Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муфтӣ ва нақши ҳизбҳои динӣ (посух ба иддаои Абдуқодирзода)

$
0
0

Ҳадафи аслии муфтии Точикистон ва раиси Шӯрои уламои кишвар дар матлабаш “Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ”, ки агентии иттилоотии “Ховар” бо панҷ забон (ва бори аввал дар таърихи “”Ховар” бо забоне ӯзбекӣ) чоп кард, ба назар мерасад нишон гирифтани мухолифони ҳукумат дар хориҷи Тоҷикистон аст.

Кӯшидем ба бархе аз иддаҳои Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин навишта посух гӯем:

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст.”

— Агар ҷанобашон таърих ва аҳволи он кишварҳои гуфтаашонро жарфтар мутолеа мекарданд, дарк мекарданд, ки қудрат дар он кишварҳо асосан дар қабзаи дасти як гурӯҳ дингурезони манфиатхоҳе аст, аксари онҳо фурӯхта шудаанд ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ сари қудрат омадаанд. Низоми ҳукуматдорӣ дар он кишварҳо низоми диктотурӣ-худкомагӣ аст. Дар чунин ҳукуматҳо ба ҷои мардумсолорӣ будани низомҳои ҳукмрон гурӯҳбозӣ, хешутаборбозӣ ва фасоди ахлоқиву идорӣ ҳукмрон аст, айнан мисли Тоҷикистон. Агар ҳукуматҳо бихоҳанд барои рифоҳи мардум ва пешрафти кишварҳояшон корҳои мондагоре анҷом бидиҳанд, ҳизбҳои динӣ ба ҳеч ваҷҳ наметавонанд пеш роҳи онҳоро бигиранд. Зеро ин ҳизбҳои сиёсии мазҳабӣ чун қудрат надоранд, амалан наметавонанд монеъи пешрафт ва ё пасрафти кишварҳои худ бигарданд. Биноан, ин бинишатон ҳам дар нисбати шинохти онҳо ғалат аст. Барои мисол дар Олмон расман чанд ҳизби динӣ на танҳо вуҷуд доранд, балки дар парлумон ҳам ҳузур доранд ва ин кишвар пешрафтатарин ва сарватмандтарин дар Аврупо, балки ҷаҳон аст. Ҳизбҳои динӣ барои пешравии он монеъа нашуданд.

“Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.”

Дар Тоҷикистони мо се ҳизб бо номи демократӣ амал мекунанд, чун қудрат дар қабзаи яке аз онҳост, ду ҳизби дигараш ҳамеша дар ҳошия қарор доранд. Дар давлати дунявӣ президент ва раиси яке аз ҳизбҳои демократӣ Эмомалӣ Раҳмон раҳбари Ҳизби демократро ба иттиҳомоти сохта дастгир ва ба муддати 23 сол ба зиндон фиристод. Раиси Ҳизби сотсиал-демократ, собиқ мушовираш ҷаноби Раҳматилло Зоировро пайваста мавриди озору азият ва шиканҷаҳои равонӣ қарор дода, амалан аз саҳнаи сиёсат дур кардааст. Коре, ки ягон ҳизби исломӣ бо ҳамсафонашон дар он кишварҳо накардааст.

“Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.”

Ҳоло, инсофан бигӯед, ки кадом интихобот дар кишварҳои дорои низоми диктаторӣ барои мисол Тоҷикистон бетақаллуб, бидуни қонуншиканӣ ва ғорати орои мардум гузаштааст? Ҳамсафони шумо дар Тоҷикистон ва ҳамфикронатон дар кишварҳои номбаркарда омодаанд барои мондан дар сари қудрат қитъаҳои замину ҷазираҳояшонро фурӯшанд, мардумро таллаву тороҷ кунанд, вале аз қудрат канор нараванд. Ёдатон ҳаст, соати 4-и саҳар ҳукумат дар моҳи мубораки разамон ба Хоруғ ҳамла кард? Ё ҳамтоёнатон дар Миср барои ҳифзи қудрат дар як рӯз наздик ба 7 ҳазор дигарнандешонро ба хоку хун кашиданд?

«Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд.”

Бале, наҳзати исломӣ 40 сол дар саҳнаи сиёсӣ амал кард, ҳатто ҳангоме ки Тоҷикистон дорои низомӣ бехудоӣ буд. Ҷавонони наҳзати исломӣ бо дарки масъулияти миллӣ ва шаръӣ ва хостаҳои мардуми мусалмон ба мардум гуфтанд, ки мо мехоҳем озодиҳои мазҳабии шуморо аз истилогарони бехудо баргардонем. Аз оғози ба майдон омадан нахзати исломи даъвои истиқлолият кард, коре ки шумо ва ҳамсафонатон дар ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон мухолифаш будед.

“Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳоро кушод. Охирин шонси наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.”  

Инсофан Шумо, дар кадом вақт дар интихоботҳо дар сафи мардум ва дар паҳлӯи миллат будед, ки дидед, Ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботҳо раъй гирифта натавонистааст? Аслан дар Тоҷикистон кадом интихоботро дидед, ки ҳукумат тақаллуб накарда бошад? Наҳзати исломӣ дар замони қудратманд буданаш боре дар фикри хиёнат ба аҳду паёмонаш набуд, вақте заъиф шуду амалан дасти холӣ дошт, табаддулот кард? Инро бояд бигӯем, ҳамон нақшаи тарсими табаддулоти гуфтаатон ҳам дар хориҷ не, балки дар долонҳои ҳукумат аз қабл кашида шуда буд ва ба хотири ҳифзи қудрат ин бор ҳам хиёнат ва хунрезӣ кардед!

“Воқеият ин аст, ки ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад, комилан озод аст, ки озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд.”

Аммо на дар Тоҷикистон, зеро бо он амру фармонҳо ва супоришҳои гуфтаатон, “тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни танзим ворид шуд”, бар иловаи манъ рафтани ҷавонони то 18-сола ба масоҷид, сади роҳи таълимоти динӣ шудану бастани мардрасаҳои мазҳабӣ, рафтани то 40-солаҳоро низ ба зиёрати Хонаи Худо мамнӯъ кардед. Пиронсолоне, ки қасди сафари Хонаи Худо мекунанд, аввал аз чанд тараф ғораташон карда, баъд иҷозатошон медиҳед, ки ба Ҳаҷ бираванд. Хоҳарону модарони ин миллатро бар илова маҳрум кардан аз таълимоти динӣ, рафтан ба масоҷид барои адои намозҳои бо ҷамоат, инак маҷбурӣ ва дар малаи ом ба зӯрӣ бесатр кардед. Риши мардонро тарошидеду онҳоро аз ҳуқуқҳои фитрии худашон маҳрум кардед. Қуръономӯзиро дар ҷомеа ҷиноят ва қуръономӯзонро ҷинояткорони хатарнок муаррифӣ кардед ва муаллимони онҳоро яке паси дигар ба зиндон бадарға кардед. Хулоса, динро ба мардум афюн муаррифӣ кардеду мардумро аз дин гурезондед ва оқибат дар бадахлоқ шудани ҷомеа сар аз худатон саҳми калон гузоштед…

“Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад.”

Дар боло гуфтед, ки ин ҳизб беш аз 40 сол дар Тоҷикистон амал кард ва ҳоло мегӯед, ки аз ибтидо мардум онро намепазируфтанд?  Ва ин “напазируфтан”-и мардум замоне маълум шуд, ки ҲНИТ бо эътирофи коршиносони дохиливу хориҷӣ дар ду интихоботи ахири парлумонӣ баранда шуд?

“Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад» (Анфол; 46).

300 дарсад ин фикру далелҳоятонро қабул дорем, вале ба таъбири қуръонӣ худатон “ чаро он чӣ мегӯед, амал намекунед?” Аз гуфтахоятон дар амри маъруф оиди шиамазхабу суннимазхаб, намояндагони уламо, хизбу харакатхо бар меояд, ки шумо аз номи дин дар сафуфи мусалмонон ихтилоф ва фитнаандозӣ мекунед, на ин иттиходи мардумро мехохед.

“Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст.”

Рост! Пас ба гувоҳи оятҳои зикр шуда, ва мафҳуми дигар оятҳо, ки дар сураҳои Тавба, Каҳф ва Муҷодала зикр шудаанд, дар айни замон таъсис ҳизби исломӣ ҳаром не, балки ин кор барои мусалмонон дар ҷомеъаҳои кунунӣ як воҷиби шаръӣ мебошад. Ин ба мусалмонон имкон медихад ки аз тариқи ин ташаккулҳои сиёсӣ ҳарфи худашонро ба ҳукуматҳо бирасонанд ва ҳаққу ҳуқуқҳояшонро аз онҳо талаб кунанд.

Нуруллоҳ Соҳибов

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>