Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Барзу Абдураззоқов. Гавҳаре, ки дар ватанаш қадр нашуд

$
0
0

Барзу Абдуразақов, ҳунарманд, нависанда ва дроматурги шинохтаи тоҷик, 19-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Ин ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон дар оилаи ҳунармандони маъруфи театр ва синамои кишварамон Ҳабибулло Абдуразоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст.

Барзу мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хондааст. Ӯ аз замони мактабхонӣ ба касбу ҳунари волидонаш дар саҳнаҳои театр ва кино дилбаста буд.

Барзу баъд аз хатми мактаб аз соли 1976 то соли 1980 дар факултаи коргардонии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил кардааст.

Сипас аз соли 1980 то 1987 таҳсилоташро дар факултаи коргардонии Донишкадаи ҳунарҳои театрии шаҳри Маскав (ГИТИС) дар Русия идома медиҳад.  

Барзу Абдуразақов кори ҳунариашро расман дар Тоҷикистон аз Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд оғоз кард, сипас корашро дар «Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский” дар шаҳри Душанбе идома додааст. Инчунин ӯ хеле аз намоишномаҳои ҳунарияшро дар дигар театрҳои ҷумҳурӣ низ ба саҳна гузоштааст.

Барзу баъд аз солҳои 2005-2007, ки он замон оғози як марҳилаи ҷадид дар бедории фарҳангии тоҷик дар замони истиқлолияти давлатӣ дониста мешуд, баъд аз 4 маротиба ба саҳна гузоштани намоишномаҳои ҳунариаш “Отелла”, ки дар хориҷ аз кишвар ҷоизаҳои мухталиферо касб кард, дар чашми мақомоти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти таҳаввулотхоҳ шинохта шуд ва аз он замон ба баъд пайваста мақомот талош мекарданд, ки бо ҳар баҳонае садди роҳи ӯ бишаванд.

Соли 2008 намоишномаҳои “Чор дарвеш” ва “Иқрор”-и ӯро ҳам мақомоти тоҷик таҳаммул карда натавонистанд. Онҳо гуфтанд Барзу бо ин асарҳои ҳунариаш дар Тоҷикистон инқилоб кардан мехоҳад, бинобар ин ба вай иҷозат надоданд, ки корашро бидуни сонсур идома диҳад.

Дар соли 2008 намоишномаи “Девонагӣ. Соли 93”-ро низ аз рӯи асари «Таъқиб ва қатли Жон Пол Марат»-и дромновиси олмонӣ Питер Улрих Вайс ва «Соли 93» аз рӯи асари Виктор Ҳугу, шоъир ва дромнависи фаронсавӣ, ки ҳаводиси инқилоби Фаронса дар қарни 18-ро  налқ мекунад, таҳия кард. Як ду маротиба барои намуна онро дар саҳна таҷруба кард ва хост дар соли 2009 ба саҳна гузорад, аммо мисли солҳои гузашта мақомот ба ӯ ин иҷозатро надоданд. Шоҳрӯх Асрорӣ, вазири фаҳанги он замон ӯро маҷбур кард, ки баъзе саҳнаҳои онро тағйир диҳад. Коре, ки Барзу ба осонӣ ба он тан надод.

Пеш аз он ҳам ба гуфтаи худи Барзу мақомоти Тоҷикистон ӯро бо таҳияи чунин намоишномаҳояш инқилобгар хитоб мекарданд. Барзу ҳам ин қавли онҳоро таъйид мекард, ва мегуфт, мехоҳад дар ҷомеа инқилоби зеҳнӣ ва фикрӣ анҷом диҳад. Зеро вай муътақид аст, ки ҳар инсоне дар замин як рисолат дорад ва бояд онро анҷом диҳад. Рисолати худашро анҷоми корҳои фарҳангӣ ва иқилоби зеҳнӣ дар байни мардум медонист, то тавонад дар ҳаёти мардум таҳаввулотеро ба вуҷуд биорад, ки тавонанд зиндагии беҳтаре дошта бошанд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дар умум мақомоти кишвар ин андешаҳои Барзуро дарк ва ҳазм карда натавонистанд. Ин буд, ки соли 2009 таҳаммули онҳо аз Барзу ба поён расиду тамоми дарҳои театрҳои Тоҷикистонро яке паси дигар ба рӯяш бастанд. Мақомоти вазорати фарҳанг баъдтар гуфтанд, ки бо ӯ мушкиле надоранд, вале имтиёз ҳам дода наметавонанд. Баъд аз он Барзу як муддат рӯзноманигорӣ ҳам кард. Сӯҳбатҳо ва андешаҳои ӯро ҳар душанбе ва панҷшанбе мардум дар рӯзномаи “ИмрӯзNews” бо завқу ҳавас мутолеа мекарданд.

Барзуро Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар театрҳои ҷумҳурӣ ба кор таъмин накард, ба ӯ иҷозат ҳам надод, ки намоишномаҳояшро ба саҳна бигузорад. Аммо Вазорати фаҳанги Қирғистон ин гавҳари ноёбро дар ҷавҳараш шинохт ва расман аз ӯ хост, ки рафта корашро дар театрҳои Бишкек идома диҳад ва дар бедории мардуми он кишвар ва тарбияи наслҳои ҷавони он саҳм бигирад.

Вай маҷбур шуд соли 2009 Душанберо ба қасди Бишкек тарк кунад. Аз ҳамон сол ба ин сӯ дар театрҳои Қирғизистону Қазоқистон кор мекунад ва ҳамзамон ҳар гоҳе намоишномаҳояшро дар кишварҳои мухталиф ба ғайр аз Тоҷикистон ба намоиш мегузорад, ки аз ҷониби бинандаҳо бо ҷоизаву кафкӯбиҳои зиёд истиқбол мешаванд.

Барзу пешрафти ҳар ҷомеаро дар баланд будани сатҳи огоҳии мардумонаш медонад ва муътақид аст, ки ҷомеаи бадахлоқ ва мардуми камтарбияро бояд бо усулҳои мухталиф, аз ҷумла шарм додан тарбият кард. Вай мегӯяд, намоишномаҳои ҳунариро тавре бояд омода ва ба саҳна гузошт, ки тамошобин ва ҳунарманд дар вақти ба саҳна гузоштани намоиш дар дохили ҳамдигар ҳазм шаванд ва бо дидани корҳо ва рафторҳои ғайриахлоқиашон аз худашон шарм карда, якдигарро тарбият кунанд…

Барзу Абдуразоқов то кунун наздик ба 60 намоишномаҳои мухталифро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Русия, Беллорус, Олмон ва Фаронса ба саҳна гузошта, соҳиби даҳҳо ҷоизаҳои ватанӣ, минтақавӣ ва байнулмилалӣ шудааст.

Аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ва мехоҳад ҳаммилатонаш таҳсилкарда, доништалабу ҷаҳондида дорои ғурури миллӣ бошанд, то тавонанд дар ҳар кишвар бо сари баланд зиндагӣ ва кору фаъолият кунанд.

Оиладор, соҳиби ду писару як духтар бо номҳои Беҳрӯз, Каюмарс ва Ҳанно мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>