Суолҳое, ки ҷавоб мехоҳанд
Чаро ҳеҷ кишвари исломие дорои низоми демократӣ нест? Чаро мусалмонон мухолифи демократия ва озодӣ ҳастанд? Чаро аксари кишварҳои исломӣ таҳти тасаллути шоҳон, шайхҳо ё диктаторҳои низомӣ ҳастанд? Оё Ислом бо демократия мухолиф аст? Оё Ислом озодиҳои шаҳрвандиро қабул дорад?
Ин суолҳое ҳастанд, ки ҷавоб мехоҳанд. Махсусан баъд аз оне, ки ҳаракатҳои исломӣ дар ҷаҳони Ислом сари қудрат омадаанд, ин баҳс ҷиддитар шудааст. Аз тарафи дигар фаъолияти ҳизби динӣ дар кишвари мо ҳам бархе пурсишҳоро дар ҷомеа матраҳ сохтааст. Пеш аз ҳама нигаронии аксарияти мардум аз низоми ҳукумат дар Ислом аст. Мардум мехоҳанд бидонанд, ки ҳукумати мавриди назари Ислом чи гуна ҳукумате хоҳад буд ва нигоҳи он ба озодӣ, арзишҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи зан ва дигар масоил чӣ гуна хоҳад буд.
Ин пайравон ҳастанд, ки динро демократӣ ё ғайридемократӣ мефаҳманд
Дар ин масъала суоли аз ҳама муҳим ин аст, ки оё Ислом масъули ин вазъияти мусалмонон аст? Аслан демократия ва дин бо ҳам чӣ робитае доранд?
Дар воқеъ аз нигоҳи бисёри донишмандон дин дар зоти худаш наметавонад демократӣ ё ғайридемократӣ бошад. Ҳар дине реша дар як сохтори иҷтимоӣ дорад ва пайравони дин ҳастанд, ки онро демократӣ ё ғайридемократӣ мефаҳманд.
Барои мисол, Ислом дар сарзамине нозил шуд, ки он сарзамин дорои як низоми давлатдории қавӣ набуд. Балки дар он ҷо қабоиле зиндагӣ мекарданд, ки душмани ҳамдигар буданду одатҳои баде дар миёнашон ривоҷ пайдо карда буд.
Замоне, ки Расули акрам (с) дар Мадина ҳукумати худро барпо намуд, ҳадафаш саодати мардум буд. Аввалин кори расули Худо дар Мадина сохтани масҷид ҳамчун макони ибодат ва иҷтимои мардум буд. Дуввумин кораш эҷоди ухувват ва бародарӣ дар миёни муҳоҷиру ансор. Ҳадафи паёмбар аз ин амал мубориза бо табъизи табақотӣ ва нажодӣ ва нишон додани каромати инсонӣ дар ҷомеа буд. Ҳамчунин, масҷид ҳамчун макони ҷамъомади нухбагон ва маркази машваратҳои муҳим дар он замон ба шумор мерафт. Пас масҷид ҳамчун макони идораи умур ва бастани ухувват ҳамчун намоди мубориза бо табъизи табақотӣ, нажодпарастӣ ва зулм буда, аз аввалин иқдомҳои Паёмбари Ислом (с) аст.
Анвоъи мухталифи ҳукуматҳо дар таърихи мусалмонон
Ба таври куллӣ Расули Акрам (с) бар асоси роҳнамоиҳои илоҳӣ ба ташкили давлат пардохт, аммо шаклу низоми давлатдории хосе аз ҷониби Худо ва Паёмбар ҳамчун намунаи собит барои мусалмонон ироа нагардидааст. Шаклҳои давлатдорӣ баъд аз Ӯ ва дар давраи Хулафои рошидин ва ҳатто дар замони хулафои аббосӣ ва умавӣ такомул ёфтанду намудҳои дигаре ба худ гирифтанд. Таҳмилӣ набудани шакли ҳукумат дар ривоятҳои исломӣ худ далели моҳияти демократик доштани таълимоти Ислом аст.
Дар воқеъ Ислом арзишҳоро барои инсонҳо мушаххас кардааст ва баъдан ташкили сохтор ва низомро бар ӯҳдаи худи онҳо вогузоштааст. Агарчӣ дар бархе маворид ба хотири аҳаммияти мавзӯъ ё амале дар бораи он ҳукмеро ҳам содир кардааст, вале боз ҳам унсури шароит ва замонро набояд аз назар дур кард.
Ба ҳамин далел дар ҷомеаҳои исломӣ имрӯз шоҳиди анвоъи гуногуни ҳукуматҳо ҳастем, ки ҳар кадом номи исломӣ доранд. Ҳамчунин дар таърихи Ислом ҳам анвоъи мухталифе аз ҳукумат вуҷуд доштааст. Барои мисол ҳукумати диктаторӣ ва шоҳаншоҳиро ҳам ҳукумати исломӣ меномиданд ва шоҳро сояи Худо дар замин хонда салоҳиятҳои номаҳдудеро ба ӯ ихтисос медоданд. Аз тарафи дигар бархеҳо номи ҳукумати исломиро ҳифз кардаанду дар он арзишҳои исломӣ қурбонии хостаҳои як гурӯҳи хос шудааст. Ба иборати дигар навъ ва шакли ҳукумат аз ҷониби Худо тасбитшуда нест, балки ин арзишҳои ҳукуматдорӣ ҳастанд, ки мушаххас ва собит шудаанд ва ҳеҷ кас наметавонад аз номи Худо дар замин ҳукумат намояд, зеро худо ҳеҷ касро намояндаи мустақими худ дар рӯи замин қарор надодааст.
Бино бар ин, баъд аз Расули акрам (с) муҳоҷирину ансор бо машварат байни ҳам Абубакри Сиддиқро (р) раҳбари худ интихоб карданду бо ӯ байъат намуданд. Зеро аз ҷониби Худо ва ё худи Паёмбар (с) касе ба хилофату раҳбарӣ таъйин нашуда буд ва агар чунин коре сурат мегирифт, тақаддусгароиву шахсиятпарастӣ ва диктаторӣ ҷои ирода ва хости мардумро мегирифту арзишҳои исломӣ ва каромати инсонӣ дар зери сояи диктаторҳои муқаддаснамо қарор мегирифт.
Агар ба шеваи интихоби Абубакри Сиддиқ ба унвони аввалин халифаи паёмбар аз нигоҳи таҳлилӣ назар кунем мебинем, ки дар сақифаи Бани Соида муҳоҷирин ва ансор бо ҳам ҷамъ шуданд ва ҳар гурӯҳ ба муаррифии шахсиятҳои худ пардохтанд. Муҳоҷирон мегуфтанд Абубакр (р) аз ёрони наздики паёмбар ва аз ҷумлаи аввалин мусалмонон аст. Ансор мегуфтанд мо аввалин касоне будем, ки Паёмбарро ҷо додем ва ӯро ёрӣ кардем. Ин ҳамаро ба иборати имрӯз метавон ба ҳамон маъракаи таблиғотии пешазинтихоботӣ ташбеҳ кард. Пас Худованд ва Паёмбар интихоби роҳбарро дониста ба дӯши мусалмонон вогузоштанд, то касе худашро сояи Худо дар замин набинад, агарчӣ баъдан баъзеҳо чунин иддаое ҳам карданд.
Арзишҳо муҳимманд ё шаклу номи давлат?
Шояд низоми демократӣ ва моҳияти демократики бархе аз арзишҳо имрӯз ба хотири он дар назари мусалмонон бад ҷилва мекунанд, ки аввал дар Ғарб ба самар расиданд. Оё беҳтар нест бигӯем, ки аксарияти арзишҳои демократӣ дар асл ҳамон арзишҳои исломӣ ҳастанд, мунтаҳо бо номи демократия дар Ғарб рушду пешрафтро ба армуғон оварданд? Дар ҳоле, ки дар ҷомеаҳои исломӣ тақаддусгароӣ ва шахспарастӣ ҷои арзишҳоро гирифта буду касоне аз номи Худо ҳукумат мекарданд, мусалмонон то рафт ақиб мезаданд. Аммо агар дуруст таҳлил шавад, мебинем то замоне, ки арзишҳои динӣ дар ҷомеаи исломӣ ҳоким буд, мусалмонон аз нигоҳи илмӣ ва иҷтимоӣ дар авҷи қудрат буданд.
Аз тарафи дигар аз онҷое, ки демократия дар Ғарб барои мубориза бо инҳисорталабӣ ва қудратталабии калисо ва Масеҳият арзи вуҷуд карда буд ва Масеҳиятро шикаст дод, ба унвони як низоми зидди динӣ шинохта мешуд.
Бо рушди улуми мухталиф дар ҷомеаҳои исломӣ ва бозгашт ба асли хеш дар ҷаҳони Ислом, таъкид бар муштаракот байни арзишҳои исломӣ ва арзишҳои демократӣ ин ду низомро аз ҳолати душманӣ ва ҷанг ба ҳолати таомул ва ҳамкорӣ расонд. Аммо таомул ва ҳамкории Ислом ва демократия дар чорчӯби эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои ҳамдигар метавонад идома пайдо кунад. Дар ғайри ин сурат бархе арзишҳои демократия, ки дар Ислом зидди арзиш шинохта мешаванд, болотар аз ҳар чизе қарор мегиранду ин фазои ҳамкориро боз ҳам ба суи мубориза ва душманӣ пеш мебаранд.
Ба ибораи дигар, мусалмнон метавонанд аз демократия ҳамчун як шеваи ҳукумат кардан истифода намоянд ва ҳадафи аслии динашон, яъне саодати инсонро пайгирӣ намоянд.
Агар демократияро озодӣ (озодии баён, матбуот, ақида, таҷаммуот…), интихоботи озод, қонунмеҳварӣ ё волоияти қонун, ҷудоии ҳокимияти қонунгузор, иҷроя ва судӣ аз ҳам ва мушорикати мардумӣ дар назар бигирем, пас таълимоти исломӣ натанҳо бо он мухолиф нест, балки тарафдор ва мубаллиғи он аст.
Танҳо бояд нигаришҳо ба ин падида бознигарӣ шаванд. Яъне мусалмонон рисолати худро на дар мубориза бо демократия ва Ғарб, балки тибқи арзишҳои исломӣ дар расидан ба адолати иҷтимоӣ ва саодати инсон таъриф кунанд.
Бобоҷон Қаюмзод