Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Туркия вориди ҷанги бузургтаре дар Сурия хоҳад шуд?

$
0
0

Чанд рӯз қабл мақомоти Туркия бо истинод ба  сарҳанг Раян Делон, сухангӯи эътилофи зиддидоъишӣ ба раҳбарии Амрико дар Сурия гуфтанд, ин эътилоф  дар ҳоли тадорук барои ташкили нерӯи низомии ҷадиди 30-ҳазорнафара бо номи «Нерӯи амнияти марзии Сурия» аст. Гуфта мешавад ниме аз аъзои ин нерӯҳоро шибҳинизомиёни «Нерӯҳои демократики Сурия», шохаи низомии ПКК ташкил медиҳанд.

Раян Делон дар сӯҳбат бо хабаргузории расмии Туркия “Анадолу” гуфтааст «таркиби қавмии Нерӯи амнияти марзии Сурия бо таваҷҷӯҳ ба маҳалли маъмурияти аъзои он тағйир хоҳад кард. Дар бахши шимоли ин кишвар бештар шибҳинизомиёни курд ва дар дараи дарёии Фурот дар имтидоди марзи Сурия бо Ироқ низ ағлаб арабҳо мустақар хоҳанд шуд.»

Ду рӯз пас аз ин эътирофи Делон, Туркия эълон кард, эҳтимол дорад артиши ин кишвар вориди Ифрин “барои маҳвсозии гурӯҳи террористии ПКК дар лонааш” шавад.

Гурӯҳ ПКК/ПЙД, ки Туркия онро чун террористӣ мешиносад, бо ишғоли бахши азиме аз хоки Сурия дар марз Туркия, ба таҳдид амниятии бузурге барои ин кишвар табдил шудааст.

Мустақар шудани ин гурӯҳ дар Ифрин ҳамчунин таҳдиде барои шаҳрҳои марзии Туркия, минтақаи амалиёти “Сипар Фурот” ва тибқи иддаои мақомоти турк, коҳиши таниш дар Идлиби Сурия аст.

Ҳузури ин гурӯҳ дар Ифрин ҳаракати он ба самти баҳри Миёназаминро осон мекунад. Ифрин шимол ғарби Сурия ва яке аз шаҳристонҳои бузурги устони Ҳалаб аст. Ифрин бо шаҳрҳои Хатой ва Килиси Туркия ҳаммарз аст ва ба кӯҳҳои Омонуси Хатой роҳ дорад. Ин шаҳр аз оғози ҷунбиши мардумии Сурия дар сол 2011 то оғози ҷанг дар ин кишвар, мақари асосии гурӯҳ ПКК/ПЙД буд.

Туркҳо мегӯянд ҳузури ин гурӯҳ дар Ифрин бо ҳимоятҳои токтикии режими Башор Асад ва кӯмакҳои Амрико дар шарқи рӯдхонаи Фурот ба мурури замон тақвият шуд. ПКК/ПЙД, ки бо ҳимояти низомии Амрико ҳар рӯз бузургтар мешавад ва 65 дарсади хоки Сурия дар марзи Туркияро ишғол кардааст, боиси нигаронии туркҳо аз амнияти шаҳрҳои марзиашон шудааст. Кӯҳҳои Ифрин ба унвони идомаи кӯҳҳои Омонус дар Хатойи Туркия, садди дифоъи табиии он маҳсуб мешавад. Баландии ҷуғрофиёӣ Ифрин, ба ПКК/ПЙД иҷоза медиҳад, то бахши бузурге аз устони Килис ва бахше аз Хатой дар тирраси оташи онҳо қарор гирад.

Минтақаи пайвастшавии риштаи кӯҳҳои Ифрин ва Омонус дар Хатой бо масирҳои пурфарозунишеб шоҳиди нуфузи курдҳои ПКК аст. Туркия мегӯяд гурӯҳи ПКК/ПЙД аз манотиқи мазкур шибҳинизомӣ, силоҳ ва муҳиммот ба шӯъбааш дар Туркия ирсол мекунад.

Тибқи иттилои расонаҳои туркӣ, Амрико аз апрели 2016 бад-ин сӯ силоҳҳо ва таҷҳизоте ҳамчун ракетандозҳои дурбурд, дастгоҳи партоби мушак, хумпораҳои 80 ва 120, норинҷакандози MK19, силоҳ инфиродии M4 Cabrine ва M16, мушаки зиддитонкии TOB BGM-71, худрави низомии Humwee, нафарбари зиреҳии Cougar, пaҳбод ва ҳамчунин мушаки зиддитонкии FGM-148 дар ихтиёри ПКК/ПЙД гузоштааст. ПКК/ПЙД пас аз табдил ба шарики Амрико шуданаш дар мубориза бо ДОИШ сарзаминҳои васеъеро дар Сурия ба ишғоли худ даровардааст.

Ба гуфтаи туркҳо, дар ҷараёнb ин пешравӣ, расидан ба дарёи Медитарона (баҳри Миёназамин) табдил ба ҳадафи аслии ин гурӯҳ барои кӯмак гирифтани мустақим аз давлатҳои хориҷӣ ва пешбурди пружаи таъсиси давлати мустақил шудааст.

Туркия бо анҷоми амалиёти “Сипари Фурот” нисбатан иртиботи заминии байни манотиқи таҳти ишғоли гурӯҳи ПКК/ПЙД дар шарқ ва ғарби Сурияро қатъ кард. Аммо ,ба гуфтаи туркҳо, ин гурӯҳ дар сояи равобити чандҷонибаи худ бо режими Асад ва бо истифода аз заминҳои таҳти контроли ин режим дар марз бо Ироқ, ба Ифрин дастрасӣ пайдо мекунад.

Таҳдид барои амалиёти “Сипари Фурот”

Ифрин дар гӯшаи ғарбии минтақаи амалиёти “Сипари Фурот”, ки тавассути нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ва мушорикати Артиши озоди Сурия анҷом шуд, қарор дорад. ПКК/ПЙД пеш аз анҷоми амалиёти “Сипари Фурот” аз сӯи Туркия, талош кард аз Ифрин ба самти манотиқи соҳили Медитарона пешравӣ кунад.

Ин гурӯҳ моҳи июни 2015 бо ҳимояти ҳавоии Амрико тавонист Талобизро ба ишғоли худ дароварад. Туркҳо мегӯянд ин гурӯҳ сиёсати поксозии қавмиро дар ин минтақа ба иҷро гузошт ва бо анҷоми ҳамалоте ба рустоҳои туркман ва арабнишин, онҳоро маҷбур ба муҳоҷират кард. Аносири хориҷшуда аз Ифрин минтақаи таҳти контроли арабҳо ва мухолифон дар Тал Рифъат ва Ҳавмаро ба ишғоли худ дароварданд.

Мухолифони сурӣ ба ин назаранд, ки дар сурати ақибравии артиши Туркия аз мавозеъи худ дар минтақа, гурӯҳи ПКК/ПЙД бо пешравӣ аз Ифрин, ҳавзаи амалиёти “Сипари Фурот”-ро ба ишғоли худ дар хоҳад овард.

Таҳдид барои минтақаи коҳиши таниши Идлиб

Туркҳо мегӯянд Идлиб барои ПКК/ПЙД, ки хостори пешравӣ аз Ифрин ба сӯи дарёи Медитарона ҳастанд, ҳукми девори монеъ дар ҷанубро дорад ва дар сурате, ки раванди сулҳ дар Идлиб аз контрол хориҷ шуда ва фурӯпошии оташбас сурат гирад, ПКК/ПЙД  фурсати пешравӣ дар ин хатро муҷаддадан арзёбӣ хоҳад кард.

Бинобар ин Туркия мӯътақид аст, дар сурати амалиёти эҳтимолиаш дар Ифрин, амният ва корбурди пойгоҳҳои назорат аз сулҳ ва таниши даргирӣ дар Идлиб тазмин хоҳад шуд.

Яке дигар аз аҳдофи амалиёт эҳтимолии худ дар Ифринро Туркия фароҳам овардани имкони бозгашти ғайринизомёне, ки аз шаҳристони ишғолии Тал Рифъат ва Ҳавмаи он гурехтаанд, ба хонаҳояшон унвон мекунад. Дар давраи ишғоли Тал Рифъат аз сӯи ПКК/ПЙД ҳудуди 50 ҳазор араб ва туркман ба шаҳристони Эъзоз дар марзи Туркия паноҳ бурдаанд.

Туркҳо ба ин назаранд, ки Амрико бо ташкили артиш таҳти унвони «Нерӯи амнияти марзӣ» расман эълом кард ҳадафаш муҳофизат аз заминҳои ишғолии ПКК/ПЙД аст. Дар сурати муваффақияти ин нақша ва таваққуфи тамоми даргириҳо дар саросари Сурия, ПКК/ПЙД бо ҳузури мусаллаҳонаи қавитар муддаии саҳми бузурге аз давлати ҷадид хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, ду рӯз пас аз сарусадои амалиёти эҳтимолии низомии Туркия дар Ифрин,  Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико дар робита бо ахбори марбут ба ташкил нерӯи марзӣ дар Сурия изҳор дошт: «ин вазъият комилан иштибоҳ матраҳ шуда ва бархе аз афрод низ иштибоҳ сӯҳбат кардаанд. Ҳеҷ нерӯи амнияти марзӣ ташкил нахоҳем дод»


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>