ӯ сабаб гашт, ки мо Тоҷикистонро тарк кардем ва фаъолияти худро дар Русия идома додем.
Бале мо бо хонаводаи Раисҷумҳур муомилаи худ доштем. Дар Тоҷикистон чунин низом вуҷуд дошт, ки агар аз дохили хонадони Раҳмонов як пуштибон надошта бошед, ҳеҷ гуна фаъолиятеро дар кишвар анҷом дода наметавонед. Аз хонадони Раҳмонов ҳар узви оила як бахше аз дорои ё бизнеси кишваро дар ихтиёр дорад, ки танҳо ӯ метавонад бо ин бахш сару кор дошта бошад. Барои мисол ,шуморо агар Таҳмина пуштибонӣ кунад, Ҷамолиддин наметавонад ба моликияти шумо дастдарозӣ кунад, ё агар пуштибони шумо дар тиҷорат Ҳасан Саъдуллоев бошад, Шамсуллоҳ наметавонад чизе аз шуморо бигирад. Ҳамин тавр шумо наметавонед аз дигар мақомот ҳимоят гиред, танҳо оилаи Раҳмонов қодир аст ,ки шуморо ҳимоят кунад.
Дар соли 2009 ҷанҷолҳои зиёде дар ҳамин маврид дохили хонаводаи раисҷумҳур рух дод. Рустам бо Таҳмина якҷоя шуда, бо Ҳасан Асадуллозода ба баҳс хестанд. Ин ҷанҷол боис шуд, ки худи Раҳмонов фарзандон, додарарӯс ва наздиконашонро даъват карда ҳамин системаро созад ва мавқеъи ҳар як аз узви хонаводаашро муайян кунад. Барои мисол, Шамсуло кореро, ки гирифт, Тахмина ҳақи дахолат ба кори ӯро надорад. Раисиҷумҳур ба наздиконаш дахолат ба бизнеси баъзе аз вазиронрое, ки дар кишвар мавқеъ хос доштанд ман кард.
Мо ҳам ба хотири ҳимоят аз дигар аъзои оилаи Раҳмонов, ин гуна ҳамкорӣ доштем. Вале ҳамин ҳомиён назди мо меомаданду мегуфтанд, ки ҳамин миқдор пул медиҳед. Мо маҷбур будем, ки бароварда диҳем, чун дигар чорае надоштем.
-Тиҷорат дар Оила чӣ гуна тақсим шудааст?
— Тибқи маълумоте, ки ман дорам, Шамсулло (шавҳари Рухшона) фурӯши маҳсулоти нафтӣ, муоинаи техникии мошинҳо, шаҳодатномаи ронандагӣ ва фурӯши шираи камолро монополия кардааст. Барои шираи камол байни ӯ ва бародари раисҷумҳур Нуриддин Раҳмонов баҳси калоне шуда буд. Солона аз фурӯши шираи камол, ки 400-500 тоннаро ташкил медиҳад, Шамсулло 25-30 миллион доллар фоида мегирад. Воридоти маҳсулоти нафтӣ танҳо бо иҷозаи ширктаи “Фароз”, ки ба Шамсулло таъаллуқ гирифтааст, имкон дорад. Мушкили Умед-88-ро ҳам Шамсулло эҷод кардааст.
Ҳамчунин Шамсулло дар коркарди кони ангишт, кони тилло (заводи тилло “Заринка” дар Ҳоит ба ӯ тааллуқ дорад) интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистон шарик аст. Ӯ аз рӯи сармоя дуввумин домод аст. Ҳар моҳ 2-,2,5 миллион ба ҳисобҳои офшориаш дар Латвияву Бритониё интиқол медиҳад. Мехоҳад интиқоли бор дар дохили кишварро ҳам монополия кунад.
Зоир (шавҳари Фирӯза) воридоти орд, шакар ва сигорро, ки аз аҷғонистон қочоқ мекунад монополия кардааст. Даромадаш аз қочоқи сигор 15 млн доллар солонаро ташкил медиҳад. Чанд бозори бузургро азхуд кардааст. Ширкати интиқоли бор дорад. Ғасби моликияти дигарон аз шуғли дӯстдоштааш аст. Аз рӯи сармоя саввумин домод аст.

Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин ва Озода молики ширкати IRS ҳастанд. Ҳамчунин Спитаменбонк ба онҳо тааллуқ дорад. Ба наздики як бонки дигар боз карданд бо номи Коммерсбонк. Ивази асъор ва интиқоли пул ҳам монополияи онҳост. Шиноснома ва виза ҳам тиҷорати ин оила аст. Ҳамчунин тамоми вазифаҳоро Озода мефурӯшад. Ҳатто таъини додрасҳо бо имзои раисҷумҳур сурат мегирад ва ин имзоро Озода ба савдо мезанад.
Ин ду сармоядортарин хонаводаи узви Оила ҳастанд, ки сармояашон аз як миллиард гузаштааст. Бо вуҷуди ин ки бизнеси зиёд ва пули ҳангуфт доранд, аз ғорат худдорӣ намекунанд. Масалан бозори Баракатро пеш аз он ки вайрон кунанд, Озода ба 5 миллион доллар фурӯхт ва як моҳ пас вайрон карданд.
Таҳмина ва шавҳараш Зариф ба сохтмон, воридоти гӯшти мурғ ва меваҳо машғуланд. Чанд мағозаи бузург ҳам доранд. Дар Русия ҳам Таҳмина 7-8 супермаркети бузург дорад. Яке аз тиҷоратҳои онҳо воридоти мошинҳои гаронбаҳо аст, ки маҷбуран бо нархи бу аробар ба вазоратҳо мефурӯшанд.
Ҳасан Асадуллозода бештари даромадашро (ҳудуди 120 миллион доллар солона) аз интиқоли маводи мухаддир ба даст меорад. Ҳамчунин ӯ ба қочоқи яроқ машғул аст, ки ҳудуди 15 миллион доллар даромад дорад. Бизнесҳои дигари ӯ ба ҳама маълум аст.
—Ғайр аз фурӯши маводи сӯхт Шумо дар Тоҷикистон боз ба чӣ кор машғул будед?
— Мо ба ҷуз фурӯши маводи сӯхт чуни бизнесҳоро доштем: ширкатҳои сохтмонӣ, ширкати истеҳсоли хишт, ширкати арматурбарорӣ, ширкати шағалмайдакунӣ, интиқоли маводи сӯхт ба Афғонистон ба нерӯҳои НАТО, ширкатҳои транспортӣ, истеҳсоли рақамҳо, ва хизматрасониҳои техникӣ.
— Ҳаҷми гардиши солонаи бизнеси Шумо чӣ қадар буд?
— Гардиши як солаи мо дар дохили Тоҷикистон аз 300 то 500 миллион долларро ва берун аз он аз 700 то 800 миллион долларро ташкил медод.
-Бо кадом шартҳо шумо дар Тоҷикистон кор мекардед ва чӣ қадар “ҳақи пуштибонӣ” медодед?
— Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур ба мо шарт гузошта буд, ки аз 30 то 50 дарсади даромади мо дар Тоҷикистон аз они ӯ аст. Ин пулҳоро мо ба ҳисоби офшории ӯ дар бонки Trasta Komercbanka-и Латвия, ки мутааллиқ ба ширкати бритонии Шамсулло Соҳибов Swedstone Trading LLP мефиристодем. Аз рӯи маълумоте, ки ман дорам Шамсулло Соҳибов 8 ширкати офшори дар Латвия ва 3-то дар ҷазоири Бритониё дорад.
— Аз Шумо дар Тоҷикистон ҷузъ Шамсулло каси дигаре пора мегирифт? Анбори пулҳои Оила дар Тоҷикистон аст ё ба дигар кишвар фиристода мешавад?
— Албатта мақомоти дигар ҳам ҳақ талаб мекарданд, вале пулҳои мегирифтаи онҳо дар муқоиса бо хостаҳои Шамсулло ночиз буданд.
— Нақшаҳои асосии стратегии Тоҷикистон аз киҳо вобастагӣ доранд?
— Нақшаҳои стратегии Тоҷикистон бар мегардад ба ҳамин ришвагирону ришвахӯрон, яъне хонадони раисҷумҳур. Барои мисол, вақте як ширкат аз хориҷ меояд дар кишвар шарт гузошта мешавд,ки бояд 20%-и даромадашро ба ҳисоби яке аз аъзои хонаводаи раисҷумҳур гузаронад. Агар ширкати сохтмонӣ бошад, аз ҳамон бинои сохтааш 7 хона медод.
Ҳама сохтмонҳои роҳҳо пора доданд. Сохтмони роҳи Панҷи поён то ба Қурғонтеппаро ду ё се ширкат анҷом додааст. Ҳамаи онҳо ба Ҳоҷӣ Амон аз ҳисоби даромадашон пора додаанд, ки 10% то 15%- ро ташкил мекард. Аз ҳамаи пораҳо раиси ҷумҳур як саҳми хоссе дорад. Он саҳм ба дасти Ҳасан Асадуллозода меравад, чун хазинадори раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода аст. Ҳама стратегияҳоро низ Ҳасан Садуллоев ҳал мекунад, ба хусус ГЭС-и Роғун. Ширкатҳое ки дар ГЭС-и Роғун кор мекунанд талуқ доранд ба Ҳасан Асадудллозода. Ширкатҳои хориҷӣ бошанд, ба Ҳоҷӣ Амон пора медоданд.

Ҳасан Асадуллозода
Илҳомкомандир яке аз хизматгорони хонадони раисҷумҳур буд, ки бо сабаҳои норӯшан 20 миллион долар қарздор шуд. Ӯро наздикони Раҳмонов қарздор карданд, ба хусус Ҳасан Саъдуллоев. Вақте дар Тоҷикистон завод сохт, заводи ӯро кашида гирифт ва натавонист қарзашро пардохт кунад ва баъдан зиндонаш карданд.
Алимардонов замоне як барнома дошт ва барои амалӣ кардани он 1-миллиард доллар аз бонк гирифта буд. Баъдан он пул ғайб зад. Дар асл онро байни худ тақсим карданд. Як қисматашро Алимардонов гирифт, як қисматашро додараруӯси президент Ҳасан Саъдуллозода ва як қисмати дигарашро ширкати фюучерӣ ва Нуриддин Раҳмонов. Нусрати Бетурсик ҳам дар ин гурӯҳ ҳамроҳ буд Ин чунин дар ин гурӯҳ Амиршо Миралиев ҳам саҳмдор буд. Ягона кори, ки бо ин пул карданд, ба 5 миллион завод сохтанд вале онро ҳам ҳуҷҷат карданд, ки ба 20 миллион доллар завод сохтем.
— Тоҷироне буданд, ки бо сабаби ғасб шудани тиҷораташон аз кишвар фирор карданд кам нестанд, вале онҳо дигар бе сару садо ғайб мезананд. Аммо тими шумо баъд аз ҳиҷрат дар ҳаракати сиёсӣ ҷамъ омад. Сабаб чӣ буд?
— Мо аз аввал дар фикри тағйири режим будем, хеле пештар аз он, ки тиҷоратамонро бигиранд. Тоҷироне, ки Тоҷикистонро тарк карда дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурдаанд ва хомӯширо ихтиёр кардаанд, ҳадафи инҳо танҳо тиҷорат буд, на чизи дигар. Аммо роҳи мо аз аввал муайян буд — тағйири режими Рамонов. Фарқ байни мо ва онҳо дар ҳамин аст.
— Бисёриҳо ба шумо эрод мегиранд, ки вақте дар дохили Тоҷикистон будед, ин ҳама ноадолатиҳоро аз ҷониби ҳукумат мушоҳида мекардед, аммо хомӯш будед, вале вақте ки ҳама моликиятатонро гирифтанд, он замон садо баланд кардед. Шумо дар ин бора чи гуфта метавонед?
— Агар ҳадафи мо сиёсӣ намебуд ба монанди дигар тоҷирон хомӯш мемондем ва ҳади ақал ҷонамон аз хатар эмин буд. Мисли мо ҳазорон нафар буданд ки тиҷораташонро аз даст доданд, вале на садо мебароранд ва на хабаре аз онҳо ҳаст. Онҳо аз моли худ гузаштанд вале мо дар ин роҳ аз мол, аз ҷон ва аз наздиконини хеш гузаштем. Умарали Қуватовро ҳам дар ҳамин роҳ куштанд ва ба мисли ин мисолҳо зиёданд. Ҳадафи мо сиёсӣ буд на чизи дигар ва танҳо барои ояндаи миллат.
— Ду сол қабл гурӯҳи шумо ба ду қисм тақсим шуд. Сабаб чӣ буд ва ҳоло вазъ чӣ гуна аст?
— Нафароне дар дар гурӯҳи 24 ҷамъ омада буданд бисёр ҷавон буданд, ман фикр мекунам он қадар таҷрибаи сиёсӣ надоштанд. Фикр мекунам онҳо ин иштибоҳи худро дарк мекунанд. Он бозиҳое, ки ҳукумат аз соли 1990 ба роҳ монда буд ва бо тақсим кардани гурӯҳҳои оппозитсионӣ манфиатҳои худро ҳифз мекард, дар ҳаминҷо ҳам ҳамингуна корҳо вуҷуд дорад. Шояд бо истифода аз бе таҷрибагии ҷавонон нафаре аз ҳукумат онҳоро дар муқобили якдигар шӯронид. Бо гузашти замон, фикр меукунам, инро дарк хоҳанд кард. Зеро барои сохтани як ҳукумати воқеъӣ ба ҳам омадани ҳамаи гурӯҳҳо ззарур аст. Бо мардум кор кардан кори сода нест, иттиҳоду ҳамбастагиро мехоҳад. Бинобар ин зарур аст ҳама гурӯҳҳо гирди ҳам оянд ва аз манфиъатҳои гурӯҳӣ канор бираванд ва дар фикри манфиъатҳои миллӣ ва фаромиллӣ бошанд.
Мо дар навбати худ, фаъолият карда истодаем, барномаи худро дорем. Мо ва нафароне, ки дар гирди мо ҳастанд, дар фикри як гурӯҳ нестем, ҳадафҳои мо фаротар аз як гурӯҳ аст, чун як гурӯҳ ба танҳоӣ дар Тоҷикистон коре карда наметавонад. Имрӯз ҳукумат бо нафарони худ, дар байни ин гурӯҳҳо кор карда истодааст ва тамоми имкониятҳоро барои пароканда кардани нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон истифода мебаранд. Гурӯҳи 24 ҳеҷ гоҳ пароканда нашудааст. Дар байн чанд мушкилӣ ҳаст, ки умед дорам ба наздикӣ ҳали худро пайдо мекунад.
— Соле қабл гуфта будед ки Мансуров Умар мехост бо 1 милилион доллар табаддулот кунад ва аз шумо пул гирифта буд. Метавонед муфасалтар дар ин масъала сӯҳбат кунед?
— Охирҳои соли 2011 додари Мансур Умаров бо гумони интиқоли маводи мухадир дастгир карда шуд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷинои боз карда буданд. Мансуров дар ҳамон замон бисёр аз ҳукумат хашмгин буд. Он сол масъалаҳо хеле печида буданд, чун Тоҷикистон ду халабони Русияро гаравгон гирифта буд ва тарафи Русия мехост дар ивази ин халабонҳои рус писари Ҳукумов — Рустамро, ки дар Русия бо иттиҳоми интиқоли маводи мухадир дастгир шуда буд, озод кунанд.
Дар ҳамон замон байни Тоҷикистону Русия нофаҳмӣ ба вуҷуд омада буд. Русия дар фикри тағйири низом дар Тоҷикистон шуд, вале мехост манфиъатҳои худро дар дохили кишвар ҳифз кунад. Дар дохили амният нафароне лозим буданд, ки гурӯҳ ташкил кунанду низомро тағйир диҳанд.

Мансур Умаров
Мансур Умаров, ки мо бо ӯ низ ҳамкорӣ доштем, хеши наздики Исмонов Садриддин буд. Исмонов Садриддин писархолаи Умарали Қуватов аст. Инҳо бо ҳам машварат карданд ва як рӯз Мансуров Умар ба идораи мо омад ва фаҳмидем ки бо мо ҳамфикр аст. Дар бораи шаробнушӣ, зинокориҳо ва беимонии Раҳмонов қиссаҳои зиёде кард ва худораҳматии Умаралӣ ба ӯ бовар кард. Мансуров гуфт, дар атрофи Раҳмонов одамҳои зиёде дорам, ки ниёз ба нигоҳубин доранд. Барои ҳамин ба пул ниёз дорам, ки дар ҳолатҳои лозима сухани маро гӯш кунанд. Мо 700 ҳазор доларро ба ӯ додем, аммо 300 ҳазор доллари дигарро гуфта будем, ки баъдан медиҳем. Баъд аз ин ӯ ба мо маълумотҳои зиёд аз дохили ҳукумат мерасонд. Ҳадафи мо ҳам аз ин кор ҳамин буд, ки ҳама якҷо мешаванду ин низомро тағир медиҳем. Бо ҳамин ҳадаф мо бо онҳо ҳамкорӣ мекардем. Мансуров Умар ҳам манфиъатдор буд, ки ҳамин режим тағйир ёбад.
— Оё шумо фикр намекунед, ки бо 1 миллион барои табаддулот пули ночизе аст?
— На, барои чӣ? Агар дар ин ҷо ниҳодҳое мисли Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиъа якҷоя шаванд, барои онҳо пули зиёде лозим нест. Агар инҳо хоҳиш дошта бошанд, дар як мӯҳлати кӯтоҳ Раҳмоновро иваз мекунанд. Раҳмонов ҳам аз ҳамин бисёр метарсад, чунки ин сохторҳо аз хостаҳои оилаи Раҳмонов бениҳоят хаста шудаанд. Вазирҳоро маҷбур мекунад, ки ҳар киро ин оила мехоҳад, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин кунанд. Ҳамаи сохторҳо дар зери дасти ҳамин хонавода қарор гирифтааст ва барои ҳамин дар байни низом нобоварӣ ва рақобатҳое вуҷуд дорад. Метавон бо пули хеле кам инқилоб кард.
— Шумо, ки беш аз панҷ сол мешавад дар Тоҷикистон ҳузур надоред онро алъон чӣ гуна тасаввур мекунед? Оё дар дохил дӯстоне доред, ки шуморо аз вазъи сиёсии кишвар огоҳ мекунанд?
— Албатта дар мудати бештар аз панҷуним соле, ки ман дар кишвар набудам, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон хеле тағйир кардааст. Вазъи иқтисодӣ чандин баробар бадтар шудааст. Баъд аз ба ҳабс кашидани Зайд Саидов, кушта шудани Умарали Қуватов, берун кардани ҲНИТ аз парлумон ва террористӣ эълон кардани он, вазъияти сиёсӣ ба куллӣ тағйир карда, рӯз аз рӯз баъдтар мешавад. Вазъи иҷтимоӣ бошад боз бажтар. Ҳамон нафақаи ночизи муайян гардида бисёр вақт ба нафақахӯрон дода намешавад, худи мардум дар як ҳолати фақр зиндагӣ мекунад. Солҳои қабл мардум рӯзгорашонро аз ҳисоби моҳоҷирини дар Русия буда мегузаронданд, имрӯзҳо вазъи муҳоҷирин ҳам дар Русия хуб нест. Имрӯз нисфи он маблағеро, ки солҳои пеш ба наздиконашон мефиристоданд дарёфт карда наметавонанд. Шоирон, нависандагон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва ҳама донишмандоне, ки пешбарандаи ҷомеъа буданд, маҷбур шудаанд Тоҷикистонро тарк кунанд. Ман Тоҷикистонро дар остонаи инфиҷоре тасаввур мекунам, ки имрӯз ё фардо ба вуқуъ хоҳад пайваст.
Бале дар дохили кишвар ман дӯстони зиёде дорам, ки вазъи ҳаррӯзаи кишварро ба мо мерасонанд, ҳатто аз хонаводаи раисҷумҳур.
— Шумо дар соли оянда чӣ нақшаҳо доред?
— Нақша ва орзуи ман дар соли оянда дар як меҳвар ҷамъ омадани гурӯҳҳои мухолиф мебошад, то сари як миз нишинему дар бораи ояндаи Тоҷикистон фикр кунем. Ба танҳоӣ ва ё як гурӯҳ наметавон ба ҷое расид.