Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ато Муҳаммад Нур: тавофуқ нашавад зарбулаҷал таъйин мекунем

$
0
0

Ато Муҳаммад Нур мегӯяд дар сурате, ки тафоҳум сурат нагирад, онон дар чанд рӯзи оянда ба ҳукумат зарбулаҷал таъйин хоҳанд кард.

Ато Муҳаммад Нур, волии барканоршудаи Балх ва раиси иҷроии Ҷамъияти исломии Афғонистон, дар нишасте дар вилояти Балх гуфт дар сурате, ки гуфтугӯҳо миёни ҳукумат ва ҷамъият ба натиҷаи матлуб нарасанд, қиёми сар то сарӣ барпо хоҳад кард.

Аммо ӯ таъкид мекунад, ки тарафдори гуфтугӯ ва ҳал шудани танишҳои сиёсӣ аз роҳи музокира аст.

Танишҳо миёни раёсатҷумҳурӣ ва Ато Муҳаммад Нур як моҳ пеш замоне авҷ гирифтанд, ки раисҷумҳур Ашраф  Ғанӣ оқои Нурро аз симаташ ба унвони волии Балх барканор кард.

Ӯ гуфт: «то замоне, ки сарони ҳукумат дар паи ҳазфи дигарон буда бошанд, дар паи таъмин кардани адолати иҷтимоӣ ва адолати сиёсӣ набошанд, то замоне, ки инҳо дар паи нафратпароканӣ ва ифтиро халқ кардан дар миёни ақвом буда бошанд ва то замоне, ки инҳо мудирияташон дар таъмини амнияти кишвар заиф буда бошад, ҳеҷ чизеро мо тасмим гирифта наметавонем, ки ба хайр буда бошад. Магар ин, ки як қиёми сар то сариро билохира маҷбур шавем, ки роҳ биандозем то девори хасм ва хашм ва чеҳраҳои заиф ва нокоми козибро дар ҳам бикӯбем.»

Ҳукумат ва Ҷамъият то кунун ҳафт давр гуфтугӯҳоро баргузор кардаанд. Гузоришҳо мерасонанд, ки акнун Ҷамъият дар интизори посух ба хостҳои ин ҳизб аз ҳукумат аст.

Хоста‎ҳои муҳимми Ҷамъияти исломӣ аз ҳукумат татбиқи комили мувофиқатномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ, тағйири низом, таъдили қонуни асосӣ, тавзеъи шиносномаҳои барқӣ, эҷоди комиссия назорат бар таъдили қонуни асосӣ ва татбиқи мувофиқатномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳастанд.

Оқои Нур дар нишастҳои рӯзонааш, ки аз як моҳ ба ин сӯ бо мардум баргузор мекунад, аз ҳукумат ба сахтӣ интиқод кард ва гуфт, ки дар таъмини амният, ҷилавгирӣ аз нуфузи Доъиш ва решакан сохтани фасоди идорӣ ноком будааст.

Ӯ гуфт: «мо мехоҳем, ки чеҳраҳои козиб парда аз рӯяшон берун шавад, киҳо ҳастанд, ки бо мошинҳои сиёҳ Доъишро икмол мекунанд, интиҳорӣ меоваранд ва заминаи инфиҷорро мусоид месозанд?»

Оқои Нур гуфт, ки ӯ дар паи адолати сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони Афғонистон аст.

 Ӯ дар вокуниш ба гуфтаҳое дар бораи мавқеъгириаш гуфт, ки ӯ як маъмури оддии ҳукумат не, балки намояндаи тӯдаи бузурге аз мардум, аз як эътилоф ва ҷараёни сиёсии бузург аст.

Оқои Нур афзуд, ки ҳеҷ чизе ба ҷуз тафоҳуми мантиқӣ ӯро қонеъ сохта наметавонад.

Ӯ изҳор дошт: «агар тафоҳум сурат нагирифт, мо бо тафоҳуми раиссоҳиби Ҷамъият чанд рӯз баъд зарбулаҷал таъйин мекунем. Ин равишро тағйир медиҳем.»


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>